Алангаи оташ 8 фоизи ҳудуди шаҳри Офунаторо ба хокистар табдил доданд. Аз минтақаҳое, ки хатари сӯхтор таҳдид мекунад, беш аз 1,2 ҳазор нафар эвакуатсия шудаанд.
Сӯхторҳои ҷангал, ки дар префектураи Иватэ, воқеъ дар шимолу шарқи Ҷопон оғоз ёфтаанд, аллакай шаш рӯз идома доранд. Тавре ки NHK хабар медиҳад, аланга то кунун 8 фоизи ҳудуди шаҳри Офунаторо ба хокистар табдил додааст.
Тибқи иттилои мақомот, танҳо аз субҳи 3 март боз 500 гектар ҷангал сӯхтааст ва то соати 06:00-и 4 март, майдони умумии фаро гирифтаи шӯълаҳо ба 2,6 ҳазор гектар расидааст.
Айни ҳол барои хомӯш кардани сӯхтор тақрибан 2 ҳазор оташнишон ҷалб шудаанд ва чархболҳои Неруҳои мудофиавӣ аз ҳаво об пошида истодаанд.
Маъмурияти префектура хабар дод, ки сӯхтор ба ноҳияи Санрикутё Рёри низ паҳн шудааст. Ҳамчунин тасдиқ шудааст, ки дар ҷангалҳои наздики Акасакитё Нагасаки, воқеъ дар шимолу шарқи халиҷи Офунато, дуд мушоҳида шудааст.
Мақомоти шаҳр ба сокинони минтақаҳои Санрикутё ва Акасакитё фармони эвакуатсия додаанд. То соати 07:00-и 4 март, 1215 нафар аз 12 иншоот кӯчонида шудаанд.
Тибқи пешгӯиҳо, аз нисфи шаби 5 март то субҳи барвақт барф меборад ва он баъд аз нисфирӯзӣ ба борон табдил меёбад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки сӯхтор, ки 26 феврал оғоз ёфта буд, боиси марги як нафар ва ба хокистар табдил додани беш аз 80 хона шудааст.