Донишҷӯе, ки ба номи дигарон аккаунт кушода, аз шиносҳояшон пул рӯёндааст, боздошт шуд

Дар шаҳри Ҷиззах донишҷӯе аз як муассисаи таҳсилоти олии маҳаллӣ ба фиребкорӣ муттаҳам шудааст.

Тибқи иттилои Раёсати корҳои дохилии вилоят, ин шахс, ки сокини ноҳияи Шароф Рашидов мебошад, моҳи декабри соли 2024 бо номи шиносаш, ки донишҷӯи дигари ҳамон муассисаи таълимӣ аз ноҳияи Ғаллаорол буд, дар Telegram аккаунт кушодааст. Бо истифода аз ин ҳисоб, ӯ аз шиноси дигари худ, ки донишҷӯ ва сокини ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарё мебошад, 600 ҳазор сӯм ҳамчун қарз талаб кардааст.

Пулро ба корти бонкии шахси дигар гузаронида, барои эҳтиёҷоти шахсии худ истифода бурдааст.

Пас аз ду рӯз, ин шахс бо номи як сокини дигари маҳаллаи Янгиҳаёт аккаунт кушода, ҳамдеҳаашро ба додани пули нақд розӣ мекунад.

Бо баҳонаи пардохти шартномаи таҳсил, ӯ аз кортҳои ин шахс 1,5 миллион сӯмро ба корте, ки ба номи шахси дигар сабт шудааст, интиқол додааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: