Дар Навоӣ хонандаи синфи 8 фарзанддор шуд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо дар бораи фарзанддор шудани хонандаи синфи 8 дар вилояти Навоӣ паҳн шуда, баҳсҳои зиёдро миёни ҷомеа ба вуҷуд оварданд.

Тибқи маълумоти Раёсати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят, ин ҳолат дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ №15-и ноҳияи Кармана ба қайд гирифта шудааст.

Айни ҳол, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқоти худро дар бораи ин воқеа оғоз кардаанд.

Гуфта мешавад, масъулони Раёсати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят ҳамчунин даъвоҳоро дар бораи он, ки баъзе омӯзгорон ба хонандаи ба дарс наомада баҳо гузоштаанд, баррасӣ менамоянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: