Президенти Ӯзбекистон имкониятҳои густариши ҳамкориҳои амалӣ бо Гурҷистонро қайд кард

  • Президенти Ӯзбекистон имкониятҳои густариши ҳамкориҳои амалӣ бо Гурҷистонро қайд кард
  • Президенти Ӯзбекистон имкониятҳои густариши ҳамкориҳои амалӣ бо Гурҷистонро қайд кард
  • Президенти Ӯзбекистон имкониятҳои густариши ҳамкориҳои амалӣ бо Гурҷистонро қайд кард
  • Президенти Ӯзбекистон имкониятҳои густариши ҳамкориҳои амалӣ бо Гурҷистонро қайд кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 март ҳайати Гурҷистонро таҳти роҳбарии Сарвазир Ираклий Кобахидзе, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози вохӯрӣ меҳмони воломақом салому паёми самимӣ ва таманниёти беҳтарини Президенти Гурҷистон Михаил Кавелашвилиро ба Сарвари давлати мо расонд.

Дар мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёту логистика, сайёҳӣ ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо қаноатмандии махсус фаъол гардидани робитаҳо дар сатҳи парлумонҳо ва ҳукуматҳо зикр гардид. Соли 2024 ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол 50 фоиз афзоиш ёфта, шумораи корхонаҳои муштарак ва ҳаҷми боркашонӣ зиёд шуданд. Байни пойтахтҳои ду кишвар парвозҳои мустақим анҷом дода мешаванд. Дар кишвари мо бо иштироки сармоягузорони Гурҷистон бонки рақамӣ фаъолият мекунад. Дар ченаки гуманитарӣ соли гузашта дар шаҳри Тбилисӣ Рӯзҳои фарҳанг ва кинои ӯзбек бомуваффақият баргузор гардиданд.

Зимни суҳбат натиҷаҳои самараноки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, ки дар ин рӯзҳо дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, баланд арзёбӣ гардиданд.

Зарурати андешидани чораҳои ҳамоҳангшуда барои нигоҳ доштани динамикаи гардиши мол, таъмини мувозинати содироту воридот, пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидори нақлиётиву транзитӣ ва инчунин ҷалби фаъолонаи минтақаҳои ҳарду кишвар ба ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид гардид.

Ба густариши шарикӣ ва мубодилаҳо дар самти рақамисозӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Дар бораи ҳамкориҳои зич дар сатҳи ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Гурҷистон ба мақсади татбиқи амалии созишномаҳои бадастомада тавофуқ ҳосил шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: