Тӯли се рӯз дар маҷмааи байналхалқии «SOF EXPO Samarkand», ки воқеъ дар ноҳияи Ҷомбой аст, намоишгоҳи байналхалқии корхонаҳои истеҳсолии ватаниву хориҷӣ дар соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар он беш аз сад ширкату корхонаҳои истеҳсолкунандаи асбобу анҷомҳои зарурии хоҷагии қишлоқ ширкат варзиданд.
Дар чорабинии пуршукӯҳи байналхалқӣ байни истеҳсолкунандагон ва соҳибкорону фермерҳо шартномаҳои хариду фурӯш баста шуд.
– Техникаи пуриқтидор – ба деҳқон мададгор, – гуфт ҷонишини ҳокими ноҳияи Самарқанд Қурбон Алиев. – Чанде пеш аз тамоми вилоятҳои кишварамон мутахассисони соҳаи хоҷагии қишлоқ ба ноҳияи мо омада, бо корҳои фоидабахши кишоварзон шинос гардиданд. Бояд таъкид намуд, ки барои ҳосили дилхоҳ ва фаровон гирифтан аз техника босамар истифода бурдан аҳамияти калон дорад. Барои ҳамин мо дар намоишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд ширкат варзида, чандин дастгоҳи заруриро харидем.
Баҳодури Зоҳир.
Вилояти Самарқанд.