БО ДАРХОСТИ ИДОМАИ СИЁСАТИ СОЗАНДА

Якшанбеи гузашта, яъне 2 март дар Тоҷикистони дӯст ва ҳамсоя рӯзи интихоботи ҳамагонӣ ба мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва олӣ – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ буд.

Дар ҷумҳурии беш аз даҳ миллионнафара дар ҳавзаҳои умумиҷумҳурӣ ва якмандата барои номзадҳои шаш ҳизби сиёсӣ овоз доданд, ки панҷтои он ба аъзогии парлумон сазовор гардид. 
Гуфта мешавад, ки ҳизби ҳокими Халқӣ-демократӣ бо дарёфти 51,9 фоиз (12 мандат) ғолиби интихобот гардид. Айни ин манзара дар солҳои охир тағйир намеёбад, зеро аз солҳои охири 90-ум ин ҳизб бо сарпарастии роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ташаббускор ва пиёдакунандаи ғояву лоиҳаҳои созанда ва бунёдкунандаи ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва ба ин далел бебадал дар интихоботҳои дараҷаҳои гуногуни маҳаллӣ ва парлумонӣ пирӯз мегардад. Аз ин муваффақиятҳо лоиҳаву тарҳҳои Даҳсолаи рушди саноатиро ном бурдан мумкин аст, ки саҳмаш дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ торафт меафзояд.
Эҳтимол меравад, ки маҳз аз ҷонибдорони ислоҳот будани Ҳизби аграрӣ бо 21 фоизи овозҳо муваффақияти онро бо сазовор гардидан ба мақоми дуюм таъмин намудааст. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ низ, аз номаш бармеояд, ки ислоҳотхоҳ аст ва ба нафъи он 12,7 фоизи овози интихобкунандагон дода шуд.
Дар қатори онҳо ҳизбҳои сотсиалистӣ (5,3 %) ва демократӣ (5,1 %) низ остонаи иҷозатшудаи панҷфоизаро пушти сар намуда, шомили парлумон гардиданд. То андозае ба ин муваффақ нагардидани Ҳизби коммунистиро ғайричашмдошт номидан мумкин, зеро ин ҳизби қадимитарини ҷумҳурӣ ба таври ҳамешагӣ дар Маҷлиси Олӣ соҳиби фраксияи худ буд, ки акнун бо 1,9 фоиз наметавонад ба он умед бандад.
Нозирони байналхалқӣ, ки онҳо ҳудуди 200 нафар аз Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмону давлатҳо буданд, ишора мекунанд, ки интихобот бо сафарбарии иродаву хости мардум бо кайфияти ҷашниву озод баргузор гардид. Бинобар маълумоти раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, беш аз 4,7 млн. нафар соҳиби овоз, ки 85,3 фоизи тамоми рӯйхатро ташкил менамояд, ба сари қуттиҳо дар 3,5 ҳазор қитъа ҳозир шуданд, то ки ояндаи худро бо иродатмандӣ интихоб кунанд.
Қуттиҳои интихоботӣ дар 28 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Тошканд низ гузошта шуда буд, то ки тоҷикистониҳо омада овоз диҳанд.
– Дар айни ҳол мо 1,5 ҳазор нафарро ба рӯйхат гирифтаем, ки онҳо аз аҳли тиҷорату донишҷӯён ва курсантҳои донишомӯзе, ки дар даргоҳҳои омӯзишии гуногуни Ӯзбекистон таҳсил менамоянд, – мегӯяд сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода. – Барои онҳо тамоми шароити ногузирро фароҳам сохтем, то ки маълумоти зарурро дар ҳамин ҷо дарёфт намоянд ва овоз диҳанд. Барои ошноӣ бо ҷараёни интихобот ҳатто дар намояндагӣ аз идораи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташриф намуд.
Натиҷаҳои интихобот боз аз он далолат менамояд, ки Тоҷикистон роҳу самти ҳам ислоҳоту тараққиёт ва ҳам вусъатбахшии равобити ҳасанаву некҳамсоягиро бо ҳамсоякишварҳо, хусусан Ӯзбекистон, бемайлон идома медиҳад ва рӯйи он таҳкурсии мустаҳкам қасри зебои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳумро эъмор мекунад.
– Ин интихобот боз аз он лиҳоз барои Тоҷикистон муҳим аст, ки мудавомии сиёсати ҷорӣ ва ояндасозро таъмин менамояд ва ба ин васила ҷумҳурӣ ҳадафҳои барои оянда муқаррарнамудаи худро бо осудагӣ ва бидуни таҳаввулоти барангезанда пиёда месозад, ки ман ҳам маҳз бо ин орзу ва омол омадам овоз диҳам, – мегӯяд адиб ва муҳаққиқ Абдуллои Раҳнамо, ки имрӯзҳо бо мақсади таҳияи китоби ҷашнӣ ба шарафи 100-солагии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Навоӣ дар Тошканд бо ҳуҷҷатҳои архив кор мебарад.
Тоҷибой Икромов,
шореҳи сиёсии «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: