Ширкати ҳавопаймоии «Wizzair» хизматрасониро бо забони ӯзбекӣ дар парвозҳо ба Ӯзбекистон таъмин хоҳад кард

Ширкати ҳавопаймоии «Wizzair» аз соли 2025 ҳузури роҳбаладон ва кормандони хизматрасониро, ки забони ӯзбекӣ медонанд, дар ҳар як ҳавопаймое, ки ба Ӯзбекистон парвоз анҷом медиҳад, таъмин хоҳад кард.

Кумитаи рушди рақобат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муроҷиати Р. Кушербоевро баррасӣ намуд, ки аз хизматрасонии ширкати ҳавопаймоии «Wizzair» дар хатсайри Самарқанд – Абу-Даби истифода бурдааст. Дар ҷараёни парвоз маълумот дар бораи қоидаҳои бехатарӣ танҳо бо забони хориҷӣ пешниҳод шуда, ки фаҳмиши онро мушкил гардонидааст.

Дар натиҷаи таҳқиқот, Кумита ба Вазорати нақлиёт дархост ирсол кард. Бар асоси он нисбат ба кормандони ширкати ҳавопаймоие, ки амалҳои ғайриқонуниро анҷом дода буданд, чораҳои дахлдор андешида шуданд.

Илова бар ин, барои ҳайати экипажҳо тренингҳо оид ба таъмини амнияти парвозҳо, фарҳанги муошират, донистани қонунҳо ва тартиботи авиатсионӣ дар ҳар кишвар, инчунин эҳтиром ба мусофирон ташкил карда шуданд.

Ҳамчунин, ширкат уҳдадор шуд, ки аз соли 2025 ҳузури роҳбаладон ва кормандони хизматрасониро, ки забони ӯзбекӣ медонанд, дар ҳар як ҳавопаймое, ки ба Ӯзбекистон парвоз анҷом медиҳад, таъмин намояд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: