ПУРСИШНОМАИ «ОРИЁН» АНҶОМ ЁФТ

Дар пурсишномаи гурӯҳи «ОРИЁН» зери унвони «Кадоме аз кӯҳдеҳаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон беҳтарин аст?» деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон бо 2906 овоз ҷойи якумро гирифт.

Кайҳо боз зери унвони «Кадоме аз кӯҳдеҳаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон беҳтарин аст?» пурсишнома идома дошт. Пурсишро гурӯҳи «ОРИЁН» бо роҳбарии Дилрабо Назарова бо мақсади муайян кардани беҳтарин деҳаи тоҷикнишин ва таҳияи барнома доир ба он муташаккилона гузаронд.

Дар он аҳли даҳ деҳа иштирок карданд. Баҳсу кӯшишҳо барои овоздиҳӣ бо мароқу хурӯш идома ёфта, пурсиш ҷамъбаст шуд. Деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон бо 2906 овоз ҷойи якумро гирифт. Ҷойи дуюм бо 2618 овоз насиби деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё гардид. Деҳаҳои Боғистони ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ва Ғелони ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё бошанд, нисбат ба дигар деҳаҳои иштироккарда бештар овоз гирифтанд.          

Ш. МИРЗОЕВ.                    

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: