Дар Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ аз ҷониби Бюрои иҷрои ҳатмии назди Прокуратураи генералӣ дар мавзӯи “Корҳое, ки дар муддати сипаришуда дар соҳаи иҷро амалӣ гардиданд, навиди соҳа ва масъалаҳои рақамисозӣ” нишасти матбуотӣ доир гардид.
Муовини якуми директори бюро Ш.Ҳайдаров, кормандони Дастгоҳи марказии бюро ва садорати он дар шаҳри Тошканд, вакилони васоити ахбори умум ва блогерон иштирокдорони чорабинӣ буданд.
Дар оғоз зикр гашт, ки аз тарафи мақомоти бюро тавассути иҷрои қарорҳо бобати таъмини ҳуқуқу озодӣ, қадру қимат ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, инчунин, афзунсозии боварии соҳибкорон ба суди одилона чорабиниҳо амалӣ мегарданд.
Дар натиҷаи чунин чораҳо дар муддати сипаришудаи соли ҷорӣ ҷамъ 3,6 триллион сӯм ситонида шуд, ки ин нисбат ба даври мутаносиби соли гузашта 460 миллиард сӯм зиёд аст.
Инчунин, аз рӯйи ҳуҷҷатҳои иҷрои молики аҳамияти иҷтимоӣ корҳои бонизом амалӣ гардида, барои “Дафтари оҳанин”, “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон”, ки бо мақсади дастгирии шаҳрвандони ниёзманд роҳандозӣ шудааст, 122,6 миллиард сӯм ҷудо карда шуд.
Ҷамъ 179 миллиард сӯм алименти ноболиғон ҷамъоварӣ гардида, беш аз 1800 нафар алиментдиҳандагон бо кор таъмин ва пардохти алимент ба музди меҳнати онҳо вобаста карда шуд. Аз ҳисоби “Фонди пардохти алимент” барои 218 нафар ситонанда 918,1 миллион сӯм маблағ пардохта шд.
Ғайр аз ин, дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ қариб 1200 оила аз нав созиш карда, ҳаёти якҷояро ба роҳ монданд.
– Аз тарафи мақомоти бюро бо мақсади рақамисозии раванди иҷро низ чорабиниҳо амалӣ мегарданд, – гуфт Ш.Ҳайдаров. – Аз ҷумла, низоми огоҳ кардани қарздорон дар бораи оғози кори иҷро ва истифодаи маҳдудиятҳо такмил ёфта, беш аз 9,9 миллион хабарномаи СМС фиристода шуд. Дар натиҷаи огоҳсозии саривақтӣ дар бораи қарздорӣ қариб 71 ҳазор нафар дар муддати муқаррарӣ қарзи худро пардохтанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 53,7 дарсад зиёд аст.
Дар нишасти матбуотӣ роҳбарон ва кормандони масъули бюро ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ҷавоб доданд.
Хидмати матбуоти Бюрои иҷрои ҳатмии назди Прокуратураи генералӣ.