ТАРБИЯИ БАД, ДИҲАД ҒАМУ ДАРД

Таҳти чунин унвон дар мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунобод бахшида ба 542-солагии Заҳириддин Муҳаммад Бобур чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ, таълими олӣ ва дигар масканҳои маънавиву маърифатӣ бахшида ба 542-солагии Заҳириддин Муҳаммад Бобур чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Дар мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунобод низ бахшида ба ин сана бо хонандагон ва падару модарони онҳо таҳти номи «Тарбияи бад, диҳад ғаму дард» тадбир барпо гардид.

Аз ҳаёт ва фаъолияти шоҳ Бобур хонандагон намоишҳои саҳнавӣ гузоштанд. Осори Бобур барои насли наврас пур аз панду насиҳат ва сабақи зиндагӣ мебошад.

Қайд гардид, ки Шоҳ Бобур, бо вуҷуди машаққатҳои зиёди давлатдорӣ, тохту тозу ҷангҳо ва зиндагиро бо ғами дигарон гузарондан оиди тарбияи фарзандон низ андеша мекард ва дар ин бобат ғамхорӣ зоҳир менамуд ва машғул шудан ба тарбияи онҳоро вазифаи муҳим медонист. Номаҳое, ки ба фарзандонаш навиштааст, пур аз насиҳат ва роҳнамоӣ буданд. Бо фарзандон ҳамеша бо воситаи мактуб робита дошт, гоҳе насиҳат ва гоҳе сарзанишро дареғ намедошт.

Хусусан, ҳар як ҷумлаи мактубе, ки ба писараш Ҳумоюн навиштааст, диққати хонандаро ба худ ҷалб менамояд. Дар ибтидои нома чунин сатрҳо навишта шудаанд: 

Шукр, бермиш санга ҳақ фарзанде,

Санга фарзанду манга дилбанде...

Ин нома он замон навишта шуда буд, ки Ҳумоюн соҳиби писар ва Бобур наберадор шуда буд. 

«Худованд чунин шодиро ба ту ва ба ман ҳамеша насиб гардонад. Номи ӯро Алъамон гузоштаӣ. Худованд номашро муборак гардонад ва умри дароз диҳад. Умедворам, ки Алъамон солҳои зиёд умр ба сар бурда, саодатманд гардад». 

Бобур, ки хислати писарашро хуб медонист, ба ӯ чунин насиҳат кард: «Аз ту камтар гила ҳам дорам. Ду-се сол боз ягон одамат ҳам намеояд. Одами ман фиристода ҳам баъди як сол баргашт. Ин корат хуб не. Баробар ин дар мактубҳоят аз танҳоӣ шикоят кардаӣ. Барои подшоҳ чунин сатрҳо шармандагист. Охир гуфтаанд:

Агар пой банди ризо пеш гир,

Ва гар яксуворӣ сари хеш гир...

Боз як чизро таъкид менамоям, ки хатҳоятро баъди навишта шудан боз як бор хонда намебароӣ, чунки дар ҷумлаҳоят хатоҳо бисёр. Мактубҳоятро бо душворӣ мехонам. Ҳарфҳоро ҷим-ҷимадор навиштан мехоҳӣ, дар натиҷа нофаҳмо мебароянд. Дар оянда бетакаллуф, равшан ва аниқ навис, худат ва хонандаро ҳам ба ташвиш намон».

Инчунин ӯ дар мактуб таъкид менамояд, ки подшоҳӣ ва манманиву худпарастӣ бо ҳам созгор нестанд. «Насиҳати ман ба ту ин аст, ки худро аз ҷангу хусумат дур намо ва бо халқ якҷоя бошу некӣ бикун. Ба рафтори мардум бодиққат назар кун ва ҳар вақте ки машварате пешниҳод шуд, онро қабул намуда, бо ҳамкорӣ бо инсонҳои хайрхоҳ иҷро намо. Хилватгузиниро бас кун, аз одамҳо дур шуданро фаромӯш кун...» 

Силсилаи мактубҳои Бобур ба фарзандон аз маънавияти волои ӯ дар таълиму тарбияи фарзанд дарак медиҳад.

Зулайхо Бурҳонова, омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: