Ибтидои солҳои ҳаштодуми қарни сипаришуда як гурӯҳ ҷавононе, ки баъди хатми муассисаҳои таълими олӣ ба Сӯх баргашта, дар дабистонҳои таълими умумӣ ба фаъолияти педагогӣ оғоз намуданд, чун гули сари сабади ҷомеа иззату эътибори хосса доштанд.
Ибтидои солҳои ҳаштодуми қарни сипаришуда ба як гурӯҳ ҷавононе, ки баъди хатми муассисаҳои таълими олӣ ба Сӯх баргашта, дар дабистонҳои таълими умумӣ ба фаъолияти педагогӣ оғоз намуданд, устодони соҳа Саврор Эрназаров, Ойимхон Муқаддамхонова, Ҳамробой Гадойбоев, Абдураҳим Абдусаломов, Додоюнус Мӯйдинов, Ботурхон Ақрабов, Камолиддин Азизов, Назирҷон Қосимов, Раҳматҷон Нисоев ва даҳҳо зиёиёни дигар ҳарҷониба намуна буданд. Аъзамҷон Муталиев, Ӯринбой Раҳимов, Гадойбой Назарқулов, Орифҷон Мустафоев, Баҳодурҷон Обидҷонов, Салоҳиддин Завҳаров, Субҳиддин Шарофиддинов, Шарофиддин Маткаримов барин машъалафрӯзони таълими халқ чун гули сари сабади ҷомеа иззату эътибори хосса доштанд. Чанд нафар аз зикршудагон, хушбахтона, ҳанӯз ҳаётанд ва бо вуҷуди он ки солхӯрдаанд, ҳаёти худро бе мактаб ва мактабиён тасаввур карда наметавонанд. Яке аз равшанзамирон дар воҳа омӯзгори собиқадор Камолиддин Азизов аст, ки дар оғози фасли дилангези баҳор синни мубораки 70-ро пур намуд.
Вай дар деҳаи Чоркӯчаи шӯрои деҳоти Сӯх дар оилаи хидматчӣ ба дунё омад.
Падараш Муъминҷон Азизов иштирокчии Ҷанги дувуми ҷаҳон, баъди аз фронт баргаштан солҳои зиёд дар соҳаи савдо кор кардааст. Модараш Рафоатапаро аҳли Сӯх чун диловари саҳро мешинохт. Камолиддин дар дабистони таълими умумии ба номи Карл Маркс (ҳоло рақами 7-ум) таҳсил намуд.
Дар таълиму тарбия ва ташаккули ҷаҳонбиниаш Ҳомидҷон Тешабоев, Неъматҷон Муталиев, Маҳмудҷон Ботиров, Мусоҷон Ҳусейнов, Ғоибҷон Ҷӯраев (равонашон шод бод) нақши мондагор гузоштанд. Айни замон ӯ Маҳмудҷон Аврорҷонов, Додоюнус Мӯйдинов ва Мирзо Назарқуловро низ, ки дар мактаб аз забон ва адабиёти тоҷик дарс додаанд, устоди гиромӣ мешуморад. Камолиддин дар имтиҳони хатмкунӣ дар мавзӯи озоди «Шахсе, ки бароям ибрати бузург аст» муҳаббати ба модар ва устод доштаашро ба коғаз рехт, вале бинобар тасодуфан роҳ додани ба ду хатои орфографӣ аз гирифтани медали тилло маҳрум гашт. Бо вуҷуди ин ҳамон сол ба Донишкадаи давлатии педагогии Херсон дохил шуд. Муассисаи таълими олии зикршударо соли 1977 бо дипломи сурх хатм намуд ва ба зодгоҳ баргашт.
Дар дабистоне, ки таҳсил карда буд, ба толибони илм аз фанҳои забон ва адабиёти рус дарс дод. Чун муаллими ҷавони гӯянда аз сафи пешқадамон ҷой гирифт. Шогирдҳои сазовор баровард. Баробари муаллимӣ рӯзноманигорӣ мекард. Навиштаҳояш дар мавзӯъҳои муҳим дар саҳифаҳои матбуот («Ҳаёти нав», «Риштон ҳақиқати», «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва ғайра) ба табъ мерасиданд. Навиштаҳояш бо се забон эътибори рӯзномахонҳоро ба худ мекашид. Мавзӯъҳоеро ба қалам медод, ки масъалаҳои дардноки иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маъмуриро ба дӯш доранд.
Сӯх чун хоҷагии давлатӣ дар таркиби ноҳияи Риштон қарор дошт. Сокинонро лозим меомад барои гирифтани як маълумотнома ба маркази ноҳия рафта, рӯзи худро бегоҳ кунанд. Ҳаёт тақозо мекард Сӯх ноҳияи алоҳида шавад. К. Азизов ҳамроҳ бо А. Муталиев, З. Қодиров, Р. Нисоев ва Ҳ. Хӯҷамов ба Шӯрои Олии РСС Ӯзбекистон бо дархости таъсиси ноҳияи мустақил муроҷиатнома таҳия сохтанд. Мирзоҷон Хӯҷамов, Баҳриддин Шодиев, Ҳаётҷон Мамаҷонов, Султонбой Ҷиянов барин абармардони маҳаллӣ ҷиҳати ба идораҳои болоӣ расондани муроҷиатнома аз наздик кӯмак расонданд. 27 феврали соли 1990 ноҳияи Сӯх ташкил гардид.
Аммо роҳи расидан ба ҳадаф осон накӯчид. Барои иштирок дар таҳияи муроҷиатнома К. Азизовро дар идораи амнияти давлатӣ ба таъқиб гирифтанд. Саҳл монд адолатхоҳиаш «таҳдид ба сохти давлатдорӣ» маънидод гардад.
Хайрият ҳам адолат пирӯзӣ кард – талаби аҳли мардум қонеъ гардонда шуд.
Камолиддин баъди ноҳияи мустақил эълон гардидани Сӯх чанд сол ба ҳайси корманди шуъбаи умумии ҳокимият фаъолият бурд.
Муаллими пешқадам ва рӯз-номанигори хушсалиқа дар корҳои роҳбариву ташкилӣ низ дасти расову истеъдод доштанашро ба тасбит расонд.
Камолиддин чанд муддат ҳамчун депутати Шӯрои ноҳиявӣ дар хидмати мардум буд. Дар сессияву ҷамъомадҳо баромадҳои ҷолиб мекард. Албатта, фикррониҳои танқидиаш ба баъзе роҳбарони давр хуш намеомад. Вале ҳалқ мефаҳмид мулоҳизоташ ҳаққонианд. Барои он ки ба маҳаллаи Чашма лӯлаи гази табиӣ кашида шавад, чанд сол давутоз намуд. Ниҳоят, бо кашида шудани қубурҳо дар масофаи 5,5 километр мушкили чандинсолаи мардум осон гашт. Барои барпои бинои замонавии муассисаи таълимии томактабӣ дар деҳаи Чашма низ саҳм гирифт. Баъди батакрор ба идораҳои дахлдори болоӣ хаттиву телефонӣ муроҷиат карданаш кӯдакистон барои 120 нафар қомат рост кард.
Ҳаммаҳаллаҳояш, албатта, ба қадри заҳмати ӯ мерасанд ва мегӯянд «кош ҳамаи вакилони мардумӣ ин гуна фидоӣ мебуданд, дар роҳи ободгарӣ ва баровардани ниёзҳои мардум мисли Камолиддин талош варзидаву дар ҳалли масъалаву мушкилоти рӯзмарра ҳисса мегузоштанд».
Ҳоло расман вакили мардумӣ набошад ҳам, Камолиддин чун ҳамешагӣ ба хидмати халқ камарбаста. Ба сифати як нафар собиқадори маориф мазмуну моҳияти қарору фармонҳои роҳбари давлат ё худ дигар ҳуҷҷатҳои муҳимро ба омма мефаҳмонад. Хусусан дар роҳи ба амал баровардани барномаи «Аз камбағалӣ ба фаровонӣ», айни замон ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои «драйверӣ» заҳмат мекашад, дар ин самт дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиро пеш мебарад. Вай ба фаъолони маҳалла ва депутатҳои шӯрои ноҳиявӣ маслиҳат медиҳад дар ҳал намудани масъалаҳое, ки аҳамияти маҳаллӣ доранд, фаъол бошанд. Рушд додани низоми худидоракунии маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ҳаминро тақозо менамояд, мегӯяд ӯ.
Камолиддин Азизовро чун фермер ва чун соҳибкори хуштадбир низ мешиносанд.
Саховатманд аст – дар чорабиниҳои фарҳангиву маънавӣ ба сифати ҳомӣ фаъолона иштирок мекунад. Ба Маркази миллии фарҳангии тоҷикон ҳамкорӣ дорад. Бо ташаббуси ӯ бори аввал дар таърихи шаҳраки Арсиф Наврӯз ба маънои том тоҷикона ташкил карда шуд.
Фарзанди дилогоҳ ва барӯманди Сӯхзамин Камолиддин Азизов 70-сола гардид. Ӯро ба ин муносибат сидқан муборакбод менамоем.
М. Шодиев.