Падару модар муқаддасанд. Дар васфи онҳо чӣ қадар сухан ронем кам аст.
Вақте ки мо ба дунё чашм мекушоем, ҳангоми сухан рондан аввалин каломи мо падар ва модар мебошад. Айёми тифлӣ шаб то саҳар сари гаҳвораи мо бедор нишаста ба камол мерасонанд. Барои фароғату камолоти фарзанд меҳнати худро дареғ намедоранд. Яке аз шоирони тоҷик чунин гуфтааст:
Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад то як писар мисли падар гардад.
Падар аз шавқи дил дар кӯдакӣ дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.
Аз ин пора аён мешавад, ки то ба воя расидани ҳар як фарзанд ҷигари волидон хун мешавад. Мегӯянд, ки ҷаннат зери қудуми модарон аст. Шоири ширинкалом Аминҷон Шукӯҳӣ фармудааст:
Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар,
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар.
Намегардад валекин ӯ баробар,
Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.
Бояд ҳар яки мо дуои неки пур аз файзу баракоти волидонро гирем, дар вақти зиндагиашон ба қадри онҳо расем ва онҳоро аз ҳама чиз азизу муътабар донем.
Ҳама мавҷудоти олам хуб аст, вале хубтаринаш падару модар мебошанд. Падару модарро ғанимат дониста, панди онҳоро бо накӯкорӣ истифода бурда, барои онҳо фарзи фарзандиро ба ҷо оварда, ба онҳо хуб нигоҳубин кардан шараф мебошад. Дар рӯйи замин муҳаббате волотар аз муҳаббати модар, зебоие чун чеҳраи модар, беҳтарин дуое аз дуои падар вуҷуд надорад. Маскане, ки аз бадиву залолат дур аст, роҳатбахш асту ҳамеша моро интизорӣ мекашад, хонаи падару модар мебошад. Барои падару модар он чизе, ки аз фарзандон интизор мешаванд, меҳр, муҳаббат ва эътибор лозим аст. Падар дар оила ягона инсонест, ки писар аз ӯ рафтору гуфтор, одоб, ҷасорат, одаму одамгарӣ ва хулқи накӯро меомӯзад.
Ҳар як фарзанд мехоҳад, ки давраи пирии падару модар бофароғат гузарад, аз дидаашон ашк нарезад... Сатрҳои зерини шоир мо фарзандонро ҳушдор медиҳад:
Яке бар дидани рӯйи падар зор,
Яке доим падарро мекунад хор.
Ман аз ин кори қисмат дар аҷибам,
Худоё ин чӣ сир асту чӣ асрор?
Падарҳоро худовандо нигаҳ дор,
Макун муҳтоҷи фарзанди хатокор...
Матёқуб Холматов,
донишҷӯйи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бухоро.