ҲАМАИ МО БАРОИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ МАСЪУЛЕМ

Тибқи маълумоти Кумитаи мудофиа ва бехатарии Сенат тӯли соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 9839 садамаи автомобилӣ рух дода, 2282 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расидаанд, ки 263 нафари онҳо кӯдаконанд. Дар ин садамаҳо 9209 шаҳрванд ҷароҳат бардоштаанд, ки 1568 нафари онҳо бачаҳои хурдсол мебошанд.

 

 

Ҳаёти имрӯзаи мардумро бидуни мошин ва мошинронӣ тасаввур кардан мумкин нест. Дарвоқеъ мошинронӣ ё ронандагӣ аз инсон масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ахлоқиро тақозо менамояд. Яъне идора кардани нақлиёт маънои бо қоида ва тартиботи муқаррарӣ пурра шинос будан ва риояи бечунучаро ба онро дорад. Солҳои охир бо сабаби афзоиши бемайлони шумораи воситаҳои нақлиёт ҳолатҳои зиёди садамаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки як сабаби он дар сатҳи нокифоя омода шудани ронандагон дар муассисаҳои таълимии нақлиётӣ мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки зиёд гардидани шумораи садамаҳои нақлиётӣ, бахусус аз ҷониби ронандагони ҷавон ҳамчун падидаи ташвишовар арзёбӣ мегардад. Борҳо шунидаем, ки баъзе ҷавонон даргоҳи мактаби ронандагиро надида, бо ҳар роҳу восита ба гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ муяссар шудаанд. Ҳолатҳои мазкур борҳо дар маҷлисҳои алоҳидаи Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис баррасӣ гардидаанд. Тибқи маълумоти Кумитаи мудофиа ва бехатарии Сенат тӯли соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 9839 садамаи автомобилӣ рух дода, 2282 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расидаанд, ки 263 нафари онҳо кӯдаконанд. Дар ин садамаҳо 9209 шаҳрванд ҷароҳат бардоштаанд, ки 1568 нафари онҳо бачаҳои хурдсол мебошанд.

Солҳои охир бо мақсади рушди соҳаи ҳамлу нақли мусофирон ва молу маҳсулот дар ин соҳа ислоҳот идома дошта, аз ҷониби давлат бо ташкили инфрасохтори зарурӣ, сифат ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳо эътибор бештар шуд. Ба мақсади азнавсозии муассисаҳои таълимии соҳа ва таъминоти онҳо бо техникаву технологияи нави таълимӣ, аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ, истифодаи воситаҳои махсус, ки бо таҷҳизоти сабти аудио ва видиоӣ муҷаҳҳаз бошанд, дар баъзе вилоятҳо фаъолияти мактабҳои ронандагӣ муваққатан манъ шуда буд.

Ба қарибӣ дар шаҳри Навоӣ маҷмӯаи инноватсионии имтиҳонсупорӣ барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ифтитоҳи он ҳокими вилоят Нормат Турсунов, роҳбарони секторҳо, фаъолон ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд

Марказ метавонад ҳар рӯз 800 довталабро барои супоридани имтиҳони назариявӣ (тест) ва 400 нафарро барои супоридани имтиҳони амалӣ қабул намояд. Тамоми ҷараёни имтиҳонсупорӣ автоматӣ иҷро мешаванд. Довталаб ба маркази имтиҳон омада коди QR-и шахсии худро мегирад. Дар он аломатҳои имтиҳони думарҳилагӣ инъикос ёфтааст.

Барои имтиҳони тест 20 савол пешниҳод шуда, баҳри иҷрои он 25 дақиқа вақт пешбинӣ мегардад. Дар сурати ба 18 суол ҷавоби дуруст додан, довталаб ба имтиҳони дуюми амалӣ роҳ дода мешавад. Агар довталаб аз имтиҳони амалӣ баҳои қаноатбахш нагирад, ба ӯ давоми ду моҳ бо интервали ҳафтрӯзӣ барои супоридани имтиҳони амалӣ имконият дода мешавад.

Пас аз бомуваффақият супоридани ҳар ду зина, ё ду марҳилаи имтиҳон довталаб соҳиби сертификат мегардад. Номзад бо ин сертификат ба Садорати бозрасии давлатии автомобилӣ муроҷиат мекунад ва пас аз баррасии маълумоти сертификат ба довталаб мувофиқи тоифаи интихобнамудааш шаҳодатномаи ронандагӣ дода мешавад.

– Бовар дорам, – гуфт ҳокими вилоят Нормат Турсунов, – маркази имтиҳони вилояти Навоии навтаъсис минбаъд ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо мусоидат мекунад.

Бешубҳа, азнавсозии муассисаҳои соҳа ва таъмини онҳо бо техникаву технологияи нави омӯзишиву имтиҳонгирӣ самараи неки худро медиҳанд.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: