МАҚСАД – БО КОР ТАЪМИН КАРДАНИ АҲОЛӢ

Бонки саҳҳомӣ-тиҷоратии «Микрокредитбанк» оиди корҳои соли сипаригашта ва вазифаҳои устувори барои соли 2025 муқарраршуда дар Маркази матбуоти миллӣ сӯҳбати «мизи мудаввар» барпо намуд. Дар он ходимони бонк иштирок карданд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки соли 2024 аз ҷониби бонк ба маблағи зиёда аз 7 трлн. сӯм кредит ҷудо карда шудааст. Аз он 1,9 трлн. сӯм барои ба амал баровардани лоиҳаҳои инвеститсионӣ, 2,4 трлн. сӯм барои молиявӣ гардондани барномаи рушди соҳибкории оилавӣ, 2 трлн. барои дастгирии субъектҳои тиҷорати хурд равона шуда, ба маблағи 1,5 трлн. сӯмина хидматҳои молиявӣ расонида шудааст. Дар натиҷа дар 1230 маҳаллаи ба банк вобасташуда 113,7 ҳазор нафар аҳолии маҳалла бо кори доимӣ таъмин гашта, 232,7 ҳазор нафар бо фаъолият банд шуданд.  Дар доираи барномаи рушди соҳибкории оилавӣ ба мақсади ҷалб намудани аҳолӣ бо соҳибкорӣ ва бо кор таъмин намудани онҳо 2 трлн.397 млрд. сӯм кредит ҷудо карда шуд. 50 фоизи кредити мазкур барои молиявӣ гардондани ташаббусҳои имтиёзноки 78838 нафар занону духтарон равона гардид.                                                                                                                                                                                             

– Бонк вазифаҳои соли 2025-ро дар асоси вазифа ва супоришоти Президент дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 16 декабри соли 2024 ташкил шуда буд, ба нақша гирифтааст, – мегӯяд муовини раиси раёсати «Микрокредитбанк» Шаҳло Ибрагимова. – Аз ҷумла, дар раёсати марказии бонк барои кор бурдан бо фаъолияти маҳаллабайъ департаменти алоҳида, дар филиалҳои ҳудудии он секторҳои маҳалла созмон дода шуд. Инчунин ба 1121 маҳаллаи вобасташуда дар асоси самти нав 332 штати «банкири маҳалла» кушода, ба он ходимони соҳибмалакаву ташаббускор ҷалб карда шуд.                                                                                                                                   Аз ҷониби секторони маҳалла, банкир ва ёварони агентӣ соли ҷорӣ ба тиҷорати хурд ва миёна 5,4 трлн. сӯм ва дар доираи барнома 2,9 трлн. сӯм ҷудо кардани кредит нишон дода шудааст. Аз имкониятҳои мавҷудаи бонк истифода намуда бо кор бандкунии 320 ҳазор шахс таъмин шуд, аз он 131 ҳазор нафар ба ҷойи кори даромаднок ва доимӣ, 189 ҳазор нафар ба соҳибкорӣ ҷалб карда мешавад. Барои амалӣ гардидани он аз ҳисоби манбаъҳои банк 7,7 трлн. сӯмина кредит ҷудо карда мешавад. 50 фоизи ин маблағ ба субъектҳои тиҷорати хурд равона мегардад.             

– Моҳи январ ва феврали соли равон дар асоси таҷрибаи «Уйчӣ» бонк бо 5857 нафар соҳибкор вохӯрӣ барпо намуда, дар он 2118 муроҷиат ҳал гардид. Дар натиҷа 2188 ҷойи нави кор фароҳам оварда шуд, – гуфт муовини директори департаменти бонк Бобур Раҷабов. – Тибқи 1823 муроҷиат ба маблағи 63 млрд. сӯм кредит ҷудо карда шуда, муддати қарздории кредити 20 млрд. сӯминаи 8 нафар давом дода шуд. Инчунин 287 масъалаи дигар ҳалли худро ёфт.                    Ҷамоаи «Микрокредитбанк» минбаъд низ фаъолияти худро баҳри рушди тиҷорати хурд, соҳибкорони хусусӣ ва яккатартиб ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, васеъ гардондани хидматҳои микромолиявӣ махсусан, дар деҳот давом медиҳад.

Г. Кабирова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: