Хоҳарони азиз, духтарони меҳрубон!
Шумо, тамоми занони кишвари сермиллатмонро бо Рӯзи байналхалқии бонувон – 8 Март самимона, аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Басо рамзист, ки шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ симои муқаддаси модарон, занонро тараннум намуда, моро даъват кардааст, ки барои бахту саодат ва беҳбуди онҳо тамоми кори аз дастамон меомадаро бикунем.
Воқеан, хидматҳои шумо дар ташаккулёбии сифатҳои олии инсонӣ, аз ҷумла некӣ, меҳрубониву саховатмандӣ, муҳаббат ва садоқат, таҳкими оила бемисл мебошанд.
Ҷашни зебои кунунӣ дар моҳи мубораки Рамазон баргузор мегардад, ки ба он маънӣ ва муҳтавои махсус мебахшад.
Дини муқаддаси мо ҳамеша даъват менамояд, ки модарон, хоҳарону духтарони меҳрубонамонро ҳурмату эҳтиром намоем, ба онҳо ғамхориву эътиборӣ баланд зоҳир кунем.
Ба ҳамаи шумо, азизони ман, ид муборак бошад!
Муҳтарам иштирокдлорони тантана!
Солҳои охир дар Ӯзбекистони Нав таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳо, боло бардоштани шаъну шарафи занон аз ҷумлаи самтҳои бартариноки сиёсати давлат ба шумор меравад.
Имрӯз мо саҳми сазовори онҳоро дар рушди муттасили тамоми соҳа ва самтҳо, тамоми кишвар бо қаноатмандӣ қайд менамоем.
Чунончӣ, агар соли 2017-ум занон дар соҳаи идоракунӣ 20 фоизро ташкил дода бошанд, ҳоли ҳозир 35 фоизро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин 38 фоизи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, 27 фоизи аъзои Сенат бонувонанд.
Таъсири мусбии иштироки торафт фаъолонаи онҳоро дар низоми идоракунии давлат ва фаъолияти парлумон бинобар рушди ҷомеа худи ҳаёт тасдиқ менамояд.
Аз ҳама муҳимаш, занони донишманд, босавод ва соҳибистеъдоди мо бароямон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа намунаи ибратанд.
Соли гузашта дар Бозиҳои олимпӣ ва параалимпӣ духтарони варзишгари мо, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат дохил буданд, соҳиби 3 медали тиллоӣ, 8 нуқра ва 3 медали биринҷӣ шуданд, ки чунин натиҷа ҳанӯз дар таърихи мо ба даст наомада буд.
Духтарони Ӯзбекистон дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат низ Ватанро шуҳратёр мекунанд. Аз ин он чиз шаҳодат медиҳад, ки соли гузашта дар сафи ғолибони озмунҳои бонуфузи байналхалқии соҳаҳои мазкур 25 духтари соҳибистеъдод, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бошад, 71 нафар онҳо шомил буданд.
Барои он ки духтарону бонувони боистеъдод имкониятҳои худро беш аз пеш татбиқ намоянд, мо минбаъд низ ҳатман барои онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам меоварем.
Хурсандиовар аст, ки корҳои васеъмиқёси мо дар самти мазкур дар арсаи байналхалқӣ эътироф мегарданд.
Ҳамватанони азиз!
Мо хуб дарк мекунем, ки дар дӯши бонувон ташвиш ва масъулиятҳои хеле зиёд истодаанд.
Агар гӯем, ки занон баробари корҳои рӯзгор, тарбияи кӯдакон боз мехонанд, кор мекунанд ва бо соҳибкорӣ машғул мешаванд, воқеан қаҳрамонони ҳақиқии замони мо ба шумор мераванд, муболиға намекунем.
Дар Ӯзбекистони Нав сабук кардани ҳаёт ва маишати модарону хоҳарони мо, барои онҳо фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ дар тамоми соҳаҳо ҳамеша дар маркази сиёсати давлатӣ қарор хоҳад дошт.
Вобаста ба ин мувофиқи раванди давлати иҷтимоӣ, ки дар Сарқонуни навамон сабт шудааст, мо корро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ куллан ба тарзи нав ташкил мекунем. Бинобар натиҷаи омӯзиши аҳволи бонувон дар ҳар кадом маҳалла 1 миллион нафар занони камтаъмин ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд ба «дафтари бонувон» ворид карда шуданд.
Соли равон бо ҳар кадом як зани ин табақа кори нишонадор бурда хоҳад шуд. Аз ҷумла, ба 162 ҳазор зани ногиро дар шифохона, беморхона, ҳамчунин дар маҳаллаҳое, ки онҳо зисту зиндагӣ доранд, кумаки тиббӣ расонида мешавад, 130 ҳазор бонувоне, ки саробони худро аз даст додаанд кумаки моддӣ мегиранд, шароити зиндагии 6 ҳазор зан беҳтар карда мешавад, бонувоне, ки ба кор ниёз доранд, бо кор таъмин карда мешаванд.
Ҳамчунин, ҳар сол 50 ҳазор зане, ки дар вазъи мураккаби зиндагӣ афтодааст, барои таълим ва истироҳат ба минтақаҳои саломатии ҷумҳурӣ фиристода хоҳанд шуд. Ба онҳо кумакҳои рӯҳӣ расонида мешавад, бобати омӯхтани саводи соҳибкорӣ машваратҳои рағбатноккунӣ баргузор мегарданд.
Ин корро раиси Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон К. Рафиқов ташкил менамояд.
Сиҳҳатии бонувон пояи саломатии ҳамаҷониба ва муқтадири ҷомеа аст.
Бо ин мақсад 230 таваллудхонаи мамлакат бо 21 ҳазор адад таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд. Ғайр аз ин, соли равон 1,5 миллион зан бинобар ташхиси ибтидоии бемориҳои онкологӣ аз скрининг мегузаранд.
Оммавӣ кардани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни бонувон боиси дар ҷомеа ташаккул ёфтани тарзи солими ҳаёт мегардад. Бинобар ҳамин ҳам соли равон 4 миллион занону духтарон дар тамоми маҳаллаҳо барои иштирок ба мусобиқаҳои оммавии варзишӣ ҷалб карда мешаванд.
Як ҳақиқати муҳим бояд ба раванди ҳаёти мо табдил ёбад. Агар зан солим бошад, оила низ мустаҳкам мегардад, муҳити маънавиву ахлоқӣ беҳтар мешавад, қаноатмандӣ аз натиҷаи меҳнати худ, эътимод ба оянда меафзояд.
Хушоянд аст, ки алҳол дар мамлакат 40 ҳазор оилаи барои дигарон ибратпазир мавҷуданд. Соли гузашта 208 адади онҳо бо нишонаҳои сарисинагии «Ибратли оила» мукофотонида шуданд.
Чунончӣ, оилаи Қӯзибоевҳо аз ноҳияи Тошлоқ ба ҳамагон маълум аст. Муқаддамхон-апа 35 соли ҳаёти худро ба таълим ва тарбияи насли наврас бахшидааст. Ӯ якҷо бо шавҳараш хоҷагии фермерӣ ташкил кард, тақрибан 50 оиларо дар ноҳия бо кори даромаднок таъмин намуд.
Боз ба як санад эътибор диҳед. Ин оила таъминоти зиёда аз 30 хонаводаи эҳтиёҷмандро ба зиммаи худ гирифт, нисбати фарзандони онҳо ғамхорӣ зоҳир кард, барои таълим гирифтан ва соҳиби касб шудани ин фарзандон кумак мерасонад.
Чунин оилаҳои намунавӣ дар тарбияи насли навраси ҳамаҷониба пешқадам, мубориза ба муқобили нодорӣ дар маҳаллаҳо такягоҳи мо мебошанд, онҳо ба эҳтироми бузург созоворанд.
Аз имконият истифода бурда ба оилаҳои тифоқ ва мустаҳкаме, ки тимсоли Ӯзбекистони Нав ба шумор мераванд, самимона миннатдорӣ баён мекунам.
Ҳар қадар чунин оилаҳо зиёд шаванд, Ватани мо ҳамон қадар бо иқтидор, халқамон ҳамон андоза муқтадиртар мегардад. Оилаи мустаҳкам ин пояи рушди устувори ҷомеа аст.
Хоҳарони азиз!
Тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, солҳои охир мо бобати соҳиби таълими босифат гардидани занонамон эътибори махсус медиҳем.
Ман гаштаву баргашта такрор мекунам, ки агар мо ба духтаре савод омӯзонем, тамоми оила босавод мешавад. Агар оила бомаърифат ва босавод бошад, дараҷаи тафаккур ва маданият дар тамоми ҷомеа баланд мешавад.
Мо ин муносибатро ҳоли ҳозир татбиқ мекунем. Алҳол дар 203 мактаби олии мамлакат духтарон зиёда аз 52 фоизи донишҷӯёнро ташкил медиҳанд. Танҳо соли гузашта маблағи қарордоди таълимии тақрибан 15 ҳазор духтаре, ки дар магистратура мехонданд, дар ҳаҷми умумии анқариб 100 миллиард сӯм пардохта шуд.
Ҳоли ҳозир зиёда аз 6 200 зан бо фаъолияти илмӣ машғул мебошанд, онҳо офарандагони 25 фоизи ихтироҳои илмӣ ба шумор мераванд, ҳамаи ин шаҳодати баланд гардидани нақши онҳо дар ҷомеа мебошад. Дар байни бонувон арбобони илмие ҳастанд, ки дар миқёси байналхалқӣ эътироф гардиданд, ин ба ҳамаи мо эҳсоси ифтихор мебахшад, ҷавононамонро ба комёбиҳои нав рӯҳбаланд мекунад.
Чунончӣ, олими машҳури микробиолог Дилфуза Эгамбердиева барои тадқиқоти илмиаш бобати парвариши ҳосили баланд дар шӯрхок сазовори ҷоизаи бонуфузи байналхалқии ЮНЕСКО ба номи Карлос Финлей гардид.
Дар кишваре, ки занон соҳиби маърифат ва касбҳои замонавӣ мебошанд, сулҳу салоҳ ва пешрафт ҳукмрон мегардад. Халқе, ки бонувонаш босаводанд, ҳатман хушбахт хоҳад шуд.
Бинобар ҳамин ҳам мо минбаъд низ барои он ки тамоми духтаронамон дар ҳар кадом оила бо таълиму тарбия дар кӯдакистон ва мактабҳо фаро гирифта шаванд, соҳиби касбҳои харидоргир, донандагони забонҳои хориҷӣ бошанд, таълими олӣ гиранд, куллӣ шароитҳоро фароҳам меоварем. Аз ҷумла, соли равон боз 250 ҳазор духтар бо таълими олӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Ин нисбати соли 2017-ум 3,5 баробар бештар аст. Дар натиҷа аз ҳар кадом маҳалла 25-30 зан имкон пайдо мекунанд дар мактабҳои олӣ таълим бигиранд.
Бо ин мақсад раиси Кумитаи оила ва бонувон З. Маҳкамова, вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ Х. Умарова дар ҳар кадом мактаб корро бо толибагони синфҳои болоӣ дар пояи муносибати индивидуалӣ ба тайёр кардани онҳо барои дохилшавӣ дар мактабҳои олӣ ба роҳ мемонанд.
Соли равон мо ба лоиҳаи «Ёрқин келажак» («Ояндаи дурахшон») бобати дар хориҷа таълим гирифтани ҷавонони соҳибистеъдод аз оилаҳое, ки дар вазъи душвор қарор доранд, оғоз мебахшем. Дар доираи лоиҳаи мазкур ҳар сол на камтар аз 200 духтар барои хондан ба муассисаҳои машҳури таълими олии ҷаҳон фиристода мешаванд.
Сохтори таҳти идораи вазири таълими олӣ, илм ва инноватсияҳо К. Шарипов, вазири шуғл ва коҳиш додани нодорӣ Б. Зоҳидов, раиси Палатаи савдо ва саноат Д. Ваҳобов барои ба 250 ҳазор зан омӯзондани касбҳо ва соҳибкорӣ масъул карда мешаванд.
Муҳтарам иштирокдорони вохурӣ!
Ҳангоме, ки мо дар бораи фаровонҳолии халқамон сухан мегӯем, пеш аз ҳама шумо, занони азизро дар назар дорем.
Дар ин бобат масъалаи аз ҳама ҷиддӣ, ки занонро ба ташвиш овардааст, ин бекорӣ ба шумор меравад. Мо бобати бо шуғл таъмин кардани занон ва ҷалб намудани онҳо ба соҳибкорӣ барномаҳои зиёдро татбиқ менамоем. Танҳо соли гузашта барои ин мақсадҳо 17 триллион сӯм ҷудо карда шуд. Ба шарофати чунин эътибор соли сипаришуда бонувони соҳибкор дар ҳаҷми 81 триллион сӯм маҳсулот истеҳсол карданд, ба маблағи 450 миллион доллар молҳоро ба содирот бароварданд, ки бешубҳа, сазовори эътироф мебошад.
Чунончӣ, зани соҳибкор аз шаҳри Навоӣ Шаҳноза Каримова, ки ба истеҳсоли маснуоти қаннодӣ ва нонӣ машғул аст, 50 зани камтаъминро хононд ва ба кор қабул кард. Ба 10 нафари онҳо барои хариди манзил аъзобадали ибтидоиро пардохт.
Аз ҳама муҳимаш, чунин занони соҳибкори меҳрубон ва ҳозирҷавоб дар тамоми минтақаҳои мо кам нестанд. Маро он чиз хушнуд кард, ки бо пешниҳоди лоиҳаи «Ман – иштирокдори ҷараёни созандагӣ» онҳо бо ташаббуси ба ҳазорҳо зан дар маҳалла омӯзондани касбу кор ва ҳунар барои даромад ба даст оварданашон баромад карданд.
Чунин бонувони кордонро, ки масъулияти баланди иҷтимоиро бардӯши худ гирифтаанд, ман бунёдкорони Ӯзбекистони Нав мешуморам ва ба онҳо миннатдории амиқи худро изҳор мекунам. Тайёрам барои онҳо шароит ва сабукиҳои иловагӣ фароҳам оварам.
Агар мо ба сифати қадами амалӣ дар самти мазкур дар назди Палатаи савдо ва саноат Шӯрои бонувони корчаллонро созмон диҳем, шумо инро чӣ гуна қабул мекунед?
Фикр мекунам, агар Шӯрои мазкур масъалаҳои ҳаётиеро, ки занони соҳибкорро дар маҳалҳо ба ташвиш овардаанд, бевосита дар назди парлумон гузорад, мувофиқи мақсад мегардад.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноат Нодира Шотурсунова ба ин кор сарварӣ мекунад.
Мо соли равон дар назди худ бобати бошуғл таъмин кардани 2 миллион зан ва ҷалби 1 миллиону 300 ҳазори онҳо ба соҳибкорӣ вазифаҳои бузург гузоштаем. Барои рушди соҳибкории занона бонкҳои тиҷоратӣ маҷмуи муфиди молиявӣ пешниҳод хоҳанд кард.
Бонки миллӣ (раиси раёсат А. Мирсоатов) ба на камтар аз 200 ҳазор зан дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи хизматрасонӣ кумак мерасонад. «Туронбанк» (раиси раёсат Ч. Мирзоев) барои гирифтани даромад аз парвариши лимӯ ба 150 ҳазор зан қарзҳои арзон ҷудо мекунад.
Ҳамчунин, барои таъмини шуғли 160 ҳазор зан дар соҳаи паррандапарварӣ «Микрокредитбанк» (раиси раёсат О. Бӯтаев), ки масъули ин соҳа мебошад, дар самти парвариши сабзавот ва ниҳолҳо барои 160 ҳазор зан «Саноат қурилиш банк» (раиси раёсат А. Акбарҷонов), ки ба соҳа масъул мебошад, дар самти парвариши ангур, брокколи ва карами сафед барои 150 ҳазор зан – Бонки мардумӣ (раиси раёсат Ш. Атабоев), дар соҳаи боғдорӣ барои 144 ҳазор зан – «Агробанк» (муовини аввали раиси раёсат Э. Қаҳҳоров), дар самти парвариши кабудӣ, қаланфури булғорӣ, бодинҷон ва помидор барои 94 ҳазор зан – Бонки рушди бизнес (раиси раёсат С. Аннақличев), дар соҳаи дорусозӣ ва ангурпарварӣ барои 82 ҳазор зан – «Асакабанк» (раиси раёсат К. Тӯлаганов), дар самти IT, занбӯриасалпарварӣ ва парвариши меваҳо барои 58 ҳазор зан – «Алоқабанк» (раиси раёсат К. Ирисбекова) кумак мерасонанд.
Бо ин мақсад, имсол барои татбиқи лоиҳаҳои соҳибкории занон дар маҳаллаҳо иловагӣ 3,3 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Аз ҷумла, дар доираи барномаҳои соҳибкории оилавӣ 100 миллион доллари иловагӣ ҷудо карда мешавад. Илова бар ин, бонкҳои тиҷоратӣ низ 100 миллион доллар ҷалб намуда, ба занони худмашғули маҳаллаҳо қарзҳои бекафолат ба миқдори то 50 миллион сӯм медиҳанд.
Ширкати «Ҳамроҳ», ки соли гузашта ташкил шудааст, дар асоси низоми нав ба татбиқи Барномаи дастгирии занони соҳибкор шурӯъ намуд. Барои ин мақсадҳо мо ҳамчунин 100 миллион доллар ҷудо кардем.
Дар доираи ин барнома ба занони соҳибкор, ки қарзҳои худро сари вақт бармегардонанд, қарзҳои бекафолат то 100 миллион сӯм пешниҳод хоҳем кард.
Ҳамчунин, ба 1 ҳазор соҳибкорзанони роҳнамо, ки дар маҳаллаи худ 5 занро ба тиҷорат ҷалб кардаанд, то 50 миллион сӯм грант ҷудо карда мешавад.
Ба Бонки марказӣ (раис Т. Ишметов) дар ҳамкорӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ супориш дода шудааст, ки дар муҳлати ду моҳ барои занон дар асоси равишҳои нав хизматрасониҳои молиявии бонкиро ба роҳ монанд.
Масалан, барои заноне, ки ба рухсатии таваллуд баромадаанд, муҳлати пардохти қарзҳои бонкӣ то 10 моҳ дароз карда мешавад.
Минбаъд, мо низоми нави 4-марҳилавии рушди соҳибкории занонро ба роҳ мемонем.
Дар марҳилаи аввал 20 ҳазор заноне, ки мехоҳанд ба тиҷорат машғул шаванд, аммо малакаи зарурӣ надоранд, ба соҳибкорӣ омӯзонида мешаванд. Барои ин Палатаи савдо ва саноат (раис Д. Ваҳобов ва муовини ӯ Н. Шотурсунова) масъул аст.
Дар марҳилаи дуюм Бонки мардумӣ (раиси раёсат Ш. Атабоев ва муовини ӯ Г. Рашидова) ба 100 ҳазор занони худмашғул, ки мехоҳанд соҳибкор шаванд, кумак мерасонад.
Дар марҳилаи сеюм роҳбари ширкати «Ҳамроҳ» Д. Нурматова ба мақсади ба сатҳи миёнаи намунавии тиҷорат баровардани 2 корхонаи хурд дар ҳар ноҳия корро ташкил мекунад.
Дар марҳилаи чорум Палатаи савдо ва саноат (Д. Ваҳобов) ба 50 занони соҳибкори фаъол кумак мерасонад, то онҳо ба «соҳибкорони чемпион» бо гардиши солонаи зиёда аз 100 миллиард сӯм табдил ёбанд.
Имсол мо мақсади муҳим гузоштаем – 60 ноҳияи кишварро ба «минтақаҳои аз бекорӣ ва камбизоатӣ озод» табдил диҳем. Илова бар ин, ҳокимон масъул хоҳанд буд, ки дар ҳар як вилоят 2 ноҳияро ба минтақае, ки дар он занони бекор вуҷуд надоранд, табдил диҳанд.
Дар маҷмӯъ, соли 2025 дар таъмини шуғли занон нақши ҳалкунанда хоҳад дошт. Бо омӯзиши касбҳо, бо ҷойи кор таъмин намудан ва рушди соҳибкорӣ барои 2 миллион зан шароити шуғл фароҳам оварда мешавад.
Дар ин замина, масъулияти омӯзиш, таъмини шуғли 1 миллиону 300 ҳазор зан ва кумак ба онҳо дар кушодани тиҷорат ба Бонки марказӣ (Т. Ишметов) дар ҳамкорӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ вогузор шудааст. Масъулияти дастгирии 636 ҳазор зан, ки ба «дафтари занон» шомил шудаанд, ба Шӯрои федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон (Қ. Рафиқов), ҳамчунин, масъулияти дастгирии 100 ҳазор зан, ки мехоҳанд ба соҳибкорӣ машғул шаванд, ба Кумитаи оила ва занон (З. Маҳкамова) вогузор шудааст.
З. Маҳкамова ва Қ. Рафиков барои ташкил ва иҷрои самараноки вазифаҳои аз рӯи ҳар як самти имрӯз муайяншуда дар сатҳи вилоят, ноҳия ва маҳаллаҳо масъул мебошанд.
Раиси Сенати Олий Маҷлис Т. Норбоева дар ҳамкорӣ бо Шӯроҳои маҳаллӣ назорати низомноки ин фаъолиятро ба роҳ монда, муҳокимаи мунтазами онро бо иштироки шахсони масъул ташкил менамояд.
Занони муҳтарам!
Имрӯз сатҳи зиндагӣ бештар боло меравад, тарзи зиндагӣ, тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги мардум тағйир меёбад.
Мо дар ҳама соҳаҳо ва самтҳо ҳадафҳои волоро пеши худ гузоштаем. Барои расидан ба онҳо, мо ба насли ҷавони ҳаматарафа рушдёфта такя мекунем, ки тарбияи он дар дасти модарони фидокор мебошад.
Аз ин рӯ, мо ҳаргиз аз дастгирии шумо, изҳори сипос ба шумо ва ифтихор аз шумо, занони азиз, хаста намешавем.
Муҳтарам иштирокдорони ҷашн!
Ба муносибати иди имрӯз, гурӯҳи занони Ӯзбекистон, ки дар фаъолияти меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардида, эҳтиром ва эътирофи мардум ва кишварро сазовор шудаанд, бо орденҳо ва медалҳои давлатии мо қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин, 28 нафар духтарони мо, ки бо дониш, истеъдод ва тарбияи намунавии худ барои ҳамсолонашон намуна шудаанд, барои дастовардҳои худ дар соҳаҳои гуногун ба Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия сазовор дониста шуданд.
Аз номи тамоми мардуми кишварамон ва шахсан аз номи худ ҳамаи шуморо бо ҷоизаҳои баланди Ватан самимона табрик мегӯям ва ба шумо дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои бузург таманно дорам.
Ҳамватанони азиз!
Бонувони муҳтарам!
Имрӯз мо бо мардуми далер ва боҳиммати худ, ба иқтидори бузурги созандагии онҳо такя карда, ислоҳоти оғозкардаамонро бо қатъият идома дода, онҳоро ба сатҳи нав мебарорем.
Итминон дорам, ки занони азизи мо ҳамеша дар сафи пеши марҳилаи нави созандагӣ ва рушди Ӯзбекистони маҳбуб хоҳанд буд.
Бори дигар аз самими қалб ҳамаи шуморо бо иди зебои имрӯз табрик мегӯям.
Барои шумо тандурустӣ, сулҳ ва некӯаҳволӣ, гаронбаҳотарин сарват – хушбахтии оилавиро орзу менамоям.
Бигзор ҳамеша муҳаббати фарзандон ва наздикон, таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату миллат шуморо иҳота кунад!