Дар Донишгоҳи давлатии Фарғона як тоифа устодон машғул ба фаъолият ҳастанд, ки тавассути донишу малака ва натиҷаҳои таҳқиқу пажӯҳишҳои худ кайҳо мавриди эътибори маъмурият, устодон ва донишҷӯёни он қарор гирифтаанд. Доктори фалсафа оид ба фанҳои филология (PhD) Зарифахон Алимова аз ҳамин зумраи устодон мебошад.
Вай дар шаҳристони Риштон ба дунё омада, соли 1982 баъди хатми муассисаи таълими ҳамагонии рақами 1-уми ноҳия ба бахши забони форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил шуда, онро бо дипломи имтиёзнок хатм намуд.
Дар Донишгоҳи давлатии Фарғона рисолаи илмии худро дифоъ намуд. Ҳоло дар кафедраи забоншиносии донишгоҳ фаъолияти пурсамари омӯзгориашро идома бахшида, ба шогирдон забони форсӣ-тоҷикӣ ёд медиҳад. Шогирдонаш аз забони форсӣ борҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардидаанд.
Осори тадқиқотҳои Алимова зиёда аз 120 ададро ташкил намуда, дар маҷаллаҳои илмии ватаниву хориҷӣ, муҷмӯаҳои конфронсҳои илмиву амалӣ интишор ёфтаанд.
– Дар бораи имкониятҳое ибрози назар мекардед, ки бо ташаббуси Сарвари давлат барои занону духтарони кишвар фароҳам омадааст.
– Мехоҳам аввал бо ифтихор қайд кунам, ки зан ғайр аз он ки олиҳаи ҳусн ва нури хонадон аст, ба корҳои бузург қодир мебошад. Маҳз барои ҳамин аз имконияту шароите, ки дар ягон давру замон мислаш дида нашудааст, бо камоли майл истифода мекунад. Зани имрӯзаро дар ҳамаи соҳаҳо машғули кор метавон дид: зан – роҳбари корхона, зан – ҳоким, зан – раиси маҳалла, зан – мудири мактаб, зан – депутат, зан – соҳибкор ва ғайра. Ҳатто сол аз сол теъдоди занон дар парламент рӯ ба афзоиш овардааст. Агар аз рӯйи мансубияти касбу кори худ арзёбӣ кунам, дар байни устодони донишгоҳи мо тақрибан аз се як ҳиссаро занҳо ташкил медиҳанд. Номи декани факултаи филология Эҳтиётхон Иброҳимова, доктори фанҳои филология Соҳибахон Зокирова, докторони фалсафа оид ба улуми кимё Тоҳирахон Амирова ва Моҳира Нурматова, доктори фалсафа оид ба илмҳои фалсафа Мавҷуда Соипова ва як идда занони дигар вирди забонҳо мебошад. Онҳо бо донишу заковат ва меҳнати пурмаҳсули худ дар донишгоҳ сазовори ҳурмати баланд гаштаанд:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
– Пас, аз чунин шароит барои расидан ба аҳдофи худ бояд дуруст истифода кард?
– Бале, ҳоло шоистаи таҳсин аст, ки як теъдоди духтарони маҳаллӣ баъди хатми донишгоҳ бо дипломи бакалавр иктифо намекунанд, балки барои таҳсил дар магистратура талош меварзанд. Агар шароит мусоидат нанамояд, магар онҳо метавонанд ба ин кор даст зананд? Ҳаргиз. Духтароне, ки дирӯз паси партаи донишҷӯӣ менишастанду аз мо сабақ меомӯхтанд, имрӯз дар паҳлӯи устодони худ ба донишҷӯён сабақ медиҳанд. Ҳоло техникаву технология он қадар тараққӣ намудааст, ки ҳатто кас ҷое нарафта ба маводи зиёди зарурӣ дастрасӣ пайдо карда метавонад. Ин раванди як қатор корҳои омӯзишу пажӯҳишро содатар менамояд. Танҳо аз ин шароит дуруст бояд истифода намуд.
– Шумо ба тадриси яке аз забонҳои муқтадири дунё, ки онро форсии тоҷикӣ меноманд, машғул ҳастед. Аммо аввал бигӯед, ки чаро маҳз таҳсил дар бахши форсӣ мӯъҷиби интихоби шумо қарор гирифт?
– Ҳамеша аз мутолиаи ашъори намояндагони адабиёти форсу тоҷик, мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Саъдиву Ҳофиз, Румиву Ҷомӣ ва адибони муосир – Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар ва дигарон хеле завқу шавқ мебардоштам. Ҳар чи бештар онҳоро мехондам, алоқамандии ман ба забону адаби форсӣ бештар мешуд. Дарк намудам, ки ба хубӣ донистани забони форсӣ дари имкониятҳои зиёдеро барои ҳар як фарди фарҳангдӯст ва адабпарвар боз хоҳад кард. Тасмим гирифтам, ки шомили гурӯҳи забони форсӣ шавам ва дар он муваффақона таҳсил намудам.
– Метавонед аз устоди худ ёд кунед, ки дар ҷараёни таҳсил бештар дар камолот ва соҳибихтисос шудани шумо нисбат ба дигарон саҳм гирифтааст?
– Дар донишгоҳи мо устодони бисёр аз фанҳои мухталиф тадрис намудаанд. Аксари онҳо назди мо, шогирдон эътибору эҳтиром доштанд. Аммо устод Босит Мӯсоев (он касро Худо биёмурзад) хеле сахтгир ва пурталаб буданд. Бо вуҷуди ин, ҳар як дарси ин устод бароям як китобро мемонд. Донишҷӯёни зиёд аз ҳайбати ӯ меҳаросиданд ва ин боис мегардид, ки ҳама ҳамеша бо тайёрии пухта ба дарсу машғулиятҳои амалӣ ҳозир шаванд. Қадри ин устодам ҳанӯз дар қалбам ҷойгоҳи хосеро ишғол менамояд.
– Оё донистани забони форсии тоҷикӣ барои омӯзгорони забон ва адабиёти ӯзбек лозим аст? Фикри шуморо дар ин замина мехостам бидонам.
– Бидуни иштибоҳ, мӯътақидам, барои омӯзгороне, ки зикрашонро кардед, омӯхтани забони форсӣ-тоҷикӣ хеле зарур аст. Албатта, фаро гирифтани забони форсии тоҷикӣ чандон кори саҳлу осон нест. Вале бидуни донистани забони форсӣ наметавон ба умқи осори адибони зиёди классикии ӯзбек сарфаҳм рафт. Дақиқан, баъзан ҳатто як байтро ба риштаи таҳлил наметавон кашид.
– Шумо забони форсӣ-тоҷикӣ-дариро як забони муштарак мешуморед ё алоҳида?
– Баъзан бо чунин фикру андешаҳо рӯ ба рӯ меоям, ки айнан муштаракоти ин забонро зери суол қарор медиҳанд. Банда ба чунин фикр ҳаргиз розӣ шуда наметавонам. Форсӣ-тоҷикӣ-дарӣ шохаҳои як забонанд. Ба далели марзбандиҳои сиёсӣ ин гуна ақида зуҳур намудааст ва ҳанӯз давом мекунад.
***
Дар идома бо Зарифахон Алимова перомуни афкори баъзе доираҳои фарҳангӣ суҳбат намудам. Гуфта мешавад, ҳар як забон бояд аз ҳисоби вожаҳои худ пешрафт ва рушду нумӯъ намояд. Ҳатто лозим ояд, аз вожаҳои забонҳои дигар мебояд сарфи назар кард.
Вай оид ба риояи вазни арӯз дар адабиёти ӯзбек таваққуф намуд. Ба гуфтаи ӯ, тамоми ашъори шоирони классикӣ ва муосири адабиёти форсу тоҷик бар асоси вазни арӯз таълиф шудаанд. Ҳатто дар адабиёти мумтози ӯзбек ба ин қоида сахт риоя шудааст. Аммо дар шеъри муосири ӯзбек ҳанӯз вазни ҳиҷоӣ пойбарҷост.
З. Алимова иброз намуд, ки шавҳараш аз нигоҳи маслак низомӣ буд. Ҳарду баъди издивоҷ соҳиби як писару ду духтар шуданд. Мутаассифона, шавҳараш бар асари бемории сахт ин дунёро падруд гуфт. Бо вуҷуди ин, талош намуд, ки фарзандонаш соҳиби маълумоти олӣ шаванд. Духтарбузургаш мутахассиси забони русӣ, дувумӣ – мутахассиси забони олмонӣ ва писараш мутахассиси бахши риёзиёт мебошад. Онҳо ба пажӯҳишҳои илмӣ машғуланд ва дар ин самт барои расидан ба мақсадҳои наҷиби худ саъй менамоянд.
Суҳбаторо Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.