Алҳол кормандони мақомот ба бовару эътимоди аҳолӣ бештар муваффақ мегарданд. Ин ҳолат дар иҷрои рисолати касбии эшон нақши назаррас мебозад. Дар ин соҳа занону духтарон низ фаъоланд.
Ҷонишини роҳбари раёсати пешгирии ҳуқуқвайронкунии хидмати бехатарии садорати корҳои дохилии вилояти Намангон оид ба масъалаҳои занону духтарон, подполковник Нигора Қайимова аз зумраи онҳост.
Нигора дар ноҳияи Учкӯприки вилояти Фарғона таваллуд шудааст. Дар оилаи Исмоилҷон ва Зӯҳрохони соҳиби маълумоти олӣ шаш фарзанд ба воя расиданд. Нигора аз хурдсолӣ ба соҳае, ки кор мекунад, завқи баланд дошт. Вақте ин хоҳиши худро ба падару модар маълум кард, онҳо монеъгӣ карданд. Зеро мехостанд духтарашон мураббӣ ё муаллима шавад. Лекин Нигора дар аҳди худ монд. Ӯ соли 2005 баъди хатми мактаби миёна ба Академияи милитсияи назди Вазорати корҳои дохилӣ ҳуҷҷат супорид ва аз имтиҳони давлатӣ бомуваффақият гузашт.
Ҳангоми таҳсил дар корҳои ҷамоатӣ пешқадам буд. Ба ҳамкурси намангониаш – Иброҳим Сиддиқов дил баста, ба Косонсой арӯс шуда омад.
– Ёд дорам, дар ин ҷо калонсолон, агар дар бар либоси корӣ пӯшам, ба ман дигар хел нигоҳ мекарданд, ҷавонон баръакс бо чашми ҳавас менигаристанд.
Дар хонадони нав маро бо хушу хурсандӣ қабул карданд. Дар оила ҳама тоҷиканду бо забони тоҷикӣ мулоқот мекунанд. Худи ман низ ин забони зеборо кам-кам аз худ кардам. Бо ҳамсояҳову хешу табор мулоқот мекунам. Шавҳарам низ дар ҳамин соҳа кор мекунанд. 3 нафар фарзанд – ду писару як духтар дорем. Аз он шодам, ки хушдоманам – холаи Соҳибаҷон ҳамчун модар меҳрубонанд, маслиҳатгари мо мебошанд ва дар тарбияи фарзандонам саҳми арзанда доранд. Масъулияти касбии маро дарк мекунанду ёрирасони хубанд. Дар ҳар як кор, хоҳ дар корхона бошад, хоҳ дар оила ҳамсарам низ маслиҳатгари ман ҳастанд. Ба фикрам, барои зан хотирҷамъӣ муваффақият меорад. Дар корхона вазифаи ман ҳифзи мустаҳкамии оилаҳост. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд оилаи худам осудаву мустаҳкам бошад, ба дигарон намуна шуда тавонам. Ман мекӯшам ба ин амал кунам. Барои ҳамаи муваффақиятҳое, ки расидаам, аз хушдоманам ва ҳамсарам миннатдорам ва шукрона мекунам...
Вақти суҳбат донистем, ки Нигора лаёқати зиёде дорад. Гулро дӯст медорад, парвариши онро низ. Дар назди ҳавлии хонавода «Гулхонаи Нигора» ҳаст. Вақти холӣ аз мунчоқ низ гулҳои рангорангу хушрӯй месозад. Фарзандонаш дар ин ҷараён ба Нигора ёрирасон мешаванд.
Ӯро ҳамкасбонаш низ ҳурмату эъзоз менамоянд. Барои хизматҳои софдилонаву сидқидилона, маҳорату малакаи баланди касбӣ, иштирок дар таъминсозии тартиботи ҷамъиятӣ чандин маротиба бо ифтихорнома ва туҳфаҳо мукофотонида шудааст.
Аз ҷумла, дар лоиҳаи «Панҷ ташаббус», ки соли гузашта гузаронида шуд, иштирок намуда, ғолиб гардид, дар озмуни «Янги Ӯзбекистоннинг ибратли оиласи» низ ғолибиро ба даст овард.
Нигора Қайимова нафақат дар оила, балки дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятӣ низ фаъол аст. Мо ба ӯ дар ин вазифаи муҳиму пурмасъулият комёбиҳои беш аз пеш металабем.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.