БОНУИ МАЪРИФАТПАРВАР

Дар арафаи фарорасии фасли зебои сол – баҳори нозанин сармуҳаррири рӯзномаи бачаҳо ва наврасони Ӯзбекистон – «Тонг юлдузи», раиси шӯрои занону духтарони назди Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, узви Иттиҳоди нависандагон, Аълочии таълими халқ Фирӯза Одилова меҳмони «Овози тоҷик» буд.

Фирӯза Одилова дар шаҳри Тошканд, дар оилаи зиёӣ дида ба дунё кушодааст. Баъди хатми мактаби таълими ҳамагонии рақами 197-уми ноҳияи Учтепаи пойтахт ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дохил шуд ва соли 1989 ин даргоҳи илмро бомуваффақият тамом кард. Маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ бо номи «Уйимизнинг девори» (соли 2015), «Уйғоқ туйғулар» (соли 2022) ва дигар осораш: «Олтин дона ёнғоқ» (2023), «Тонг юлдузи ёритган олам» (соли 2024) рӯйи чопро дидаанд.

Соли 2023 таҳририяти газета дар озмуни байналхалқии «Олтин қалам» аз рӯйи номинатсияи «Барои матолиби журналистии беҳтарин»  ҷойи сеюмро ишғол намуд. Инчунин, соли 2023 рӯзнома бо нишони сарисинагии «Барои ҳифзи ҳуқуқи инсон»-и Маркази миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон мукофотонида шудааст.

Ҳикояҳои Фирӯза мавзӯъҳои Ватан, халқпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, меҳру муҳаббат ба падару модар, мактаб, китоб, муаллимро дар бар гирифтаанд. Дар онҳо ахлоқи ҳамида, муошират ва дигар фазилатҳои инсонӣ инъикос ёфтаанд.                

Ҳоло, ба хонандагони рӯзнома аз маҷмӯи ҳикояҳои ӯ «Девори хонаамон» се пораи ибратангезро пешниҳод менамоем.

Саодат Бекназарова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Тарбия

Падари Шукрулло ба боғча рафтани писарчаашро намехост.

– Ба боғча намеравад, худат дар хона нигоҳ кун, нозпарваратро эҳтиёт бояд кунем, – гуфт ба завҷааш. Баъд аз ҳамин Шукрулло номи «Нозпарвар»-ро гирифт... 

Нозпарвар ҳафтсола шуд ва ба мактаб рафт. Модараш чун одат либосҳояшро пӯшонда, бандаки туфлиашро ҳам худаш баста, аз дасташ кашолакунон ба мактаб мебурд ва ба дасти роҳбари синфаш месупорид.

Рӯзе Нозпарвар аз мактаб гирякунон омад:

– Модарҷон, имрӯз аз хониш баҳои «2» гирифтам, – ҳиқ-ҳиқкунон гуфт ӯ.

– Эҳ, писарҷон, тарсидам, ки ягон ҳодисаи нохуш шудааст. Ҳеч гап не, пагоҳ хонда баҳоятро дуруст мекунӣ. Гиряат барои ҳамин? Ва сари писарчаашро силакунон илова намуд:

– Дастатро шӯй, якҷоя хӯрок мехӯрем.

Нозпарвар таомро бо дили нохоҳам хӯрд. Мехост зудтар дарс тайёр кунад. Модараш ба чашмони аз гиря сурхшудаи писараш нигоҳ карда, аз рӯйи тараҳҳум гуфт:

– Писарам, аз мактаб монда шуда омадӣ, дарсатро сонитар тайёр мекунӣ.

Ин гуфт ва писарчаашро ба ҷойи хобаш дароварда болояшро бо кӯрпаи тунук пӯшонд. Сипас берун баромада хост аз воиш ангур канад. Ҳамин вақт шавҳараш аз кор омада ба ӯ рӯ овард:

– Писарат куҷост? Ангурро ӯ канад намешавад?

– Писарамон хоб, аз мактаб бо табъи хира баргашт, «2» гирифтааст.

– Бачае, ки баҳои «2» гирифтааст, хоб накарда, бояд бештар китоб хонад. Рав, бедор кун, ба корҳои ту низ кӯмак расонад.

– Монед, додош, фарзанди ягонаамон, каме дам гирад. Дарстайёркунӣ намегурезад. Барои ин асабӣ нашавед.

– Ҳар доим тарафгирӣ мекунӣ, кай маро гӯш мекунӣ? – норозиёна гуфт шавҳар ва хӯрок хӯрда боз ба кораш рафт.

Бо мурури вақт Нозпарвар хонандаи синфи болоӣ шуд. Рӯзе дар маҷлиси падару модарон роҳбари синф аз хулқи бад, баҳоҳои паст, аз дарсҳо гурехтану бо бачаҳо дасту гиребон шудани Нозпарвар шикоят кард. Модараш, чун одат, муаллимашро айбдор намуда, писарашро тарафгирӣ кард ва бо қаҳру ғазаб аз маҷлис баромада рафт. Дар хона рӯзномаи писарашро хост аз назар гузаронад. Зеро муаллим сарзаниш карда буд, ки «рӯзномаи писаратонро дар давоми сол кушода надидаед». Рӯзномаи писарашро варақ зада, «2»-ҳои думдори қаторро дида фиғонаш ба фалак печид:

– Ин чӣ, магар туро бо ҳамин ният калон карда истодаем? Ҳатто ягонто «3» нагирифтаӣ? Ҳар рӯз мактаб меравӣ, дар хона соатҳо дарс тайёр мекунӣ?

– Эҳ, модарҷон, тарсидам, ки ягон нохушие рӯй додааст. Пагоҳ хонда «2»-ҳоямро дуруст мекунам. Барои ҳамин ба аспи ғазаб савор шудан шарт аст?

Модараш ин ҷавобро шунида, аз гиря худро дошт ва ба Нозпарвар бодиққат нигоҳ кард. Чунки дар давоми солҳо ба устодон, ҳамсояҳо, рафиқон ва ҳатто падараш, ки аз Нозпарвар шикоят мекарданд, ҳамин ҷумларо такрор мекард ва дар ғафлат монд, ки тарбияи писарашро худаш вайрон карда будааст...  

Писар

Падари солхӯрда ба писар, ки дар шаҳр кор мекард, занг зад:

– Туро ниҳоят пазмон шудам.

– Рӯзи дамгирӣ меравам, падар, – гуфт писар ва телефонро зуд қатъ кард. Баъди чанд рӯз падар боз занг зад:

– Писарам, як моҳ боз туро надидаам.

– Падар, медонӣ-ку, корҳоям зиёд. Меравам, ғам махӯр.

Рӯзҳо гузаштанд. Падар ба писар занг зад:

– Писарам, як сол..., – сухани падарро то охир нашунида писар садо баланд кард:

– Меравам, падар, меравам. Худам телефон мекунам...,– саросема телефонро хомӯш кард.

Дере нагузашта бо пазмониву интизориҳо падар аз олам гузашт. Писари мансабдор аз баҳри ҳамаи кор баромада ба таъзияи падар шитофт. Маъракаҳои падарро пурҳашам ва бекаму кост гузаронд. Панҷшанбеи ҳар ҳафта вақт ёфта ба ҳавлии падар меомад. Мӯйсафедони маҳалларо даъват намуда меҳмон мекард.

Ҳақу ҳамсоя ӯро дуо карданд, ки ғамхору меҳрубон ва фарзанди муносиби падар аст...

Қолӣ дар девор

Аз биноҳои серошёна ҳуҷрае харидем. Чун одат қолиҳоро ба девор задем. Ба фарши хона палос партофтем. Рӯзе модарам ба хонаамон меҳмон шуду ба қолии девор ишора карда гуфт:

– Духтарам, ин қолиҳоро ба девор наовехта, ба зери поят парто. Хонаат бетонӣ, аз поят заҳ мегузарад-ку?

Сухани модарамро ба замин нагузоштам. Қолии навро ба фарши хона густурдам.

Хушдоманам ба меҳмонӣ омад. Ба қолии зери поямон ишора карда гуфт:

– Духтарам, қолии гаронбаҳоро ба зери по андохтаед. Як мижа ба ҳам назада фарзандонат ба воя мерасанд. Ба арӯсат дар маросими «келинсалом» тӯҳфаи муносибест.

Ду манзара, ду фикри мухталиф. Орзуву ниятҳои ҳар ду модар хубу неканд. Ҳар ду фарзандашонро фикр мекунанд...   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: