ЗАНАСТУ ЗИНДАГӢ ДОИМ БАҲОР АСТ...

Боиси ифтихору хушнудист, ки бонувони самарқандӣ дар ҳама соҳа ифодагари симои ботаровату назокат, кордониву маҳорат ва заковат буданду ҳастанд.

Қаҳрамони лавҳаи мо аз зумраи бонувони номдори ноҳияи Самарқанд аст, ки дар рустои ҳамешасабзу хуррам ва хушҳавои Оҳалик чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ хидмат ба халқу Ватанро шарафи бузург медонад.

Салимабону Абдузоҳидова фаъолияти меҳнатиашро ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ – ҳини таҳсил дар омӯзишгоҳи бонки Самарқанд оғоз карда буд. Баъди дарс ҳамчун дастёри модари ғамхораш – Тозагул Халилова ба шуъбаи алоқаи ноҳияи Самарқанд ба кор даромад. Бо гузашти айём туфайли меҳнатдӯстӣ, кӯшишу ғайрат, хоксориву дилёбӣ аз мактаби ҷиддии таҷрибаомӯзӣ гузашт ва дари бахт ба рӯяш кушода шуд. Сардори корхона ӯро бо гирифтани дипломи омӯзишгоҳ табрик ва мудири шуъбаи обунаву қабули пардохтҳои хидмати коммуналӣ таъин намуд.

Инак, қариб бист сол аст, ки дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ кор карда, сазовори эҳтироми мардум шудааст. Вай ҳар як миҷозро бо чеҳраи хандон истиқбол мегирад, саъй менамояд, ки корафтодагон аз назди ӯ бо таъби болида раванд ва дуои хайру нек кунанд.

– Дар идораи мо аксари коркунон занону духтаронанд, – мегӯяд сардори идораи «Гулобод почта»-и ноҳияи Самарқанд Рустам Ҷалолов. – Саодат Акрамова, Нодира Мансурова, Роҳила Саидова, Санобар Олимова тавассути меҳнати ҳалол ва кордонию заҳматписандӣ тавонистаанд, ки соҳибэҳтиром шаванд. Салимабону Абдузоҳидова бошад, ходими соҳибтаҷриба ва пешқадам аст. Вай барои хидмати шоиста бо Ифтихорнома ва раҳматномаҳои садорати вилоятӣ сарфароз шудааст.

– Дамидани ҳар субҳро бо меҳру муҳаббат пешвоз мегирам, – мегӯяд Салимабону Абдузоҳидова. – Мехоҳам, ки дар олам оромиву осоиштагӣ ҳукмрон, офтоби бахт ба сари ҳар як бандаи Худо, хосатан модарону хоҳарони азиз чун гулҳои баҳорӣ ҳамеша шукуфон бошад. Зеро ба таъбири шоир:

Занасту зиндагӣ доим баҳор аст,

Ҳаёту бахти инсон пойдор аст!

Иди модарон – 8-уми март муборак бод, бонувони арҷманд!

Зоҳир Ҳасанзода,

деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: