«БОЛО»-И Ӯ ХУДОИ Ӯ БУД

Субҳ дамидаву ситораҳо ногузир дар саҳни осмони баланд беранг мешаванд. Аз одам то хурдтарин махлуқи Худо бедор гашта, дар ҷустани ризқ ба давутоз меафтанд...

Холаи Хадича ҳам пас аз ниёиши бардавом оҳиста ба берун қадам ниҳод. Синҳораш чақон ҳавлӣ мерӯфт. Аз дасти ӯ ҷорӯбро гирифта:

– Келин, ин корро ман ба охир мерасонам, шумо зуд говро дӯшед, бачаякаш гурусна монд, – гуфт дилаш ба фарзанди он ҷонвар сӯхта. Вақте Нилуфар дар даст сатилча ба самти оғил рафт, хаёлаш ба писараш – Истамҷони раҳдураш банд шуд ва ғамгин табассум кард. «Дар он шаҳри мусофират мехонам гуфта, саргардон шуд, бача, ҳоло бедарду ғам аз хоб бедор шуда бошад?» Сипас аз тасаввури симои писар дилаш ба туғён омада, ниҳоят оҳе тӯлонӣ кашид.

Баъд шуғли нотамоми келинашро ба поён оварда, ҷорӯбро бурдаву дар ҷояш – лаби дари анбори анҷом гузошт ва худ дар хараки таги дарахти зардолу бемадор нишаст. Аз оғил овози муназзами риштавор ба даҳони сатил фуруд омадани шир ба гӯшаш расид. Аз бозе, ки Нилуфар – ин духтараки ҳалиму мавзунқомати ӯзбектабор аз ҳамсояқишлоқ келинаш шуд (духтардорони атроф шояд Истами ӯро бо чашми кам диданд), ҳама кору бори рӯзгор – аз қошуқу табақ сар карда, то риштаву сӯзанро ба дасти ӯ супорид. Аммо холаи Хадича бекор намешинад – аз саҳар ба ҷунбуҷӯл омада, ба сад кори рӯзгор кумак мерасонад.  

Келинаш бо сатили пуршир гузашт. Аз даҳони зарф маҳин ҳавр мехест.

– Гӯсоларо сар додед?

– Ҳа.

– Зуд ширро пазед. Ҳозир амакатон шир мехӯрам гуфта, дунёро ба танга баробар мекунанд.

– Хуб, холаҷон, – посух дод Нилуфар ва ба самти оташдон рафт.

Амаки Музаффар мутмаинан таги пои ҷонваракон – чанд сар бузу гӯсфанду гову гӯсоларо тоза ва охурашонро аз коҳбедаи дурушт пур кард ва тараддуди даст шустан дошт, ки чашмаш ба ҳамболини ғарқи андешааш афтод ва чеҳрааш мисли офтоби саҳар тобон зуд ба сухан омад:

– Ту чаро кампиршоҳ барин шиштӣ?

– Чӣ кор кунам? – овози худро як парда сар дод холаи Хадича.

– Тараддудатро бин, кампир, туро ба тамошо барам – Деҳнав меравем!

Ҳамин хел одат дорад амаки Музаффар – гоҳ-гоҳ завҷаи худро ба тамошои бозорҳои ободи Деҳнав бурдаву хурсанд мекунад.

Холаи Хадича шукуфон аз ҷой хест ва чеҳрааш гулгун ба хона даромад.

Панҷоҳ сол муқаддам Музаффар – писари тағоияш, он вақт ҷавони дидадарои олуфтаи хушсухан – ба як дугонаи ӯ ошиқ шуда буд. Аз қазо ошиқон Хадичаи беқарорро миёни худ хатбарак таъин карданд. Вай номаи ошиқона мекашонд... Аммо тақдир ба «Лайливу Маҷнун» талх омада, он духтар ёри Музаффар не, балки Хадича ҳамсафари якумрии ӯ гашт. Ҷавонон ба амри дил не, бо хоҳиши падару модарон оиладор шуданд. Ҳоло аз замони издивоҷи онҳо 46 сол пур мешавад ва амаки Музаффару холаи Хадича дар гармиву сардиҳои ҳаёт дар бари ҳам қарор гирифта, нишоту ғами онро ба ҳам мебинанд. Онҳо пас аз раҳгардон кардани як духтар дар гирудори ҳаёти бешафқат ду тифли маъсуми худро бохтаанд, ки ҳанӯз ҷароҳаташ аз дили модар нарафтааст. Пас ба даргоҳи Ҳақ илтиҷоҳо карда, аз инояташ писари дигаре ёфтанд ва номашро Истам гузоштанд. Ҳоло Истами онҳо дар пайравӣ ба суннатҳои ниёкон ба худ Шукруллоҳ тахаллус гирифтаву аз забонаш мудом ширину шево шеър берун меояд, ба як ҳисоб шоир буда, дар бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тирмиз мехонаду қаламиҳояшро бо номи «Товуси хаёл» низ ба нашр расонидааст.

– Илоҳо шеърҳоят мисли он мурғи зебо ба сад ранг ҷило диҳанд, писарам, – дуо кард холаи Хадича ва аз тавфиқи ҷигарбанд сидқан болид. 

Холаи Хадича ногоҳ як кори муҳиме ба ёдаш расида, мушавваш сар ба ҷониби соат гардонд:

– Ваҳ, ман мурам, ба Истамҷонам занг назадаам, – гуфт дар банди ҳаяҷон ва зуд телефонро ба даст гирифт.

– Эҳтиёт шав, ҷони оча. Шаҳр сермошин. Одамҳои ганда ҳам доштагист. Танҳо нагард, – пас аз ҳолпурсӣ таъкид намуд ба фарзанди раҳдураш.

– Ҳеҷ парво накунед, очаҷон... – аз он тараф овози ҷигарбандро шунид ӯ.

– Мурам ба ту. Худои меҳрубон нигаҳбонат, – ду қатра ашк сари мижгонҳои холаи Хадича ба дурахш омаданд.

Ҳар саҳар кораш ҳамин: як ба писари донишҷӯяш занг зада ҳол напурсад, ором намеёбад. Писари шоираш ҳам одат кардааст, ки то дуои модарро нашунавад, пой аз остони хобгоҳ берун намегузорад.

Хадича Назарова чун ҳама занони кӯҳистон дили беғуборе дорад ва ҳар рӯзро аз субҳ то шом дар андешаи «камоли фарзандон, беҳбудии наберагон, осудагии хонадон, сариштаи оташдон...» мегузаронад. Вай дар маҳаллаи Гулободи» ноҳияи Олтинсой соли 1960 ба дунё омадааст. Хадича мактаби миёнаи рақами 33-юми зодгоҳашро бо баҳои аъло хонда, барои идомаи таҳсил озими шаҳри Душанбе шуд. Азбаски саводи мукаммали мутавассита дошт, аз имтиҳонҳо сарбаландона гузашт ва номаш дар феҳрасти донишҷӯёни соли аввали Донишкадаи тиббӣ дарҷ гардид. Дар он замонаҳо ба ин даргоҳи илм дохил шудан кори саҳле набуд. Аммо натавонист таҳсилро идома диҳад. Падараш аз ин тасмими духтар хафа шуд ва ба гапи чанд мӯйсафеди деҳ даромадаву ӯро нагузошт, ки ба он шаҳри азим равад ва таҳсилро идома диҳад. Чандин маротиба аз донишкада ба унвони ин духтараки деҳотӣ барқия расид, аммо Хадича эҳтироми падарро воло донист. Вай издивоҷ карда побанди ташвишҳои рӯзгор гардид. Аммо аз соли 1980 дар боғча чун тарбиятгар ба кор пардохт. Баъд дар шуъбаи почта ба кор гузашт.

Соли 1991 ӯро раҳбари ин идора интихоб карданд. Ҳоло бознишаста аст. Вай аз камназиртарин роҳбароне маҳсуб меёфт, ки бидуни маълумоти олӣ дар курсии раҳбарӣ нишаста, тӯлониву босамар ва аз сидқи тамом хидмати мардумро ба ҷо овардааст. Ба нафақахӯрони деҳаҳои Гулобод, Халқобод, Шохча, Янгиариқ, Карсагон, Миршодӣ, Хӯҷаи пок, Ҳавз, Бештахта, Оқсу, Ҳалвочӣ, Чундура ва Фангату Ғӯтхокин пули нафақа тақсим мекард. Дар ин миён ба балои нафси саркаш гирифтор шуда, чандин раҳбарони почтаи ноҳия ба ҳабс маҳкум гаштанд. Дар пай кори Хадича Назарова ҳам борҳо аз ҳаллоҷии муфаттишон гузашт, аммо ҳар навбат боиси шигифтии кормандони идораҳои тафтишгар мешуд. Нуқсе пайдо карда натавониста, дар назди ин модари ҳалолкор сари таъзим фуруд меоварданд.

– Ману ходимони софдили шуъбаи почтаи «Оқ олтин»-ро дуоҳои пайвастаи мӯйсафедон, пиразанҳои мушфиқ, малулони дар роҳи кӯмаки ҳукумат чашминтизори қаламрав аз ҳар балову қазои муаллақ нигаҳ дошт, вагарна номамон сиёҳу рӯзамон аз он ҳам сиёҳтар мешуд, – мегӯяд он замонаҳои пур аз таҳлукаро ба ёд оварда холаи Хадича.

Хадича Назарова дӯстдори рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ буд. Агар баъзе раҳбарони тоҷики тарсую беғайрати мактабҳо аз рӯйхати обунаи умумӣ номи нашрияҳои «Овози тоҷик», «Садои Сурхон», «Бохтар» ва «Ховар»-ро хат зананд, вай напурсида барқарор мекарду як қисми аъзами маблағи обунаи омӯзгоронро сарфи ин рӯзномаҳо месохт ва агар суоле пеш ояд, ин амали худро «фармон аз боло» мегуфт бо дили пур. «Боло»-и ӯ Худои ӯ буд, ки меҳри миллат ва забони модариро дар қалбаш маҳкам ҷой дода. Замоне расм гашт, ки ба нафақаи мардуми бознишаста иловатан рӯзномаҳои кӯчагиро ҳам диҳанд. Апаи Хадича ба ҷои ин рӯзномаҳо ба тоҷикони музофот даста-даста рӯзномаҳои «Бохтар» ва «Ховар»-ро тақсим менамуд ва пиронсолон ҳам ба ин нашрияҳо одат карданд.

Рӯзгори гоҳе дар домани ғам, гоҳе дар иҳотаи шодмониҳои ин бонуи бошарафи тоҷик – апаи Хадича Назароваро ба қалам дода, аз дил мегузаронам, ки кош ҳама модарон мисли ӯ худогоҳу худшинос мебуданд.

Шариф Халил,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: