Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Модар ба мо дарси ҳаёт меомӯзонад, мо аввалин каломи бадеъро аз аллаи модар мешунавем ва он дар давоми ҳаётамон ба мо кор меояд.
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.
Лоиқ Шералӣ
Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Модар ба мо дарси ҳаёт меомӯзонад, мо аввалин каломи бадеъро аз аллаи модар мешунавем ва он дар давоми ҳаётамон ба мо кор меояд. Модар ин риштаи пайванди меҳру муҳаббат аст, моро таваллуд мекунад, ба воя мерасонад ва ҳамеша дар хаёли мо мегардад. Модар рамзи меҳр ва сабру тоқат аст. Меҳри модар поён надорад. Дар ин бора шоирон шеърҳо навиштаанд. Аз он ҷумла, Наимҷон Назирӣ мегӯяд.
Навбаҳори гулфишони дилкушоям, модарам,
Қуввати ҷону дилу ақли расоям, модарам.
Ман зи лутфи беканори ту расидам бар камол,
Барқи фикру равшании дидаҳоям модарам.
Дар шеъри устод Лоиқ Шералӣ низ ҳамин маънӣ инъикос ёфтааст:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Aнгезаест шояд аз аллаҳои модар.
Зиндагӣ бе модар тира ва хира аст. Аз ин рӯ, ба модарон ёрӣ расондан ва онҳоро дастгирӣ кардан вазифаи мо – фарзандон мебошад. Яке аз роҳҳои муҳими ин – кӯмак ба корҳои хона аст. Мо бояд корҳои хонаро барои модар сабуктар кунем. Ҳурмати модар аз ҷониби фарзандон фарз аст, зеро дар тарбия ва ба камол расонидани ҳар кадоми онҳо заҳмату ранҷи модар ба дараҷаест, ки қалам дар тасвири он оҷиз мебошад. Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мефармояд:
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде аз роҳи модарон бошад.
Бешубҳа, ҳурмату эҳтиром кардан ва донистани қадри модар аз тарафи фарзанд воҷиб аст.
Шоири машҳури Эрон Эраҷ Мирзо гуфтааст:
Гӯянд маро чу зод модар,
Пистон ба даҳан гирифтан омӯхт,
Шабҳо бари гоҳвораи ман,
Бедор нишасту хуфтан омӯхт.
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи роҳ рафтан омӯхт.
Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам,
Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.
Лабханд ниҳод бар лаби ман,
Бар ғунчаи гул шукуфтан омӯхт.
Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст,
То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст.
Воқеан, шоир дуруст мегӯяд, модар баробари моро ба дунё овардан, то ба воя расидан ғизо медиҳад, шеваи роҳ рафтан, забону гуфтан меомӯзонад, ҳатто устоди нахустин аст.
Нигина Мусурмонова, донишҷӯйи соли дувуми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бухоро.