(Ҳикоя)
Дар синни бисту як
Сари мағруратонро, ки дар гирдогирдаш муйи бофтаатон шакли чанбаракро дошт, як андак хам карда, розӣ шудед, ки бо ҷаноби Ким издивоҷ кунед.
Бисту шаш
Вақте саропои заминро барфи симгун пӯшида буд, Шумо ба ин оила ду набера – як писару як духтар туҳфа кардед. Қадами мубораки кӯдакон риштаҳои пайванди Шуморо ба ин хонадон таҳким бахшид. Шумо ҳамчун узви баробарҳуқуқи оила аз ҷониби мӯйсафедони сулола пазируфта шудед. Муносибати онҳо ба Шумо куллан тағйир ёфт.
Сию ду
Писаратон шикамдард шуд. Шумо ӯро бо қарсе ба пушт баста, пиёда ба роҳ даромадед ва дари беморхонаи шаҳрро, ки аз деҳа бисёр дур буд, нисфи шаб кушодед.
Чил
Зимистони сол, назар ба дигар солҳо, сард омад. Шумо дар даст ҷомаҳои фарзандон аз мактаб омадани онҳоро дар даромадгоҳи деҳа мунтазир мешудед. Ҳарчанд хунук мехӯрдед, либосҳои фарзандонатонро сахтар ба бағал кашида, бо ҳарорати бадан гарм мекардед.
Панҷоҳу ду
Акнун... Рӯзҳои сард будани ҳаво аз чӣ бошад, хомӯшу бесадо будед. Чунин ба назар мерасид, ки пораабрҳои шиновари осмон ба болои сари Шумо қарор доранд.
Дар яке аз рӯзҳои тирамоҳ келин бо писаратон вориди ҳавлиатон гардид. Шумо мисли ин ки дар дили торикатон офтоб дамида бошад, шод шудед. Бо фарзандон якҷоя хурсандӣ кардед.
Шаст
Қосид ба ҳавлиатон қуттии ғафси коғазинеро монда рафт. Дилбандонатон, ки ҳама ба кори худ банд буданд, Шуморо бо 60-солагӣ табрик гуфта, пул фиристода буданд. Ба ҳамаи он пул дору харида бошед ҳам, як гӯшаи дилатон торик буд. Дили модариатон фиреб намедод, чунки Шумо фарзандонатонро пазмон шуда будед... Дар дил фақат як ҷумларо такрор мекардед: «Онҳо наомаданд...» Шояд бори садум буд, ки ба телефон даст бурда, пас кашидед. Вале...
Шасту шаш
Дилбандонатон бо оилаву кору бори худ банданд. Ҳатто рӯзҳои ид ҳам аз Шумо хабар гирифтанро фаромӯш кардаанд. Бо занони деҳа манту мепазеду умри гузаштаатон аз пеши назар мегузарад. Гӯё ҳамаи он азобу пазмониҳо дурӯғ буданд. Боре фарзандонатон омаданд, вале азбаски корҳояшон зарур буд, саҳарии барвақт ҳама рафтанд. Ҳамон шаб Шумо то саҳар чашм напӯшидед. Тани танҳо албомеро, ки дар он суратҳои фарзандонатон буд, гаштаю баргашта варақгардон кардед.
Акнун бошад...
Фарзандон сари по шуданд. Онҳо аз ҳаёти Шумо батамом дур рафтанд. Ҳоло ранҷу азобҳое, ки то калон шудани онҳо кашида будед, ҳатто ба хобашон намедарояд...
Модар, ташвишҳои овони бачагии мо дар чини пешонӣ ва мӯйҳои сафеди Шумо нуҳуфтаанд.
Барои ҳамин ҳам Шумо «Модар» ҳастед.
И Ми Э, адиби Корея
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Раҳимшоҳ Шарифзода.