Қизлархон Тошпӯлодова дар маҳаллаи Бӯстони ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхондарё зиндагӣ мекунад. Вай дарвозаҳои оҳанин месозад ва даромади моҳонааш ҳудуди 25 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
Борони маҳин меборид. Хостам дар чунин ҳавои кушод андак сайр кунам. Аз дур шуълаи оташ гоҳ фурӯзон ва гоҳе хомӯш ба чашм расид. Нахуст тарсидам ва баъд хоҳиши аз наздиктар дидани ин манзара ғолиб омада, ба пеш қадам задам. Баъди чанд дақиқа ба манзиле расидам, ки зане бо шарораи оташ кор мекард. Баъди салому алайк ҳайратомез ба ӯ бо якчанд суол муроҷиат кардам.
– Шумо чаро бо оҳану оташ кор мекунед? Оё барои занон ин кор душвор нест?
Зане, ки тақрибан 40 сол дошт, маро бо табассум истиқбол гирифт. Бо ҳамон оромиву фурӯтанӣ оҳану асбоби кориашро оҳиста болои миз гузошта, ба пиёла чой рехт ва ба ман рӯй овард:
– Биёед, агар шавқ доред, сари як пиёла чой суҳбат мекунем ва бо фаъолиятам шинос мешавед.
Аз даъват шод шуда, дарҳол ба курсӣ нишастам ва дафтару қалам гирифтам.
Маълум шуд, ки ҳамсуҳбатам Қизлархон Тошпӯлодова ном дошта, дар маҳаллаи Бӯстони ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхондарё зиндагӣ мекунад. Вай дарвозаҳои оҳанин месозад ва даромади моҳонааш ҳудуди 25 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
– Ман бори аввал дар 30-солагӣ ба ин кор шуруъ кардам. Ин касбро бо хоҳиши худ интихоб намудам. Зеро имкони таҳсил дар донишгоҳро надоштам. Дар байни панҷ писар ба воя расидам, – гуфт апаи Қизлархон. – Кор бо оҳан ва сохтани дарвозаву кафшергариро аз бародаронам ёд гирифтам. Дуруст, ки кор бо оташу оҳан барои занон саҳлу осон нест.
Ҳар як кор душворӣ ва масъулият дорад. Агар кас андаке бепарво бошад, ё вақти кафшеркунӣ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя накунад, аз эҳтимол дур нест, ки ҷароҳат гирад.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам ӯ ҳатто аз чунин тасодуф «бебаҳра» намондааст. Дар ҷойи кор захмдор шуда, шаш моҳи тамомро дар шифохона паси сар кардааст ва ба туфайли иродаи оҳанин ба по хеста, дубора аз пайи кор шудааст.
– Азбаски мақсаду мароми аниқ доштам, аз ҳаракат ва ҷустуҷӯ даст накашидам. Бояд ёдовар шавам, ки то шурӯъ ба ин кор 20 сар говро дӯшида, баъди коркарди шири он маҳсулоташро ба бозор мебурдам. Баъдтар ба сохтани дару дарвоза шавқ пайдо кардам. Агар кас бо кору касби дилхоҳаш машғул шавад, ба мардум бештар манфиаташ мерасад, – қайд намуд бонуи ҳунарманд.
Ӯ бо маслиҳати ёвари раиси маҳаллаашон 33 миллион сӯм кредит гирифт ва фаъолияти соҳибкориашро боз ҳам васеъ кард.
Дарвоқеъ, Қизлархон Тошпӯлодова модари чор фарзанд аст. Ҷараёни кори ӯро мушоҳида карда, ба чунин хулоса омадам, ки занони мо корҳоеро анҷом дода метавонанд, ки одатан бар дӯши мардон гузошта шудааст.
– Қизлархон ҳунарманди воқеист ва маҳсули кораш шоёни таҳсин мебошад, – мегӯяд корманди маҳалла Холмирзо Хоҷақулов. – Вай фаъолияташро густариш дода, ба гулпарварӣ низ рӯй овардааст.
Бори дигар итминон ҳосил намудам, ки агар кас барои амалӣ намудани мақсади худ саъю кӯшиш кунад, пайваста ҳаракату ҷустуҷӯ намояд, мисли Қизлархон дар ҷамъият мавқеи худро пайдо мекунад. Баробари ин, пули ҳалол ба даст меорад, оилааш таъмин ва зиндагиаш обод мегардад.
Нигина ШОЕВА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.