Чаро занҳо торафт шерсифат мешаванд? Баъзе бонувон шавҳарашонро писанд намекунанд, тамоми пардаи овозро сар дода, бо иллат гап мегардонанд. Бибиву модарон магар ба онҳо «шавҳарро иззат кун!» гуфта насиҳат накардаанд?
Қарибии шом ҳамсарам дар танӯр нон пухт. Дилам ба модарам кашол шуду аз нони гарм ва бичакҳои алафин чанд донаро дар дастархони хурде баста, бо дастовезе аз дарвоза баромадам. То ҳавлии модарам масофа аз як километр саҳл зиёдтар, аз кӯчаҳои деҳа оҳиста қадамзанон мерафтам.
– Кушо ооохиииирр! – нолаи илтиҷоомезе баланд шуд. Аввал ҳайрон шудам. Баъди чанд қадам роҳ гаштан дидам, ки як ҷавони тахминан биступанҷсола оинаи тирезаро бо ангушт мезанад, баъд ӯ назди дарвоза рафта даричаро тиқ-тиқ зад. Ҳамин тариқ байни тирезаву дарича «дарро кушо» гӯён тор метанид. Дере нагузашта шақар-шуқур овоз бароварда дарича кушода шуд.
– Чаро тез накушодӣ? – пурсид ҷавон.
– Эъ, ин қадар ғиншӣ мекунед, – бо овози баланд иллат кард ҷавонзан, – бозӣ карда нашиштем, бачая ба гаҳвора мебастам.
– Хайр, нафаҳмидем, агар мегуфтӣ, нигоҳ карда меистодам, – гуфт ҷавон ва ба ҳавлӣ даромад.
Дар роҳ гувоҳи моҷарои боз як зану шавҳар шудам.
– О-о, ҳа-а-а, – бо тамоми овоз аррос мезад зан, – пули овардаатон фисмиррӣ-ю, дӯғатон баланд.
– Эъ, ман чӣ кунам, охиирр? – овози мард пасту борик баромад. – Соҳиби кор пулро кам дод, бо усто баробар тақсим кардем.
Ин дам овози ҷангар-ҷунгур шикаста пош хӯрдани шишаҳо ба гӯш расид.
– Ҳа, шиканед! Шиканед! – фарёд кашид бонуи хона. – Зӯр ояд аламатонро аз банкаву зарфҳо мегиред-а?! Ҳе, ношуд!
Роҳро давом дода, ба андеша фурӯ рафтам. Чаро занҳо торафт шерсифат мешаванд? Баъзе бонувон шавҳарашонро писанд намекунанд, тамоми пардаи овозро сар дода, бо иллат гап мегардонанд. Бибиву модарон магар ба онҳо «шавҳарро иззат кун!» гуфта насиҳат накардаанд?
Пайғомбари ислом (с.а.в.) марҳамат мекунанд: «Агар иҷозати ба инсон саҷда кардан мебуд, занҳоро ба саҷдаи шавҳар мефармудам».
Баъзан гӯши гуноҳкор мешунавад, падар ба бачааш дӯғ мезанад: – «Ҳоло ист, модарат ояд, мегӯям, ана баъд ҷазоятро мегирӣ». Инро шунида хандаи кас меояд. Дар айёми бачагӣ модарам ё занҳои ҳамсоя ба фарзандон акси ин гапҳоро мегуфтанд. Онҳо бо ин баланд будани дараҷаи падарро дар оила мефаҳмонданд.
Аз ин чанд сол пештар аз байни биноҳои бисёрқабата мегузаштам. Дар қарибии майдончаи бозии бачагона, панҷ-шаш зан дар курсӣ нишаста суҳбат мекарданд. Як писараки шашсола гирякунон ба давраи занон наздик шуд. Ҷавонзани тану тӯшдоре аз ҷо хеста «Салим, ҳо Салим» гуён фарёд кард.
– Ҳа, бийиҷонаш, – сар аз тирезаи қабати дувум баровард як ҷавонмард.
– Гиред, ин зормондая. Бачаба нигоҳ кунед. Ғиринг-ғирингаш гӯшу майнаамро хӯрд. Ба ман ғавғои бозор мерасад.
– Хӯрок мепухтам, надида мондем, чӣ хел баромада рафтааст, – худро сафед карданӣ шуд шавҳар.
– Зуд фаромада ин маразро аз назарам баред!
– Рав! – фармон дод модараш ба писарак. – Ҳозир дадоят мефарояд. Ҳе, ба падарат нарафта мон, – гуфт ӯ ва боз ба суҳбат ҳамроҳ шуд.
Аз чунин муомила нисбат ба шавҳару фарзанд дар тааҷҷуб мондам. Чаро дар оила мавқеъҳо иваз мешаванд? Ба ин кӣ айбдор? Мардон аз занҳо чаро забонкӯтоҳ шуданд?
Ба воя расонидани фарзанд танҳо аз ишками ӯро сер кардану сару либос харидан иборат нест. Вазифаи асосии модарон дар қалби фарзанд бедор кардани хислатҳои хуб, парвариши хисоли нек мебошад. Агар аз хурдсолӣ хислатҳои неки инсониро муҷассам накунем, инсони хубро ба камол расонидан мушкил мегардад.
Фарзанд хубу бадро аввал дар оила мебинад, меомӯзад. Бачаҳо ба хулқу атвор, рафтору гуфтори калонсолон тақлид мекунанд. Мувофиқи гуфтаҳои мутахассисон кӯдак то ҳафтсолагӣ чӣ тавр тарбия бигирад, хулқаш дар оянда ҳамин тавр ташаккул меёбад. Хуб медонем, ки тарбияи фарзанд монанди бунёди биност. Набояд пойдевор аз аввал каҷ ниҳода шавад...
Писароне, ки аз кӯдакӣ падарро ғуломи модар, муомилаи дурушт ва фармондеҳии модарро нисбат ба падар дида, ба камол мерасанд, дар оянда кӣ мешаванд? Муҳите, ки «сарвар»-и оила зан аст, ба фарзандон бетаъсир намемонад. Аз хурдсолӣ дар онҳо чунин ақида ташаккул меёбад. Ва дар натиҷа ҷавонмардони ноӯҳдабаро, белаёқат, мутеъ ба воя мерасанд. Оё чунин ҷавонон аҳли оила, маҳбубаи худ, номусу Ватанро ҳимоя карда метавонанд? Охир, мард бояд мард бошад.
Дар гирдоби андешаҳо мерафтам, писараке аз дарвоза монанди тӯб парида баромад. Пешпо хӯрда ғалтид, бо вуҷуди ин, саросема аз ҷой хесту боз давид.
– Ҳа, нест шав, номат гум шавад. Ба дастам ғалтӣ, майда-майда мекунам, ту молбачая.
– О, модараш худатон не? – пурсидам баъди наздик шудан.
Зан ба ақиб нигаристу хандида гуфт: – Ин бачаҳо гапро гӯш накарда, баъзан аз ҳад зиёд ба асаб мерасанд.
Ӯ аз шарм сар хам карду сӯйи хонааш шитофт. Ин ҳол дер вақт аз пеши чашмонам дур намешуд. Чаро вақтҳои охир баъзе ҷавонмодарон бо ду-се кӯдак аллакай асабашон вайрон аст? Чаро оқибатро наандешида дуои бад мекунанд?
Комилҷон ҶӮРАЗОДА.
Самарқанд.