ДОМАНИ ЗАНОН ДАБИСТОНИ АВВАЛИНИ БАШАР АСТ...

Ё худ чанд гуфтори бузургон андар сифати зан

Зан ҳамсони мард озод офарида шудааст. Бигзоред, ки ин офаридаи зебо ва парвардаи навобиғи рӯзгор озод зист кунад.

Эй зан! Ту онӣ, ки ман мехоҳам дору надори ҳастии худро ба поят нисор кунам.

(Шекспир).

Домани занон дабистони аввалини башар аст. Зан аст, ки ба мо одобу ҳашамат ва каромати фаровонро бедареғ ҳадя мекунад. Ӯст, ки саркаштарин мардонро ром мекунад. Вазифаи зан тарбияи ахлоқи мард аст. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба қадри як зан, як модар инсонро ба фазлу муҳаббат ҳидоят карда наметавонад.

(Волтер).

Ҳеҷ муҳаббат ва неъмате барои як мард беҳтар аз як зан нест. Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфта аст.

(Адам Митскевич).

Зан ниме аз халлоқият аст, аммо нимаи беҳтарини он.

(Маҳатма Гандӣ).

Зан ёри мардони ҷавон, рафиқи мардони комил ва дояи пирамардон аст.

(Франсис Беген).

Зани оқил ба тарбияи шавҳари худ ҳиммат мегуморад ва марди оқил худро ба занаш вогузор мекунад, то ӯро тарбият кунад.

(Марк Твен).

Ибтидо ва асоси ҳар кори бузург аз бузургии зан аст.

(Август Кант).

Агар хосса барои одил будани Худо аз ман далеле бихоҳед, бе таҳаммул ҷавоб медиҳам: беҳтарин нишона ва рӯшантарин ояти инояти Худованд дар ҳаққи мо офариниши зан аст. Зеро ӯст, ки саодату некбахтӣ ва  аз ҳама болотар – муҳаббатро бо худ ба хонаи мо меорад.

(Самуэл).

Зан дар манзил анҷоме нест, ки мард мувофиқи иродаи хеш ӯро аз як ҷой ба ҷойи дигар гирифта гузорад, зан ходиме нест, ки барои мард фақат хӯрок пазад ва либосҳояшро шӯяд, балки шарики муҳтарам ва ҳаётии ӯ мебошад ва дар шодию ғам ҳамвора бо ӯст.

(«Тавфиқ-ал-ҳаким»)

Таҳияи Т. Мирҳаёев.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: