Дар яке аз ноҳияҳои дурдасти вилояти Фарғона – Ёзёвон клиникаи хусусии «DOCTOR XOLIQOV» бунёд гардид.
Клиникаи хусусии «DOCTOR XOLIQOV», ки моҳи ноябри соли сипаригардида дар яке аз ноҳияҳои дурдасти вилояти Фарғона – Ёзёвон ба ивази кредити «Ӯзмиллийбанк» қомат рост карда буд, бо таҷҳизоти пешқадамтарини тиббӣ ҷиҳозонида шуд. Дар муассисае, ки дар як вақт 65 нафар беморро қабул карда метавонад, бо кӯмаки технологияи интенсивӣ беш аз 15 намуди хидмати тиббӣ расонда мешавад. Табибони клиника дар Олмон ва Нидерландия малакаашонро такмил додаанд.
Аксбардор: М. Қодиров (ӮзА).