Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо ҳокими вилояти Хуросони Эрон Ғулом Ҳусайн Музаффар мулоқот кард.
Боиси хушнудист, ки бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарвари давлатамон риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, хосатан Ҷумҳурии Исломии Эрон густариш меёбад. Бинобар ин як гурӯҳ меҳмонон аз ин кишвар ба шаҳри Самарқанд ташриф оварданд.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо ҳокими вилояти Хуросони Эрон Ғулом Ҳусайн Музаффар суҳбати самимӣ ороста, дар бораи минбаъд бештару хубтар рушд додани ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии ду вилоят мубодилаи афкор намуданд.
– Хуросони Эрон музофоти маъмуриест дар қисми шимолии Эрони ҳозира, – барафзуд Ғулом Ҳусайн Музаффар, – дар мо кишоварзӣ, боғбонӣ ва ҳунармандӣ ба пояи баланди тараққиёт расидааст.
Бо таклифу пешниҳоди ду ҳоким қарор шуд, ки хатсайрҳои ҳавоии байни Самарқанду Машҳад ба роҳ монда шавад.
Инчунин бизнес форум низ баргузор гардида, бо соҳибкорону ҳунармандон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.