Бо ташаббуси бахши маркази маънавият ва маърифати ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт дар маҳаллаи Зарбдор таҳти мавзӯи «Либоси миллӣ нишонаи тамаддун ва фарҳанги миллист» чорабинӣ баргузор гардид.
Аз қадимулайём занону модарон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат ба шумор мераванд ва яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Боиси хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҳукумат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.
Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои зан бо сару либоси хосаи зебо меояд, чаро, ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.
Атласу адраси чашмрабои Намангону Фарғона, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Сурхон, гулдӯзиҳои нотакрор, алочаву шоҳии чирадастони Тошканду Қӯқанд, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ, зардӯзиҳои зебои занҳои ҳунарманди Бухорову Самарқанд хеле овозадор буда, либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилоҳои минтақаҳои кишварамон дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Бо ташаббуси бахши маркази маънавият ва маърифати ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт дар маҳаллаи Зарбдор таҳти мавзӯи «Либоси миллӣ нишонаи тамаддун ва фарҳанги миллист» чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагон аз бахши ноҳиявии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, фонди «Нуронӣ», раисон ва тарғиботчиёни ахлоқ ва маънавияти ҷавонони маҳаллаҳои Нурлиҳаёт, Янги Сергели, Янгичоштепа, Ал-Фарғонӣ ва ғайра иштирок намуданд.
– Чи тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспӯшии занону духтарон тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд ва ҳозир низ идома доранд.
Солҳои охир бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарон, ҷавонон, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасад, ки ин ниҳоят ташвишовар мебошад. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ расонад. Мо тарафдори либоси миллӣ ҳастем ва ҷавононро даъват мекунем, ки ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллиамон эҳтиром гузоранд, – мегӯяд роҳбари Маркази маънавият ва маърифати ноҳия Маҳмуда Норова.
– Албатта, эътибор ба либоси миллӣ аз оила, мактаб, маҳалла оғоз меёбад. Мо дар мактабҳои таълими умумии ноҳия озмуни «Либоси миллӣ нишонаи фарҳанги миллист» -ро эълон кардем. Дар арафаи иди Наврӯз ғолибони ин озмунро муайян хоҳем кард, – гуфт дар суҳбат мушовири занону духтарон ва оилаҳои маҳаллаи Ал-Фарғонӣ Ҷонон Абдуева.
Баробари фарорасии фасли зебои баҳор таваҷҷуҳи занону духтарон ба либосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан ва атласу адрас зиёд мегардад. Мардуми моро дар навбати аввал аз либосаш мешиносанд. Бинобар ин, мо бояд унсурҳои миллию хоси худро дошта бошем. Либоси зебо шахсро боз ҳам зеботар ва дилкаштар менамояд.
Саодат Бекназарова,
хабарнигори «Овози тоҷик».