Рӯзи 5-уми марти соли 2025 дар нашрияи New York Times мақолае дар бораи таҳқиқоти хусусиятҳои сиррии мағзи занон нашр гардид.
Олимон генеро кашф карданд, ки дар занон ба сустшавии пиршавии мағз мусоидат мекунад ва ҳамзамон робитаҳои байни терапияи гормоналӣ, менопауза ва бемории Алтсгеймерро омӯхтанд.
Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки мағзи занон дар муқоиса бо мағзи мардон як бартарӣ дорад – он сусттар пир мешавад.
Ин кашфиёт метавонад ҳам ба занон ва ҳам ба мардон дар пешгирии аз даст додани функсияҳои когнитивӣ дар пиронсолӣ кумак расонад.
Ин таҳқиқот рӯзи чоршанбе дар маҷаллаи Science Advances нашр шуд. Ҳамчунин, маҷалла боз ду таҳқиқоти дигарро дар бораи мағзи занон интишор кард. Яке таъсири терапияи гормоналӣ ба фаъолияти мағзро меомӯзад, дигаре бошад, робитаи байни синни оғози менопауза ва хатари гирифторӣ ба бемории Алтсгеймерро таҳқиқ кардааст.
Гени ҷавонсозандаи мағз
Олимон ҳангоми омӯзиши истеъмоли глюкоза дар мағз муайян карданд, ки мағзи занон аз ҷиҳати метаболикӣ аз мағзи мардон тӯли солҳо ҷавонттар боқӣ мемонад.
Таҳқиқотҳои дигар, ки ба нишонаҳои ДНК асос ёфтаанд, нишон доданд, ки мағзи занон тақрибан як сол ё бештар аз он нисбат ба мағзи мардон ҷавонтар аст.
Ҳангоми омӯзиши қобилиятҳои когнитивии пиронсолони солим низ маълум шуд, ки занон аз лиҳози хотира ва дарк аз мардони ҳамсоли худ беҳтар натиҷа ба даст овардаанд.