Инсон аз даме, ки худро мешиносад, муҳтоҷ ба дониш ва фарҳанг аст ва ин сармояро ӯ наметавонад бе мураббӣ ва устод аз бар намояд.
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Оре, ҳақ бар ҷониби шоир аст! Инсон аз даме, ки худро мешиносад, муҳтоҷ ба дониш ва фарҳанг аст ва ин сармояро ӯ наметавонад бе мураббӣ ва устод аз бар намояд. Саромади шеъри туркӣ Алишер Навоӣ бо он шаҳомат ва бузургияш устоди худ – Абдураҳмони Ҷомиро бо ибораҳои «Қиблагоҳ», «Устоди хотир», «Пири хирад» ном мебурд, ки ин эҳтиром нисбат ба устод барои мо намунаи ибрат аст. Дар ин бора ривояте низ вуҷуд дорад, ки бисёр ҷолиб аст:
«Рӯзе омӯзгори ҷавоне дар гузаргоҳе устоди даврони мактабиашро диду шинохт. Ба наздаш рафту аз ӯ пурсид:
– Маро дар ёд доред?
– Бале дар ёд дорам. Ба чӣ кор машғул ҳастӣ?
– Ман омӯзгор ҳастам. Шумо сабаб шудед, ки дар ман завқи омӯзгорӣ пайдо шуд.
– Наход? Бигӯ, чӣ гуна ман сабаб шудам?
Рӯзе ҳамсинфам ба дарс омад ва дар дасташ соати зебое дошт. Ӯ соаташро аз дасташ бароварду дар таги миз гузошт. Ман ҳамеша орзу мекардам, ки чунин соати зебо дошта бошам. Тоқатам тоқ шуду соати ӯро гирифтаму дар ҷайбам андохтам. Вақте ҳамсинфам соаташро наёфт, ба назди шумо гирякунон рафту гуфт, касе соаташро дуздидааст. Шумо ба сӯи мо нигоҳ карда гуфтед: «Ҳар касе соати инро гирифтааст, хоҳиш мекунам, онро баргардонад». Ман худро нороҳат ҳис кардам, аммо намехостам соат аз дастам равад, аз ин рӯ қоил нашудам. Шумо бошед, дарро маҳкам кардеду аз мо хоҳиш кардед, ки аз ҷоямон хезем. Гуфтед, ҳамаатон чашмонатонро пӯшед, мо чашмонамонро пӯшидем. Шумо ба сӯи мо омадед, ҷайби ҳар яки моро кофтед. Вақте соатро аз ҷайби ман ёфтед, ҳаракатро давом додед ва ҷайби дигаронро ҳам кофтед. Баъдан гуфтед, акнун метавонед чашмонатонро кушоед. Соатро ба соҳибаш баргардондеду дигар дар бораи ин моҷаро чизе ҳам нагуфтед. Дар он рӯз шумо маро назди ҳамсинфонам шарманда накардед. Маро дузд, дурӯғгӯй ва кӯдаки бетарбия нагуфтед. Ин амали хуби шумо боис шуду ман ҳам касби омӯзгориро интихоб кардам.
Ҳар ду лаҳзае хомӯш монданд.
Баъдан ҷавон аз устодаш пурсид:
– Вақте шумо маро дидед, ин моҷаро ба ёдатон наомад?
Устод ҷавоб дод:
– Вақте ҷайбҳои шумоёнро мекофтам, чашмони ман ҳам пӯшида буданд...»
Шоир Биноӣ устодро ҳатто аз падар ҳам пеш медонад:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Муҳтавои ин сатрҳо ишора бар он аст, ки устод ва омӯзгорон ба мисли падарон ба мо ғамхорӣ мекунанд, зеро шахсоне, ки дорои илму маърифатанд, дар ҳар давру замон мақому манзалати худро гум намекунанд ва қадр карда мешаванд.
Халқи мо аз халқҳои доноест, ки аз давраҳои қадим устодро васфу ситоиш менамуд, инро мо дар мисоли мақолҳои «Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар», «Шахси бемураббӣ мураббо намехӯрад» ва ғайра дида метавонем. Саъдии бузург таъкид менамояд, ки на ҳама инсон ба устод шогирди арзанда мешавад:
Саъдиё, Шерозиё, таълим мадеҳ бадзодро,
Бадзод агар оқил шавад, санге занад устодро.
Муаллим чароғест, ки бо илму дониш роҳи шогирдонро мунаввар мегардонад ва дар дили ӯ шамъи маърифатро фурӯзон мекунад. Аз ин нигоҳ, қадри устод дар назди шогирд басо баланд аст. Агар шогирд ба гуфтаҳои устод амал кунад, албатта, донишу камолоташ зиёд хоҳад шуд. Мутаассифона, дар ҷамъият шогирдоне низ вомехӯранд, ки ба устоди худ бо чашмони бад менигаранд, худро аз ӯ болотар мепиндоранд. Дар мисраъҳои болоӣ шоир ба омӯзгорон муроҷиат карда истодааст, ки дар интихоби шогирдон ҳушёр бошанд, чунки на ҳама шогирд сазовор ва лоиқи меҳнату машаққатҳои устод мегардад.
Шоире барҳақ фармудааст:
Як ҷавоне шав, ки байни халқ боло карда сар,
Бо сарафрозӣ падар гӯяд, ки ман дорам писар.
Халқ гӯяд: – Ҷон, писар, ҳастӣ, шавад умрат дароз,
Хок гирӣ зар шавад, раҳмат ба устоду падар!
Аз мисраъҳои болоӣ бармеояд, ки инсон бояд бо амали дуруст, илму дониш, ростию покӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи хеш ҳам худашро ва ҳам падару устоди худро шод гардонад. Шоир ба мо – ҷавонон муроҷиат карда, чунин ибрози ақида менамояд, ки бояд ҳар яки мо дар ҷомеа ҳамчун шахсони комил фаъолият нишон диҳем ва бо рафтору кирдор ва маърифат ҳамеша сазовори номи устод ва падар бошем, ки онҳо бо амалҳои мо ифтихор кунанд.
Дилдора Аҳмадова,
донишҷӯйи ДДБ.