Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 11-13 март бо сафари давлатӣ ба ин кишвар меравад.
Барномаи сафар дар шаҳри Париж баргузории музокирот ва чорабиниҳои сатҳи олӣ, инчунин мулоқотҳо бо доираҳои расмӣ ва соҳибкории Фаронсаро пешбинӣ менамояд.
Дар рӯзномаи мулоқотҳои дарпешистода масъалаҳои рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Фаронса ҷой дода шудаанд.
Ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ-молиявӣ, пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва корхонаҳои пешрафтаи Фаронса диққати махсус дода мешавад.
Дар поёни ин сафар қабули маҷмӯи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар назар аст.
Илова бар ин, Сарвари давлати мо бо директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле мулоқот карда, ҷанбаҳои амалии омодагӣ ва баргузории сессияи 43-юми Конфронси Генералии ин Созмонро тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд мавриди муҳокима қарор хоҳад дод.
Қайд кардан лозим аст, ки дар остонаи ин сафар барномаи чорабиниҳои пурмазмун баргузор мешавад.
Чунончи, 1 март дар шаҳри Гретс-Арменвил дар ҳудуди расадхонаи «Ураноскоп» нимпайкараи донишманди бузург Абу Райҳони Берунӣ гузошта шуд.
Ҳамзамон, рӯзҳои наздик дар шаҳри Париж форумҳо ва конфронсҳо дар бахшҳои тандурустӣ, илм ва маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва тиҷорат доир мегарданд. Дар шаҳрҳои Тулуза, Лион ва Нитса чорабиниҳои муштараки соҳибкорӣ баргузор хоҳанд шуд.