ТӮҲФА БА ТАШНАГОНИ АШЪОРИ НОБ

Ба қарибӣ дафтари шеърие бо номи «Ману мурғи чаман як нола дорем...» аз тариқи нашриёти «Muharrir nashriyoti»-и Тошканд ба ҳуруфи ниёгон – форсӣ ва ҳам тоҷикии кирилӣ дар як муқова ба теъдоди 1000 нусха рӯйи чопро дид.

Тавре ки ба ҳамаи мо маълум аст, нашри китобҳои тоҷикӣ сол аз сол зиёд мегардад. Ба қарибӣ дафтари шеърие бо номи «Ману мурғи чаман як нола дорем...» аз тариқи нашриёти «Muharrir nashriyoti»-и Тошканд ба ҳуруфи ниёгон – форсӣ ва ҳам тоҷикии кирилӣ дар як муқова ба теъдоди 1000 нусха рӯйи чопро дид. Муаллиф шоири шинохта, масъули бахши адабиёт ва ҳунари «Овози тоҷик», узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Абдулло Субҳон мебошад.

Дар китоби мазкур дубайтӣ ва рубоиҳои шоир дар бобҳои «Зи хоки мо дарахти дил бирӯяд», «Маҳрами роз», ҳамчунин зери номҳои «Ишқи заминӣ», «Ба қалам», «Ба модарам», «Парасту», «Тоҷикнома», «Синтабнома» ва суханрезаву катибаҳои орифона гирд омадаанд, ки ҳосили фикри бикру балеғи муаллифанд.

Ашъори лирикии шоир мавзӯъҳои дӯстӣ, ишқу ошиқӣ, муҳаббат ба Ватан, зебоиҳои табиат, меҳру оқибат, эҳтироми падару модар, гиромӣ доштани зан, тараннуми дӯстии халқҳо, панду ҳикмат ва ғайраро дар бар мегирад. Асарҳои ӯ хонандаро ба омӯхтани илму дониш ва саҳм гузоштан ба рушди равнақи Ватан даъват менамояд.

Гунаи форсии китобро Юнуси Имомназар таҳия кардааст.

Тавре ки дар сарсухани китоб академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода мегӯяд: «Дар ҷаҳони ботинӣ ва олами рангини шоир изтироби равониву руҳии қаҳрамони ғиноӣ бараъло эҳсос шуда, дар он мароми пуршӯри шоир ифода мешавад. Дар дубайтиҳои ӯ таъбирҳои латиф, ибораҳои малеҳ хеле зиёд корбаст шуда, баёну андешааш равшану рангин ва ниҳоят содаву равон мебошад.

Ин гуна баён ва ифодаи афкори амиқу пурборро дар рубоиҳои Абдулло Субҳон низ дидан мумкин аст. Дар ин жанри адабӣ шоир муваффақ аст, дар офаридаҳояш бо таҳаммул андеша меронад ва ҳақиқати аҳволи қаҳрамони ғиноиро пурэҳсос ифшо месозад. Вай расидан ба қадри одамӣ, нишот бурдан аз зиндагӣ ва дарёфти олами зебоиро дар рубоиҳояш хеле хуб тавсиф мекунад.

Ӯ бо камоли завқ ва меҳри саршор хислатҳои неки одамиро ситоиш карда, ба дунёи отифии инсон бо назари нек менигарад ва муродашро чунин ифода мекунад:

Одам ба ҷаҳон омадаву пас наравад,

Бо хас нишинад, валек чун хас наравад.

Аз гулшани зиндагӣ, ки хораш кам нест,

Ночида гули мурод як кас наравад.

Як қисми дубайтӣ ва рубоиҳои Абдулло Субҳон ба васфи табиат, зебоиҳои он, фаслҳои зебои диёр, тараннуми Наврӯз ва дигар расму оинҳои мардумӣ бахшида шудаанд. Шоир, махсусан, Наврӯзро бо тамоми ҷилою зебоиҳояш тасвир карда, шодиву хурсандии одамонро дар рамзҳои рангини ин оини ниёкон ифода мекунад».

Умед аст, ки хонандагони китоб аз сайри чаманистони сухани шоир баҳра мебаранд.

Далер Азизов,

хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: