КӮДАКОНИ КАРШ АЗ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ МАҲРУМАНД

Маҳаллаи «Карш»-и ноҳияи Сариосиё, ки таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад ва дар гузашта маскани илму зиё ба ҳисоб мерафт, имрӯзҳо ба муассисаи томактабӣ, шифохона, китобхонаи маҳалла, таъмири роҳи мактаб сахт ниёз дорад.

Дар Ӯзбекистон барои рушди тарбияи кӯдак ва таъмини таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Ҳукумат бо қабули қарор ва барномаҳои давлатӣ ҳамеша ҳаракат мекунад, ки фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабиро афзоиш диҳад. Дар Ӯзбекистон се шакли боғчаҳои хусусӣ ба роҳ монда шудааст.

Солҳои охир барои рушди таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон дар мамлакат бисёр корҳои лоиқи эътироф ба назар мерасад. Таълими томактабӣ барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон нақши муҳим дорад. Аз ҷумла, рушди равонӣ ва эмотсионалии кӯдакон, қобилияти идора кардани эҳсосот, ҳамдардӣ ва ҳамкориҳоро меомӯзад, ба мактаб омода мешаванд. Кӯдакон малакаҳои асосии хондан, навиштан ва ҳисоб карданро омӯхта ба таҳсилоти ибтидоӣ бе мушкилӣ ворид мешаванд, аз ҷиҳати иҷтимоӣ рушд мекунанд. Бо ҳамсолон ва калонсолон муошират карданро ёд мегиранд, ки ин ба мутобиқшавӣ ба муҳити мактаб мусоидат мекунад. Малакаҳои ҳаракатиашон такмил ёфта, машғулиятҳои варзишӣ ва бозиҳо барои рушди ҳаракатҳои дақиқ ва умумии кӯдакон ёрӣ мерасонад, дар муассисаҳои томактабӣ кӯдакон малакаҳои худхидматрасонӣ ва масъулиятро меомӯзанд. Тарзи суханронӣ, фаҳмиш ва нутқашон беҳтар мешавад. Аз ҷиҳати эҷодкорӣ рушд мекунанд: расмкашӣ, мусиқӣ, рақс ва ҳунарҳои дигарро ба тариқи таҷрибавӣ меомӯзанд, ба тарзи ҳаёти солим риоя карданро омӯхта, дар онҳо одатҳои гигиенӣ ва тарзи хӯрдани ғизои солим ва дуруст ташаккул меёбад. Эҳтиром ба дигарон, сабр ва интизорӣ дар навбат, пӯшидани либос, масъулиятшиносӣ ва иҷрои вазифаҳои худро меомӯзанд. Ранг, шакл, миқдорро ёд мегиранд.

Дар натиҷа кӯдаконе, ки дар боғчаҳо таҳсил мегиранд натанҳо дониши аввалинро меомӯзанд, балки шахсияти онҳо ташаккул меёбад.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар боби мавҷудияти боғчаҳои бачагона дар шаҳрҳо қариб, ки муаммо нест ва кам деҳаҳое ҳастанд, ки аз ин имкониятҳо маҳруманд. Ба шумори маҳаллаҳое, ки аз ин имконият бебаҳраанд, мутаассифона, маҳаллаи мо низ шомил аст.

Маҳаллаи «Карш»-и ноҳияи Сариосиё, ки таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад ва дар гузашта маскани илму зиё ба ҳисоб мерафт, имрӯзҳо ба муассисаи томактабӣ, шифохона, китобхонаи маҳалла, таъмири роҳи мактаб сахт ниёз дорад.

Дар маҳалла қариб панҷсад нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад. Доир ба масъалаҳои зикршуда ягон идораи дахлдоре намондааст, ки муроҷиат накарда бошанд. Муҳимтарини онҳо ташкил намудани муассисаи томактабӣ дар деҳа мебошад.

Дар маҳаллаи «Карш» кӯдаконе, ки ба муассисаҳои томактабӣ бояд фаро гирифта шаванд, аз панҷоҳ нафар зиёданд. Кушодашавии чунин муассиса дар маҳалла чандин нафарро бо кор таъмин намуда, сафи бекоронро коҳиш медиҳад ва ҳам барои кӯдакон бисёр муфид аст.

Айни замон дар маҳаллаи «Карш» мутахассисоне, ки ҳамин соҳаро хондаву ба кор ниёз доранд, ҳастанд, вале аз набудани ҷои кор дар хона бекор нишастаанд.

Агар мутасаддиёни соҳибандеша ба ин кори хайр даст зада камари ҳиммат банданд, аҳолии ин деҳаи дурдастро шоду масрур намуда, боиси хушҳолии тифлон мегардиданд.

Умед мекунем, ки мутасаддиён сари андеша меоянду чораҳои зарурӣ ва амалӣ роҳандозӣ мекунанд. Дар сурати амалӣ гаштани талаботи ҳаққонии сокинони маҳаллаамон мехостем, ки барномаи таълимӣ ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шавад. Зеро дар маҳаллаи мо ҳама тоҷиконанд.

Заррина Раҳматова,

омӯзгор ва роҳбари иттиҳоди методии забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 79-уми ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: