Дар маҷмааи марказии намоишгоҳи “Ӯзэкспомарказ”-и шаҳри Тошканд намоишгоҳи байналмилалии “AgroWorld Uzbekistan – 2025”, ки бори бистум баргузор мегардад, ифтитоҳ шуд.
Ин намоишгоҳ бо ташаббуси ширкати байналмилалии намоишгоҳии “Iteca Exhibitions” ва шарики он “ICA Eurasia Group” бо дастгирии ҳамкорони маҳаллӣ ташкил гардида, дар он зиёда аз 130 ширкат аз 23 кишвар ширкат меварзанд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ зикр гардид, ки соҳаи кишоварзӣ дар ташаккули маҳсулоти дохилии умумии Ӯзбекистон нақши пешбаранда дошта, дар истеҳсоли маҳсулот суръати устувори рушд ба назар мерасад.
Қайд кардан лозим аст, ки “AgroWorld Uzbekistan” чорабинии муҳими соҳаи агросаноат буда, имсол солгарди худро ҷашн мегирад. Ин намоишгоҳ ҳамчун платформаи боэътимод барои пешниҳоди инноватсия ва тамоюлҳои муосир дар кишоварзӣ, татбиқи онҳо дар истеҳсолот, рушди соҳибкории маҳаллӣ ва тавсеаи содирот эътироф шудааст. Аз соли 2006 инҷониб дар намоишгоҳ 1 846 ширкат аз 43 кишвар иштирок намудаанд.
Тибқи гуфтаҳои муовини директори генералии ширкати байналмилалии намоишгоҳии “Iteca Exhibitions” Ойимхон Бобоҷонова, равиши эҷодкорона дар ташкили намоишгоҳҳо, таҳлили ҳамаҷонибаи эҳтиёҷоти саноат ва бозор консепсияи самараноки “AgroWorld Uzbekistan”-ро муайян намуд.
Ҳамин тариқ, мутахассисон имконият доранд, ки бо таҷҳизот ва технологияҳо дар тамоми занҷираи истеҳсолот – аз парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва афзоиши чорвою парранда то ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдорӣ шинос шаванд.
Имсол дар намоишгоҳ зиёда аз 130 ширкат аз кишварҳои Ӯзбекистон, Белгия, Венгрия, Олмон, Дания, Ҳиндустон, Испания, Италия, Қазоқистон, Чин, Ҷумҳурии Корея ва дигар давлатҳо имкониятҳои худро муаррифӣ мекунанд.
Мутобиқи анъана, Туркия стенди миллии худро бо иштироки 12 ширкат намоиш медиҳад. Ташкилоти рушди савдои хориҷии Ҷопон (JETRO) бори аввал дар намоишгоҳ иштирок мекунад, ки ин воқеаи шоистаи таваҷҷуҳ аст. Ин ташкилот манфиат ва имкониятҳои 13 ширкати пешбари ҷопониро, ки ҳалли инноватсиониро барои бахши агросаноат пешниҳод мекунанд, намоиш медиҳад.
Дар байни дебютантҳои намоишгоҳ, ширкати испании “Agricola” таҷҳизоти ҷудо ва коркарди меваҳоро пешниҳод мекунад, дар ҳоле ки ширкати итолиёии “ROTA GUIDO” таҷҳизоти сохтмони фермаҳои чорводориро намоиш медиҳад, – гуфт О. Бобоҷонова.
Тибқи анъана, рӯзи дуюми намоишгоҳ, 12 март, Рӯзи фермерон баргузор мегардад. Дар доираи он, иштирокдорони намоишгоҳ бо роҳбарон ва мутахассисони калони хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ мулоқот хоҳанд кард.
Насиба ЗИЁДУЛЛАЕВА,
мухбири ӮзА.