МАКТАБИ ЧАШМА – ҒОЛИБИ ПУРСИШНОМА

Тавре муштариёни мо хабар доранд, чандест дар саҳифаи рӯзномаи «Овози тоҷик» бо мақсади беҳсозии сифати таълим, дастгирӣ ва ҳавасманд кардани омӯзгорон ва донишомӯзони фаъол, кумак барои ҳалли мушкилоти муассисаҳои таълими умумӣ ва амсоли он пурсишнома гузаронида мешавад.

Ба ҷои муқаддима

Тавре муштариёни мо хабар доранд, чандест дар саҳифаи рӯзномаи «Овози тоҷик» бо мақсади беҳсозии сифати таълим, дастгирӣ ва ҳавасманд кардани омӯзгорон ва донишомӯзони фаъол, кумак барои ҳалли мушкилоти муассисаҳои таълими умумӣ ва амсоли он пурсишнома гузаронида мешавад. Дар пурсишномае, ки 15-21 феврал гузаронида шуд, даҳ мактаби ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ширкат намуд, ки ҳар яке беш аз 700 нафар донишомӯзонро бо таълиму тарбия фаро гирифтаанд.

Дар он ҳамагӣ 3 ҳазору 391 нафар овоз доданд. Ин дар ҳолест, ки дар 33 мактаби таҳсилоти умумӣ (5-тои он мактабҳои тахассусии давлатист) 1 ҳазору 553 омӯзгор фаъолият мекунанд ва теъдоди донишомӯзони ин масканҳои маърифат 17 ҳазору 929 нафарро ташкил менамояд.

Бино ба натиҷаҳо мактаби таълими умумии рақами 11 (директораш Ҳабибҷон Ҷӯраев), ки 1 ҳазору 416 овоз ҷамъ овард, сазовори ҷойи якум гардид ва пирӯз эълон шуд. Дар ҷойи дуюм мактаби таълими умумии рақами 14 (директораш Садриддин Абдураҳмонов) бо ҷамъоварии 1 ҳазору 133 овоз қарор гирифт.

Ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 1 (директораш Адолатхон Нишонова) бо ҷамъоварии 251 овоз ҷойи сеюмро ишғол намуд. Мактаби таълими умумии рақами 10 (директораш Умедҷон Нуруллоев) 169 овоз ҷамъ намуд. Дар пайи он мактабҳои рақами 18-ум (80 овоз), 4-ум (73 овоз), 5-ум (71 овоз), 2-юм (69 овоз), 7-ум (66 овоз) ва 21-ум (63 овоз) ҳадди ақал натавонистанд, ки 100-то овоз ҷамъ кунанд.

Мутаассифона, чунин натиҷагириҳои пурсишномаро наметавон қаноатбахш арзёбӣ кард. Зеро аксари мактабҳои ноҳия ҳатто ба миқдори 10 фоизи шумораи умумии омӯзгорон ва донишомӯзони худ овоз ҷамъ карда натавонистанд, ки ин боиси нигаронист.

Сӯх – ноҳияи табиаташ ҷаззоб

Ноҳияи Сӯх аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон воқеъ гаштааст ва минтақаи эксклави вилояти Фарғона маҳсуб меёбад. Ҳар мусофире, ки азми Сӯх кардааст, чаҳор постгоҳи марзиву гумрукиро убур мекунад ва худро ба ин ноҳияи табиаташ ҷаззоб ва ҳавояш тозаву беғубор мерасонад. Ҳоло аз тариқи роҳи Риштон – Сӯх ва ё Водил – Сӯх метавон ба ин ноҳия рафт. Масофаи байни Риштон – Сӯх ҳудуди 35 километр ва байни Водил – Сӯх бештар аз 90 километрро ташкил мекунад.

Аҷиб аст, ки табиати ноҳия дар саросари он яксон нест. Дар деҳаҳои Ғазнов, Қалъача, Тӯл, Девайрон ва Умбара, ки дар ду соҳили қисмати фаромарзии рӯди Сӯх воқеъ гаштаанд, барф нисбат ба минтақаҳои дигари он хеле кам меборад.

Аммо дар шаҳраку рустоҳои Ровон, Янгиариқ, Қалъаи Поён, Қалъаи Боло, Мӯлгон, Чумоқча, Зангат, Тариқ, Чашма, Сафедкон, Пидиргон, Демирсад, Сариканда, Шарқобод, Қизилқиёқ, Ҳушёр ва чанд маҳаллаи дигари он фасли сарморо бе барфу боришҳои зиёд тасаввур наметавон кард. Ҳавои он дар ин рӯзҳо низ сард буда, баъзан ҳаракати мошинҳо тавассути ағбаҳои байни рустоҳо мушкил мешавад.

Рӯзи аввали сафар ҳаво софу беғубор буд. Чунин ба назар мерасид, ки ба ин ноҳияи кӯҳистон баҳор омадааст ва мардум ба кори деҳқонӣ оғоз хоҳанд кард. Вале субҳи дигар манзара комилан тағйир ёфт: барфи сап-сафед борид ва ҳаво хеле сард шуд. Як қисмати роҳҳои мошингард яхбандӣ ва ҳаракат дар он андак мушкилӣ эҷод намуд. Аммо тавре ки одамони рӯзгордида мегӯянд, акнун ҳатто як метр барф борад ҳам, боке надорад. Зеро баробари он ки офтоб боло мешавад, барф зуд об шуда меравад. Дарвоқеъ, муддати чаҳор рӯз, ки дар ноҳия будам, ду маротиба барф борид ва мардуми зиёд дубора дуди печкаву сандалиҳои худро баланд карда, мунтазири гармшавии ҳаво шуданд.

Бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 11 дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Чашма маскан гузидааст. Дар даромадгоҳи он чашми ҳар роҳгузар ба акси бузурги роҳбарони ду давлати дӯсту бародар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон меафтад. Ҳарду бо чеҳраҳои кушоду хандон паҳлӯи ҳам истодаанд ва дар симои онҳо нишонаи дӯстиву рафоқати ӯзбеку тоҷик равшан ҳувайдост. Чанд навиштаҷоти даромадгоҳи мактаб, ки ба он шукӯҳ бахшидаанд, ба ду забон китобат шудааст.

Ҳамроҳи директори мактаб Ҳабибҷон Ҷӯраев вориди саҳни мактаб шудем. Дар танаффуси калон, ба ҳавои сард ва барф нигоҳ накарда, чанд омӯзгор бо шогирдони худ суҳбат мекарданд. Дар чеҳраи онҳо шодиву тараб гул мекард. Яқинан барои онҳо ғолибият дар байни даҳ мактаби ноҳия мояи ифтихору сарбаландӣ буд. 

– Мактаби мо толори алоҳида надорад, барои ҳамин чорабиниро дар толори варзиш баргузор мекунем, – гуфт Ҳабибҷон Ҷӯраев ва ҳайрати маро дида афзуд: – Дар ин бора борҳо ба идораҳои болоӣ муроҷиат намудам, аммо то ҳол ягон натиҷа ба бор наовардаанд. Дар фасли сармо ва рӯзҳои боронӣ чорабиниҳои худро маҳз дар ҳамин толор мегузаронем. Чунки илоҷи дигар надорем. Директори мактаб боз таъкид кард, ки баъзан ба омӯзгорон ва донишомӯзони мактаб раҳмаш меояд. Зеро маҷбуранд, ки гоҳо ҳудуди якуним-ду соат сари дупо истода, чорабиниро паси сар намоянд. Аммо ин аз рӯйи адолат нест.

Маросими супурдани диплом дар сатҳи баланд ба вуқӯъ пайваст. Дар он ҷонишини ҳокими ноҳия оид ба сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ Илҳом Абдумаҷидов, мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия Фозилҷон Мирзоев ва фаъолони маҳаллаи Чашма ширкат намуданд.

Дар оғози маросим як гурӯҳ донишомӯзон таҳти сарварии омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Ҳотамалӣ Раҳматов дар бораи «Овози тоҷик», Модар – Ватан, забони модарӣ шеърҳо қироат карданд.

– Ин пирӯзии мактаби шумо боиси ифтихор ва сарбаландиҳост. Дар ҳақиқат, мактаби рақами 11-ро дар ноҳияи мо ҳамчун парчамбардори соҳаи таълиму тарбия эътироф менамоянд. Аз номи ҳокимияти ноҳия ҷамоаи мактаб ва ҷамъи донишомӯзонро бо ин дастовард табрику шодбош мегӯям. Шумо бори дигар собит намудед, ки дар байни мактабҳои ноҳия пешгому фаъол ҳастед. Умедворам, ки минбаъд низ ин анъанаи некро содиқона идома хоҳед дод, – гуфт Илҳом Абдумаҷидов.

Фозилҷон Мирзоев ба он нукта таваҷҷуҳро тамаркуз дод, ки таҳти роҳбарии Ҳабибҷон Ҷӯраев мактаб аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрати дигарон мебошад. Ба гуфтаи мудир маҳз масъулиятшиносӣ ва собитқадамӣ нисбат ба кори худ ва иҷрои супоришҳои шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия ҷамоаи ин мактабро дар байни кормандони таълими халқи ноҳия соҳибэҳтиром гардонидааст.

Директори мактаб аз ҷамъи омӯзгорон ва шогирдон, падару модарони онҳо, фаъолони маҳалла ибрози сипос намуд, ки дар пурсишномаи рӯзномаи муътабар ва минбари тоҷикони ҷумҳурӣ – «Овози тоҷик» маъмурияти мактабро аз наздик дастгирӣ намуданд.

– Ин дастгирии шумо хеле руҳбаланд ва сарфароз намуд. Минбаъд низ дар чунин пурсишномаҳои «Овози тоҷик» фаъолона ширкат хоҳем кард ва собит хоҳем намуд, ки ин рӯзномаро ҳамеша дастгирӣ карда, маводу матолиби онро бо шавқу завқ мехонем, – гуфт тантанавор Ҳ. Ҷӯраев.

Дар идома аз таҳририяти «Овози тоҷик» барои роҳандозии чунин пурсишнома ибрози қаноатмандӣ кард. Вай гуфт, ки пурсишномаи мазкур як идда ғафлатзадаҳоро аз хоб бедор намуд ва водор кард, ки нисбати чунин минбари худ дар сатҳи ҷумҳурӣ бетаваҷҷуҳ набошанд. 

Баъд дар фазои мутантан дипломи дараҷаи аввал ва туҳфаҳои хотиравии идораи «Овози тоҷик» тақдим гардид.

Мояи ифтихор ва пайравӣ

Додо Нишоновро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мешиносам. Вай дар бораи мавзӯъҳои гуногуни иҷтимоӣ фикру мулоҳизаҳои ҷолиб мунташир менамояд. Аммо мулоқоти ману ӯ маҳз дар ин мактаб ба вуқӯъ пайваст. Вай маро ба утоқе раҳнамоӣ кард, ки болои дари он навиштаи «Тарбия» насб шудааст.

Ин утоқ синфхонаи навтармимшударо мемонд. Аз тахтаи синф то ҷиҳози дигари он, ки ба гуфтаи Додо Нишонов барои тарбияи донишомӯзон гирдоварӣ кардааст, назаррабо ва қобили таваҷҷуҳ менамуданд.  Дар болои тахтаи синф фикрҳои Абдулло Авлонӣ бо ҳуруфи калон-калон навишта шудааст: «Наҷот – дар таълим, наҷот – дар тарбия, наҷот – дар дониш».  Дар тарафи дигар рамзи мори дусара ба чашм намуд, ки онро рамзи таърихии Сӯхи куҳан унвон мекунанд. 

– Қариб 32 сол аст, ки аз фанни «Таърих» дарс мегӯям. Чанд сол боз бозомӯзиши фанни «Тарбия» роҳандозӣ шудааст. Ин ҳамон утоқест, ки бо назардошти талаби давру замон барои дарси тарбия ташкил карда шудааст. Дар деворҳо аксҳои ситораҳои нобиғаи шеъру адаби форсу тоҷик, ки дар тарбияи фарзанд бештар ашъор офаридаанд, ҷой гирифтаанд, – гуфт Д. Нишонов.

Дар ин утоқ худро чун дар як хонаи пурфайз эҳсос намудам. Ҳама ҷо саранҷом ва ҳар як ашёи он ҷойи худро дошт. Ғайр аз суратҳои адибон, чанд табақи сафолин дар девор овезон буд, ки рӯйи онро суратҳои алломаҳо ҷило мебахшид. Маълум шуд, ки ин табақҳо бо дастони мӯъҷизакори кулолони машҳури риштонӣ сохта шудаанд.

– Ҳар чизе, ки назарро мерабояд, он як намунаи санъату ҳунари мардуми мост. Ин ҷо намунаи ёдгориҳои таърихиву меъмории шаҳрҳои қадимии мо акс ёфтаанд, ки барои донишомӯзон донистани он шарт ва зарур аст. Барои он ки духтаронамон асли матоъҳои либосҳояшонро бо дастони худ ламс кунанд ва донанд, ки он чӣ тавр тайёр шудааст, дар як гӯша намунаҳои матоъ чида шудаанд. Фарзандони мо ба тарбияи шарқона ниёз доранд ва мо наметавонем аз ин намуди тарбия сарфи назар намоем. Барои ҳамин таълиму тарбия баробар пеш бурда мешаванд, дар акси ҳол натиҷа хуб нахоҳад шуд, – изҳор намуд ӯ.

Додо Нишонов барои меҳнати пурсамар бо нишони «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва ордени «Дӯстлик» сарфароз гардидааст ва барои кормандони таълими халқи ноҳия мояи ифтихор ва пайравӣ мебошад. Аз ӯ суол кардам, ки барои беҳбуди таълиму тарбия чӣ бояд кард?

– Агар гӯям, ки ҳамаи шароит дар мактаби мо муҳайёст, дурӯғ хоҳам гуфт. Мактаб ягон тахтаи электронӣ надорад ва мо аз ҳаёт ақиб мондаем. Агар 2-3 адад тахтаи электронӣ дастрас шавад, нур болои нур хоҳад шуд. Дар бораи китобҳои дарсӣ низ мехоҳам фикрамро гӯям, ки тарҷимаи баъзе китобҳо таҷдиди назар мехоҳанд. Ҳатто дар бархе аз китобҳои дарсӣ вожаҳои иқтибосие истифода шудаанд, ки истилоҳи тоҷикии он дар забонамон мавҷуданд, – гуфт Додо Нишонов.

Тартибу интизом – шарти зарурии пешравии кор

Суҳбати мо бо ҷонишини директор оид ба таълим Мадаминҷон Аврорҷонов дар ҳамин маврид сурат гирифт.

– Дар мактаби мо тартибу интизоми қатъӣ ҷорист. Ягон омӯзгор бе иҷозаи директор дарсашро монда намеравад. Агар кораш барояд, ҳатман рухсат мепурсад. Хушбахтона, падару модарони зиёд бо маъмурияти мактаб дар тамоси доимӣ қарор доранд, чунки онҳо ба ояндаи фарзандон бетафовут нестанд. Аммо тавре ки биринҷ бе курмак намешавад, як идда падару модар нисбат ба тарбияи фарзанди худ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд ва намедонанд, ки писар ё духтарашон ба чӣ кор машғул аст, – мегӯяд М. Аврорҷонов. 

Тавре ки вай боз исрор варзид, маҳз бо айби баъзе падару модарон балои бади телефон фарзандони онҳоро ба доми худ кашидааст ва лаҳзае намегузорад, ки сар аз телефон боло кунанд. Маълум шуд, ки чунин тоифаи донишомӯзон ба дарсҳо бе тайёрӣ ҳозир мешаванд, аммо волидайнро ин ҳол нигарон намекунад.

– Мо чунин масъалаҳоро ҳам дар ҷамъомадҳои падару модарон муҳокима мекунем, онҳоро аз кирдору рафтор ва гуфтори фарзандонашон огоҳ месозем. Аммо ба далели он ки падари баъзе шогирдони мо дар хориҷанд, сарнавишти фарзандони онҳо зери суол қарор гирифтааст. Албатта, чунин тоифаи шогирдон хеле теъдоди камро ташкил медиҳанд, вале фалокате рух диҳад, боиси ташвиши ҳамаи мо хоҳад шуд, – иброз намуд ҷонишини директор.

Чаро риёзиётро фанни мушкил меноманд?

Мелибой Ҷӯраев дар мактаби рақами 11 аз риёзиёт сабақ медиҳад. Нахуст дар ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон ва аз соли 1991 дар ин мактаби 11-уми ноҳияи Сӯх фаъолият мебарад.

– Зимни мактабхонӣ ба «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар мавзӯъҳои гуногун хабар менавиштам. Вақти кор дар Косонсой низ каму беш ба навиштани хабару мақолаҳо шуғл меварзидам. Рӯзномаи Косонсой як саҳифаи тоҷикӣ дошт. Гуфтагӣ барин, аз рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» як сӯм-ду сӯм ҳақи қалам мегирифтам ва худро хушбахт меҳисобидам. Ман аз давраи мактабхонӣ рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро мехонам. Ҳоло низ мехоҳам «Овози тоҷик» ҳамеша дар дастам бошад. Аммо обуна хеле боло рафтааст ва шояд барои ҳамин сафи муштариёнаш кам шуда меравад, ки боиси афсӯс аст. Роҳи дигари тарғиби маводи онро бояд ба роҳ монд.

Ҳоло ҷамоаи «Овози тоҷик» дар пайи ҳамин талош мекунанд, то ки матолиби рӯзномаро дар ҳар гӯшаи дунё хонда тавонанд.

Сафҳаи телеграми он аллакай муштариёни зиёд пайдо кард. Ин хурсандибахш аст. Аммо онро боз афзоиш додан лозим, – мегӯяд вай.

– Шумо боз ба кадом кор машғулед?

– Як рисолаи хурд бо номи «Математикаи шавқовар» таълифу нашр кардам. Аз забони русӣ китобчаи «Ҳазор саволу ҷавоб барои талабагони иқтидорнок», аз ӯзбекӣ «Бо сад рӯ ба рӯ», «Математика ва зебоӣ»-ро баргардон намудам. 

– Мегӯянд, ки фанни риёзиёт яке аз фанҳои мушкилфаҳм мебошад.

– Бале, дарки он шояд барои баъзеҳо мушкил бошад, аммо ҳеч чӣ ба осонӣ ба даст намеояд. Дигар ин ки риёзиёт шоҳи фанҳост, ки бе он ягон соҳа пеш намеравад ва инро набояд фаромӯш кард!

– Барои беҳбуди матолиби рӯзномаи «Овози тоҷик» чӣ гуна пешниҳодҳо доред?

– Рубрикаҳои «Аз пайи мактуб», «Деҳаам – ифтихорам», «Нақл дар бораи ҳамасрони мо» баринҳоро бояд барқарор ва ҷоннок кард. Ба роҳбарони рӯзнома расонед, ки кормандони «Овози тоҷик» ба ноҳияи Сӯх, ба мактаби мо биёянд, дидору мулоқотҳо баргузор кунем, онҳоро аз наздик шиносем, табодули фикр намоем.

Иттиҳодияи методӣ: оё он фаъол аст ва ё ба ном вуҷуд дорад?

– Иттиҳодияи методии забони давлатӣ шаш нафар аъзо ва роҳбарии онро яке аз омӯзгорони пешқадами мактабамон Ҳотамалӣ Раҳматов ба зимма дорад. Иттиҳодияи методӣ имкон медиҳад, ки мо як қатор масъалаҳои баҳснокро дар миён гузорем ва бо кумаки якдигар ҳаллу фасл намоем, – мегӯяд омӯзгори забони давлатӣ Муяссар Атобоева.

Ба гуфтаи мавсуф вақте ки дар Маркази кишваршиносӣ, воқеъ дар маҳаллаи «Ҳазрати Алӣ» кор мекард, равуо барояш мушкил эҷод намуд ва ба ин мактаб ба кор гузашт. Ӯро директори мактаб хеле хуш қабул кард. Ҳоло омӯзгори соҳиби тоифаи дуюм мебошад ва дар синфҳои V-XI аз забони давлатӣ дарс мегӯяд.

– Барои он ки омӯзгор донишу малакаашро афзоиш диҳад, ғайр аз такмили ихтисоси иҷборӣ боз иҷрои кадом корҳо заруранд?

– Аз шахсони таҷрибанок дарси маҳорат гирифтан ва ба онҳо пайравӣ кардан малакаро зиёд мекунад. Инчунин хондани китобҳои бадеӣ ва донистани шеър забони омӯзгорро бурро менамояд.

– Шумо худ ба ин гуфтаҳо амал мекунед?

– Мутаассифона, мисли аксарият кайҳо боз китоби бадеӣ нахондаам. Аз ин хеле хиҷолатам ва ин камбудиро бартараф хоҳам кард. Шояд зиёд будани соатҳои дарс ва иҷрои корҳои дигар низ боис гардида, ки андак аз қироати китобҳои бадеӣ дур шудаем.

– Кадом иллатеро метавонед гуфт, ки ба пешрафти кори омӯзгор халал мерасонад?

– Сустии эътибори падару модар ба мактаб ва тарзи таҳсили фарзандон. Агар волидон гоҳ-гоҳ ба мактаб оянд, ба дарсҳо дароянд, иштироки фарзанди худро дар дарсҳо бевосита мушоҳида кунанд, ин ба беҳбуди кори таълиму тарбия мусоидат мекунад.

Суҳбат бо директор

– Дар мактаби мо 57 нафар омӯзгорон бо кори таълиму тарбия машғуланд. Аз ин шумор 12 нафарро омӯзгорони тоифаи олӣ, 5 нафарро омӯзгорони тоифаи якум ва 14 нафарро омӯзгорони тоифаи дуюм ташкил мекунанд. Се нафар ба гирифтани нишони Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон ва Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сазовор гардидаанд, – мегӯяд Ҳабибҷон Ҷӯраев.

Вай афзуд, ки баъди қадршиносии омӯзгорон аз тарафи Сарвари давлат эҳтиёҷ ба касби омӯзгорӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Ба таъкиди ӯ, обрӯи соҳибони ин касб дар муддати беш аз ду даҳсола коста гардид ва кадрҳои хуб низ ба муҳоҷирати корӣ рӯй оварда буданд, аммо ҳоло акси ин ҳол дида мешавад.

– Баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар кишвари соҳибистиқлоли мо обрӯву нуфузи омӯзгор дубора барқарор гардид. Ҳоло омӯзгор бо маоше, ки давлат муқаррар кардааст, хурсандона зиндагиашро пеш мебарад ва рӯзгори ободу осуда дорад. Ба ин гуна шароити мусоид бояд шукргузор бошем, – иброз медорад директори мактаб. 

Маълум шуд, ки ҳанӯз дар ин мактаб омӯзгори фанни физика намерасад. Барои ҳамин маҷбур шудаанд, ки чанд муддат аз омӯзгорони ӯзбекзабон истифода кунанд, ки каму беш забони тоҷикиро низ медонанд. Ҳабибҷон Ҷӯраев мегӯяд, баъди ду-се сол шогирдони мактаб, ки ҳоло дар донишгоҳҳо мехонанд, ин холигиро пур хоҳанд кард.

Вай дар робита бо истифодаи боғу замини мактаб таваққуф намуда гуфт, ки масоҳати умумии он 1,7 гектар мебошад. Дар замини корам маҳсулоти полизӣ мекоранд. Як қисми заминро боғи себу зардолу ташкил мекунад. Ба гуфтаи роҳбари мактаб даромади солона 10-15 миллион сӯм ва баъзан аз он ҳам зиёд мешавад, ки ин маблағ барои мустаҳкам кардани пойгоҳи моддӣ-фаннии мактаб, рағбатноккунӣ, харидории маводи кимиёвӣ, шаклдиҳии дарахтон, пардохти хидмати коммуналӣ, шудгори замин ва масрафи об харҷ мешавад.

– Бинои мактабамон соли 1994 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст ва аз ду бинои таълимӣ иборат буда, барои 570 донишомӯз пешбинӣ шудааст, аммо ҳоло 885 нафар фарзандони мардуми деҳаи Чашма дар он таҳсил мекунанд. Соли 2019 бори охир аз тармим бароварда шуд. Атрофи мактаб пурра иҳота шудааст. Дар ошхонаи мактаб 50 ҷойи нишаст мавҷуд. Биноҳо бо ангишт гарм карда мешаванд. Барои мактабамон боз як бинои дигар лозим аст, то кори таълиму тарбия дар як баст ба роҳ монда шавад, – мегӯяд Ҳабибҷон Ҷӯраев.

Матолиби саҳифаро хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Фарғона Мирасрор АҲРОРОВ ва мухбири ҷамоатии рӯзнома Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ омода намуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: