Тамоюли «Як маҳалла – як маҳсулот» таҷрибаи маҳаллаи «Иттифоқ»-и ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё буда, он бо ташаббуси Президент дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат паҳн мегардад. Ин ҷараён дар вилояти Бухоро низ беш аз пеш суръат мегирад.
Мо бо ин масъала ба садорати вилоятии Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон муроҷиат карда, огоҳ гардидем, ки вазифаи котиби матбуот дар ин ҷо холӣ аст. Аз ин рӯ, ду-се рӯз интизории мо бенатиҷа монд. Маҷбур шудем, ки ба худи сардори садорат муроҷиат кунем. Вай маро водор намуд, ки ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ибни Сино»-и ноҳияи Пешкӯ равам. Маълум шуд, ки ин маҳалла дар деҳаи Афшона аст. Вақте ба маҳалла расидам, Раиси маҳалла Уйғун Имомов ду нафар собиқадорони меҳнатро гусел мекард. Як лаҳза суҳбати мо бо онҳо қӯр гирифт.
Зикр гашт, ки ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ибни Сино» дар шафати шоҳроҳи «Янгибозор – Бухоро» байни ноҳияҳои Пешкӯю Рометан воқеъ гардида панҷ деҳа: Афшона, Ибни Сино, Янгиобод, Авдонӣ, Қӯрғонтеппаро ба бар гирифтааст.
Маҳалла 4829 нафар аҳолӣ, 1040-то хонадон, 1361-то оила дорад. Соли 2016 созмон ёфта, аз 1003,1 гектар иборат аст. Тоифааш «сабз» мебошад. Дар маҳалла 2-то мактаби таълими умумии рақамҳои 4 ва 26-ум, 2-то муассисаи таълими томактабии давлатӣ, 4-то боғчаи хусусӣ, техникуми саломатии Афшона фаъолият дорад.
Дар ҳудуд субъектҳои соҳибкорӣ ҷамъ 380-то. Ҳамаи хонадонҳо бо барқ ва гази табиӣ таъмин гашта, ба аҳолӣ оби нӯшокӣ бо ёрии нақлиёт расонда мешавад. Соли гузашта 3-то кӯча асфалтпӯш карда шуд.
Дар маҳалла маркази ҳунармандон созмон ёфта, дар он ҷо равияҳои дӯзандагӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, хонаи масҳи бачагон, қаннодӣ амал карда, 20 нафар бо кор таъмин шудаанд.
Бо мақсади ба соҳибкорӣ ҷалб кардани аҳолӣ, барои татбиқи 8-то лоиҳа 124 миллион сӯм кредит ва ба 11 нафар шаҳрвандон 89 млн. сӯм субсидия ҷудо карда шудааст.
Бояд таъкид намуд, ки машғулияти асосии аҳли маҳалла ҳунармандӣ, деҳқонӣ, чорводорӣ, соҳибкорӣ аст. 1700 нафар аҳолии маҳалла бо шуғл фаро гирифта шуда, 215 нафар барои кор ба хориҷа рафтаанд. 71 нафар бекоранд. Дар маҳалла 950 нафар соҳиби қитъаҳои назди ҳавлианд. Миқдори умумии заминҳои онҳо 57,5 гектар буда, ба ҳисоби миёна ҳар як хонадон 9-10 холӣ замин (гармхона) доранд.
Мо хостем бо яке аз кӯчатпарварони пуртаҷрибаи минтақа аз наздик шинос шавем. Бо ин мақсад сӯи деҳаи Авдонӣ, ба хонадони деҳқони пуртаҷриба ва пешқадами ҳудуд Мустақим Тошев раҳсипор шудем.
***
Хонадон дар шафати роҳи калон, дар кӯчаи ободе воқеъ гардидааст. Ҳангоме ки мо назди дарвозаи хонадони пуршукӯҳи зебо расидем, якчанд нафар аз соҳибхона кучатҳои помидор мегирифтанд. Баъди андаке таваққуф онҳо рафтанд ва суҳбати мо бо Мустақим Тошев сурат гирифт. Маълум гардид, ки вай фарзанди ҳамин деҳа буда, соли 1971 ба дунё омадааст, падараш Музаффарамак ронанда, модараш Фотима Бозорова колхозчии одӣ будаанд. Мустақим байни ҳафт фарзанди хонадон писари сеюм ба шумор меравад. Ӯ баъди хатми мактаби миёна дар техникуми совхози «Рометан» аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ таҳсил гирифта, баъди хидмати ҳарбӣ онро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1992 дар таълимгоҳи касбу ҳунар чун бухгалтер оғоз ёфтааст.
Баъди даҳ сол вай ба соҳибкорӣ рӯ оварда, дар 2 хол қитъаи наздиҳавлии худ гармхона бунёд кард. Ҳамин тариқ истеҳсоли ниҳолҳои помидору бодринг, сонитар қаламфури булғорию боимҷон, қаламфури тунду карам, харбузаю тарбуз ба машғулияти асосии аъзои оила табдил ёфт. Меҳнати софдилона ва машаққатнок самараи дилхоҳ медиҳад. Имрӯз гармхонаи аҳли хонадон ба 20-то расида, талабгорони маҳсулоти онҳо хеле афзудааст. Ҳоло нафақат аз вилояти Бухоро, балки аз вилоятҳои Қашқадарё, Хоразм, Самарқанд, Навоӣ, Сурхондарёю Фарғона низ харидорони кӯчатҳо меоянд. Бояд таъкид намуд, ки меҳнати бошууронаи 4 нафар аъзои оила: Мустақим Тошеву ҳамсараш, писараш Мирхону ҳамсари ӯ, инчунин 20 нафар ёварони онҳо барои шуҳратманд гаштани Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди эшон «Peshku mixed agriculture tomorqa xizmati» гаштааст.
– Харидорони вилоятҳои дигар бо Шумо ва корхонаатон чӣ гуна шинос шуданд? – пурсидам аз Тошев.
– Соли 2021 шабакаи телеграм кушода будем. Ба воситаи он маҳсулоти худро тарғиб мекунем.
– Аз водӣ ё Самарқанд барин минтақаҳое, ки кӯчатпарварӣ он ҷо рушд ёфтааст, омадани харидорон ҳайратовар аст?!
– Бале, дуруст гуфтед. Онҳо на ҳама вақт, балки моҳҳои муайян ба гирифтани кӯчатҳои мо меоянд.
– Дар як сол чанд бор ҳосил мегиред?
– 5-6 бор. Мо намегузорем, ки ҷои кӯчатҳои фурӯхтаамон холӣ истад. Дарҳол кишти такрорӣ мегузаронем. Маҳсулоти коридаамон вобаста ба фаслҳои сол дар муддати 10 рӯз (фасли тобистон ниҳоли помидор зуд тайёр мешавад), баъзеашон дар 60,70,75 рӯз омода мегарданд.
– Нархи ниҳолҳои шумо чанд пул?
– Аз 1200 то 2000 сӯм.
– Дар як сол чанд бех ниҳол мефурӯшед?
– Аз 1 миллион то 1,2 миллион бех.
– Савдои яксолаатон ба чанд сӯм мерасад?
– Ба 1,5-1,7 миллиард сӯм.
– Даромади соф чӣ қадар?
– 250-300 млн. сӯм. Шукр, аз паси меҳнат орзую умедҳоямон рӯи об мебарояд.
Соҳиби ду дӯкони хусусӣ, яхдони 50 тоннагӣ, автомобилҳои «Ласетти» ва «Дамас» гаштаем, тӯю маъракаҳо мегузаронем, писарамон соҳиби маълумоти олӣ бошад ҳам, аз рӯи ихтисоси дуюм дар Донишгоҳи техникии Тошканд таҳсилро идома медиҳад, 2 гектар боғу чорбоғ дорем...
Тавре дар боло таъкид ёфт, мувофиқи тамоюли «Як маҳалла – як маҳсулот» маҳаллаи «Абӯалӣ ибни Сино» асосан бо соҳаи гармхона – кӯчатпарварӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст, 950-то хонадон ва аъзоёни он ба туфайли ин соҳа хонадони хешро обод карда, ба орзую умедҳояшон мерасанд, аз рӯзгори пурнишот шукрона доранд.
Аз ҷумла, мо дар бораи яке аз онҳо – фаъолияти хонадони Мустақим Тошев қисман таваққуф кардем. Ҳол он ки бародар, додарону духтарон, инчунин ҷиянҳои ӯ низ ба ин соҳа рӯ оварда, ба туфайли меҳнати оқилона комёб мегарданд.
***
Маълум аст, ки тамоюли «Як маҳалла – як маҳсулот» таҷрибаи маҳаллаи «Иттифоқ»-и ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё буда, он бо ташаббуси Президент дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат паҳн мегардад. Ин ҷараён дар вилояти Бухоро низ беш аз пеш суръат мегирад. Ҳоло аз 544 маҳаллаи вилоят, аллакай дар 405-тои он корҳои назаррас ба сомон мерасанд. Бинобар имкониятҳои дохилиашон маҳаллаҳо ба соҳаҳои кӯчатпарварӣ, лимӯпарварӣ, занбӯрпарварӣ, токпарварӣ, меваю боғдорӣ, картошкапарварӣ, полизкорӣ, чорводорӣ, меваи резавор, боғдорӣ эътибори ҷудогона медиҳанд.
Аз ҷумла, дар маҳаллаҳои «Ибни Сино» ва «Садир»-и ноҳияи Пешкӯ ба кӯчатпарварӣ, «Работак»-и ноҳияи Бухоро ба лимӯпарварӣ, дар «Челонғу»-и ноҳияи Рометан ба сабзавотпарварӣ (сабзӣ, пиёз, картошка), дар маҳаллаи «Косарӣ»-и ноҳияи Вобкенд ба занбӯрипарварӣ рӯ овардаанд.
Ба роҳ мондани тамоюли «Як маҳалла – як маҳсулот», бешубҳа рушди соҳаи кишоварзиро суръат мебахшад.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.