ҲУҚУҚИ ЗАН ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Ӯзбекистон дар даҳсолаҳои охир ба пешрафти ҳуқуқи занон ва таъмини баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Бо назардошти талаботи ҷаҳон давлат кӯшиш мекунад, ки шароитҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро барои занон беҳтар созад, ки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъол иштирок кунанд.

Зиндагӣ зебост, аммо зеби ин дунё зан аст,

Машъали оинадору шамъи маҳфилҳо зан аст.

Зан-Модар! Офаридгор ва идомадиҳандаи насли инсон аст. Ӯ сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ мебошад. Тору пуди зан аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Бузургони олам низ дар назди зан-модар сари таъзим фуруд овардаанд. Имрӯз шоҳиди дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, илму маориф ва маънавиёт гардида, саҳми зан-модарро дар ин ҷодаҳо бараъло хоҳем дид. Ӯзбекистон дар даҳсолаҳои охир ба пешрафти ҳуқуқи занон ва таъмини баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Бо назардошти талаботи ҷаҳон давлат кӯшиш мекунад, ки шароитҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро барои занон беҳтар созад, ки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаъол иштирок кунанд. Бо роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев маҷлиси видеоӣ оид ба тадбирҳои баланд бардоштани низоми дастгирии занон, таҳким бахшидани мавқеи занон дар ҷомеа, пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ Президент чунин гуфт: «Тавре маълум аст, ки дар таърихи давлатдории мо дар тӯли ҳазорсолаҳо дар баробари намояндагони бузурги мо, ки сарбозу сиёсатмадори моҳир буданд, модарони мо низ дар рушду равнақ ва нашъунамои мамлакат бо зеҳни баланд ва тафаккури амиқи худ ҳиссаи беназир гузоштаанд».

Ҳамин тариқ, аз ин таҳлилҳо чунин хулоса метавон кард, ки истиқлолияти давлати мо барои занон шароити мусоид фароҳам оварда, заминаҳои ҳуқуқии баробарии гендерӣ, меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдорро барои баланд гардидани мавқеи занон дар ҷомеа пешниҳод кардааст. Дар навбати худ ин омил аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат имконпазир гардидааст. Ин сиёсат дар солҳои минбаъда низ идома ёфта, дар оянда мавқеи занон дар ҷамъият боз ҳам болотар мешавад!

Дилнура ҲАМИДОВА, донишҷӯйи бахши тоҷикии факултети филологияи хориҷии ДДТ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: