дар шаҳри Навоӣ бо иштироки намояндагони ВАО ва блогерҳои вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд ва Бухоро таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ба бехатарии ахбор чӣ гуна таъсир мерасонад? Имкониятҳои нав ва пешомадҳо» машварати минтақавӣ баргузор гардид.
Пешрафту равнақи илм ва техникаву технология сабаби ташаккулу такомули зеҳни сунъӣ ё интеллекти сунъӣ гардид. Зеҳни сунъӣ дар илми компутер соҳаест, ки ба эҷоди низомҳои он машғул аст. Ин низомҳо метавонанд вазифаҳои интеллектуалии ба монанди омӯзиш, мушоҳидаву таҳлил, қабул намудани қарор ва ҳалли масъалаҳоро иҷро кунанд. Зеҳни сунъиро имрӯз дар соҳаҳои тибб (ташхис, ёрии гуногун ба беморон), молия (таҳлили бозор, арзиши маблағҳо, пешгӯии саҳмияҳо), автомобилсозӣ, яъне мошинҳои ақлнок (мошинҳои бидуни ронанда), тарҷумаи матнҳо аз як забон ба забони дигар, бозиҳо (шатранҷ, шашка ва дигар бозиҳои фароғатӣ), тавсиядиҳӣ ба филмҳо ва мусиқӣ васеъ истифода мебаранд.
Пайдоиш, такмилу ташаккули зеҳни сунъӣ ба ақли инсон марбут аст. Чун кулли мавҷудоти табиат ба неку бад тақсим мешаванд, зеҳни сунъиро низ метавон ба ду мақсад, яъне созандагиву харобкорӣ мавриди истифода қарор дод. Бинобар ҳамин ҳам мардум аз хусусиятҳои зараровари зеҳни сунъӣ ҳамеша аз тариқи расонаҳои ахбори оммавӣ огоҳонида мешаванд. Ин мавзӯъ мудом мавриди назари хабарнигорону блогерон қарор дорад.
Дар доираи иҷрои Қарори Президент аз 27 июни соли 2022 «Дар бораи чораҳо оид ба дастгирии ВАО ва инкишоф додани соҳаи журналистика» дар шаҳри Навоӣ бо иштироки намояндагони ВАО ва блогерҳои вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд ва Бухоро таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ба бехатарии ахбор чӣ гуна таъсир мерасонад? Имкониятҳои нав ва пешомадҳо» машварати минтақавӣ баргузор гардид.
Онро раиси шуъбаи Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон дар вилояти Навоӣ Отабек Аслонов ва котиби дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят Шоҳира Рауфбоева роҳандозӣ намуданд.
Ҳамчунин бо ҳамкории ҳокимияти вилоят, Иттиҳоди журналистон ва шуъбаи вилоятии он пресс-тур баргузор гардид.
Иштирокдорон аз гармхонаҳои ҶММ «Zarafshon golden group» низ боздид ба амал оварданд. Ҳар як гармхона дар масоҳати 14,3 метри мураббаъ бунёд ёфта, ба истеҳсоли помидор машғул аст. Гармхонаҳо бозори дохилиро бо ин маҳсулоти босифат ва арзон таъмин намуда, 90 фоизи маҳсулоти худро ба Русия ва Қазоқистон содир мекунанд. Дар корхона 180 нафар бо шуғли доимӣ таъмин гардидаанд.
Ҳайати намояндагон аз корхонаи Biotech Reseach and Innovation дидан карданд, ки ба парвариши мор ва каҷдум тахассусонида шудааст. Лоиҳаи корхонаи мазкур соли 2024 дар ноҳияи Навбаҳор бо 20 миллион доллар сармояи хориҷӣ татбиқ гардидааст. Дар он 30 нафар бо шуғли доимӣ таъмин мебошанд. Ин ҷамъият барои парвариши 10 ҳазор сар мор, 3000 хазанда ва беш аз 20 ҳазор тортанак серпантарий ва террариум дорад.
Хабарнигорон ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони бинои китобхонаи сеошёна дар шаҳри Навоӣ аз наздик шинос шуданд. Китобхона дар як вақт ба 230 китобхон хидмат расонда метавонад. Бинои он аз ҷониби ширкати сохтмонии «Zarafshon Best Building» бунёд мегардад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.