ХОҶА АМОН КИСТ?

Дар маркази маҳаллаи Торинҷаки ноҳияи Ургут бо номи Хоҷа Амон мазороте ҳаст. Одамони гирду атроф ва мардуми маҳалҳои берун аз Самарқанд ҳам гоҳо хокҷои ин бузургворро зиёрат карда, бо ихлос даст ба дуо мебардоранд.

Дар паҳлӯйи мақбараи Хоҷа Амон чашмаи қадима ҷорист, ки киштзору боғоти маҳалҳои Тошариқ, Қӯштеппаю Паҳноб, Ҷайратеппаю Кӯтармаи деҳшӯрои бузурги Испанзаро шодоб мегардонад. Ман зуд-зуд ба Торинҷак рафта, оид ба мавзӯъҳои мухталиф мақолаҳо менависам. Дар яке аз ин сафарҳои эҷодӣ мардуми деҳа хоҳиш карданд, ки дар бораи таърихи деҳа ва кӣ будани Хоҷа Амон мақолаи муфассале нависам. Ин аст, ки ба маълумоти илмӣ ва асарҳои таърихӣ такя карда, андешаҳои худро рӯйи коғаз овардам.

Пеш аз ҳама, бояд дар бораи Торинҷак, таърихи он, Хоҷа Амон кист ва чикора буд, сухан гӯем.

Ин шахси муътабар дар шаҳри Балх таваллуд шудааст, номи аслиаш Муҳаммад ибни Фазл мебошад. Дар ин бора Абутоҳирхоҷа дар китоби «Самария»-и худ чунин маълумот медиҳад: «Мазори файзосори Хоҷа Амон дар яке аз маҳалҳои кенти Ургути вилояти Самарқанд буда, Хоҷа Амон аз авлиёҳои замони худ буд». Калимаи «хоҷа» дар «Энсиклопедияи ислом» (саҳ.537) чунин маънидод шудааст: «Хоҷа дар тасаввуф унвонест, ки ба шайхҳои тариқат, пирҳои бузург дода мешуд. Маълум мешавад, ки Хоҷа Амон, яъне Муҳаммад Фазли Балхӣ аз сӯфиёни бузурги олами тасаввуф будааст. Бино ба маълумот Муҳаммад Фазли Балхиро мутаассибон ба туфайли моҷароҳои мазҳабӣ аз зодгоҳаш рондаанд. Ӯ охирон дар Самарқанд паноҳ ёфта, аз пайи ривоҷи тариқат мешавад.

Ба қарибӣ муаллими тоифаи олии мактаби деҳаи Торинҷак Салоҳиддин Иброҳимов як пораи солу моҳу рӯзи чопаш номаълуми рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро ба дастам дод, ки дар он бо унвони «Хоҷа Амон кӣ буд?» (муаллифон Бадриддин Раҳимов, Раҳмонбердӣ Раҳимов) мақолае чоп шудааст. Дар он омадааст: «Низомиддин Алишери Навоӣ – Фонӣ дар асари «Таърихи анбиё ва ҳукамо»-и хеш, ки дар бораи ашхоси ривоятиву таърихии Осиёи Миёна ва Эрон баҳс менамояд, дар бораи Хоҷа Амон чунин иттилоъ медиҳад: «Муҳаммад ибни Фазл аз табақаи дувум аст, мутахаллис бо Абуабдулло, Балхиюласл. Мутаассибон ӯро аз Балх берун кардаанд, бегуноҳ ба ҷиҳати мазҳаб. Абуусмони Ҳиравӣ панду андарз шунидан хост ва аз Муҳаммад ибни Фазл пурсон шуд: «Аломати шақоват (бадбахтӣ) дар чист? Ӯ бигуфт: «се чиз аст: яке ба касе илм диҳанду амалу тавфиқ надиҳанд ва дигаре амал диҳанду дар он амал аз ихлос маҳруму бенасиб кунанд. Ва савум ба дарёфти дӯстони Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло даст ёбаду тариқи икрому эҳтиромро ба ҷо наоварад». 

Инчунин дар китоби «Очерки таърихи Ургут» С.Эркаев ва Раҷабқулов (Хуҷанд – 1995; саҳ.16) оварда мешавад: «Хоҷа Амон яке аз пайравони Муҳаммад с.а.в буда, барои дар байни аҳолӣ тарғиб кардани дини ислом хидматҳои шоиста кардааст».

Ғайр аз асари «Доир ба тарбияи нафс» ин бузургвор шояд муаллифи боз чандин асари илмӣ бошад. Ин тарафи масъаларо ба тадқиқотчиён ва олимони таърихшинос ҳавола мекунем. Бигузор, онҳо аз пайи ҷустуҷӯйҳои илмӣ шаванд ва паҳлӯҳои ноаёни фаъолияти Хоҷа Амонро рӯшан кунанд.

Маълуми ҳамагон аст, ки Президент Шавкат Мирзиёев барои равшан кардани таърихи ҳаёт ва фаъолияти алломаҳои бузург, обод намудани мақбараи онҳо, инчунин ба зиёратгоҳ табдил додани қадамҷойҳо фармону қарорҳои ҷолиб қабул кардааст. Мақбараи Хоҷа Амон ва манзараи дилфиреби атрофи он, чашмаҳои шаффофи қадимааш диққати ҳар як бинандаро ба худ мекашанд. Мардуми деҳаи Торинҷак кайҳо боз дар ҳаракати ба зиёратгоҳ баргардонидани хокҷои ин бузургвор мебошанд. Агар ҳокимияти маҳаллӣ барои амалӣ гардонидани орзуи мардум кӯмак расонида, қарори махсус барорад, торинҷакиён хурсанд мешаванд.

Торинҷак чӣ маънӣ дорад?

Акнун чанд сухан аз таърих, пайдоиши калимаи «торинҷак» ва мардуми ин деҳаи қадима. Ургут мавзеи хеле куҳан буда, аз ҷониби шарқу ҷануб бо қаторкӯҳҳо иҳота шудааст. Обу ҳавояш фораму рӯҳафзост. Дорои чашмасорони бисёр аст. Дар ин ҷо баробари дигар миллатҳо тоҷикон ҳам зиндагӣ мекунанд. Аҳолии деҳаҳои Вағаштӣ, Тоҷикнисбат, Камонгарон, Сойиғӯс, Сӯфиён, Торинҷак саросар тоҷиконанд.

Калимаи «торинҷак»-ро мо аз ягон китоби луғат пайдо карда натавонистем. Вале Торинҷак дар мавзеи кушоду равшан ва васеъ, пуртаровату хушбоду ҳаво ҷой гирифтааст. Пиронсолони деҳа, ривоят мекунанд, ки аслан мардуми ин манзил дар деҳи боло хонаву ҷой доштаанду дар поёни он, яъне дар ҳамин Торинҷак соҳиби боғҳои турунҷзор (як навъи нок) будаанд. Меваи туринҷ хурд бошад ҳам, бисёр ширину бомазза будааст. Ба фикри мо, ин маълумот ҷон дорад, зеро пасванди «ак» маънои хурд ва майдаро ифода мекунад, шояд аз ин рӯ ин мавзеъ номи «Турунҷак»-ро гирифта, бо мурури замон ба калимаи «торинҷак» мубаддал шуда бошад. Қобили қайд аст, ки дар давраҳои сонӣ бинобар зиёд шудани шумораи аҳолӣ деҳа ба ду тақсим мешавад. Ба фикри мо, аввал деҳаи боло ба миён омадааст. Чунки дар ин ҷо мазороти қадима ва мақбараи олими тасаввуф Хоҷа Амон ҷой гирифта буд. Агар ба ин санаду рақамҳо такя кунем, маълум мешавад, ки зиндагии мардум дар ин деҳкада ба асрҳои IX-X ва пештар аз он рост меояд. Чуноне ки дар боло қайд шуд, Хоҷа Амон ҳам ҳамон асрҳо дар ин музофот маскан гирифта, фаъолияти илмию адабии худро идома додааст. Чашмае, ки аз зери кӯҳ фаввора мезанад ва чанорҳои азиме, ки дар атрофи он қад афрохтаанд, аз ҷониби олимон ва муаррихон омӯхта шуд. Онҳо ба хулосае омаданд, ки чанде аз ин чанорҳо таърихи беш аз ҳазорсола доранд. 

Қобили қайд аст, ки мардуми ин деҳаи кӯҳистонӣ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар майдонҳои муҳориба қаҳрамониҳои беназир нишон додаанд. Як қисми онҳо дар ин ҷанги хонумонсӯз шаҳид шуда бошанд, шодарвон Ҷамол Раҳимов, Тӯйчӣ Саидов, Ҳақбердӣ Қурбонов, Зайнӣ Неъматов барин диловарон ба деҳа баргашта, аз пайи ҳаёти фаровон корҳои шоистаро ба ҷо овардаанд. Ҳоло дар деҳа ду мактаби таълими умумӣ фаъолият дораду дар онҳо беш аз 1520 нафар насли наврас таълиму тарбия мегиранд. Ҳар сол аксари хатмкунандагони ин таълимгоҳҳо ба донишгоҳу донишкадаҳои Самарқанду Тошканд ва Тоҷикистон дохил мешаванд. Ба ин муваффақиятҳо ҳиссаи аълочиёни таълими халқи Ӯзбекистон Мақсатилло Ғаффоров, Марҳабо Мирзоева, Самеъ Рустамов, Усмон Мансуров, Эргаш Қурбонов, Майсара Баҳромова, Раъно Неъматова барин зиёиён хеле назаррас аст.

Ҳамза ҶӮРА,

узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: