Ӯзбекистон ва Фаронса шарикии стратегиро барқарор карданд

  • Ӯзбекистон ва Фаронса шарикии стратегиро барқарор карданд

Дар натиҷаи музокирот дар шаҳри Париж Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон Эъломияи муштарак оид ба барқарорсозии шарикии стратегиро қабул карданд.

Дар ҳузури сарони давлатҳо Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳаракати мутахассисон ва донишҷӯён, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба озод намудани дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ аз талаботи раводид, инчунин Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ, ки татбиқи лоиҳаҳои ояндадори ҳамкориро бо ширкатҳои пешбари фаронсавӣ дар Ӯзбекистон ба маблағи 6,5 миллиард евро дар назар дорад, ба имзо расиданд.

Дар ҷараёни сафари давлатӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расиданд:
– Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таъсиси Донишгоҳи ӯзбекӣ-фаронсавӣ;
– Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба реадмиссия;

– Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои солҳои 2025–2026;
– Барномаи ҳамкорӣ бо Агентии рушди Фаронса барои солҳои 2026–2030;
– Эъломия оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ;
– Эъломия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

– Протокол оид ба густариши таълими забони фаронсавӣ;

– Эъломия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои мусиқӣ, кино ва театр;
– Созишномаҳои ҳамкорӣ байни Фонди рушди фарҳанг ва санъат бо Вазорати фарҳанг, Институти миллии мероси фарҳангии Фаронса ва Институти фаронсавии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ;

– Протокол оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Тошканд ва Париж ва дигар ҳуҷҷатҳои дуҷониба.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: