Дар идомаи барномаи сафар дар шаҳри Париж Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо намояндагони доираҳои пешбари соҳибкории Фаронса мулоқот анҷом дод.
Роҳбари кишвари мо қаблан дар ҷараёни сафари расмии худ ба ин кишвар дар солҳои 2018 ва 2022, инчунин дар саммити Самарқанд дар соли 2023 бо намояндагони тиҷорати фаронсавӣ мулоқот карда буд.
Форуми имсола идомаи ин муколамаи ошкоро ва созанда гардид. Хусусияти хоси он иштироки роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои бахши хусусии Ӯзбекистон буд.
Дар ин чорабинӣ вазири ваколатдори Фаронса оид ба савдои хориҷӣ ва корҳои шаҳрвандони Фаронса дар хориҷ Лоран Сен-Мартен, директори генералии Агентии рушди Фаронса Реми Риу, сарвари MEDEF International ва раиси раёсати ширкати Orano Mining Клод Имовен, инчунин зиёда аз 60 роҳбар ва намояндагони ширкатҳои пешбари ду кишвар, муассисаҳои сармоягузорӣ ва молиявию бонкӣ ширкат варзиданд.
Тиҷорати Фаронса аз ҷониби чунин ширкатҳо: SUEZ, Veolia, Total, EDF, Voltalia, Orano, Meridiam, Saint-Gobain, Imerys, Natixis, Société Générale, BPI France, Airbus, MND, Eiffage, Schneider Electric, Total Energies, Alstom, Technip Energies, Egis, ADP Group, Ellipse Projects, Assystem, ATR ва дигар намояндагӣ карда шуд.
Сарвари давлати мо дар суханронии худ ба гуфтушунидҳои судманде, ки бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон баргузор гардиданд, баҳои баланд дод, ки дар рафти онҳо ба дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ диққати махсус дода шуд.
Натиҷаи асосии вохӯрӣ қабули қарори таърихӣ оид ба баровардани муносибатҳои Ӯзбекистон ва Фаронса ба сатҳи шарикии стратегӣ гардид.
Ҳамчунин, нақши ширкатҳои пешбари ҳарду кишвар ҳамчун муҳаррики асосӣ дар тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба таъкид карда шуд.
Ба намояндагони доираҳои соҳибкории Фаронса барои дастгирии стратегияи ислоҳоти бебозгашти иқтисодӣ дар Ӯзбекистони Нав изҳори сипос карда шуд.
Ба натиҷаҳои судманди сафари роҳбарони ширкатҳои бузурге, ки ба таркиби MEDEF дохил мешаванд, ба шаҳри Тошканд дар моҳи январи соли ҷорӣ баҳои баланд дода шуд.
Бо қаноатмандӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак бо ширкатҳои фаронсавӣ дар соҳаҳои стратегии иқтисоди кишвари мо қайд гардид.
Ба ҷалби фаъолонаи сармоягузориҳои фаронсавӣ, татбиқи технологияҳои пешрафта, истифодаи роҳҳалҳои лоиҳавӣ ва таҷрибаи ғании ширкатҳои ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Президенти Ӯзбекистон густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Фаронсаро ҷонибдорӣ намуд.
Ба ин ҳадаф Барномаи ҳамкории инноватсионӣ ва саноатӣ то соли 2027 бо ширкатҳои фаронсавӣ мусоидат хоҳад кард, ки дар он самтҳои мушаххас ва лоиҳаҳо ба маблағи 6,5 миллиард евро пешбинӣ шудаанд.
Пешбинӣ шудааст, ки дар доираи татбиқи он воситаҳои самарабахши дастгирии молиявии ташаббусҳои соҳибкорӣ бо иштироки фаъоли бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии пешбари Фаронса ҷорӣ хоҳанд шуд.
Роҳбари кишвари мо самтҳои ояндадори рушди ҳамкории тиҷоратии ӯзбекистониву фаронсавиро, аз ҷумла амсоли
азхудкунии конҳои ояндадори маъданӣ ва коркарди амиқи захираҳои канданиҳои фоиданок, таъсиси майдонҳои истеҳсолии муосирро дар бахшҳои масолеҳи сохтмонӣ, кимиё ва дорусозӣ, саноати электртехникӣ ва кишоварзӣ муайян кард.
Барои рушди ҳамкорӣ тавсеаи иқтидорҳои тавлиди нерӯ дар соҳаи энергетика ва системаҳои захираи энергия, навсозии инфрасохтори обтаъминкунӣ, коммуналӣ, сайёҳӣ ва нақлиётӣ дар минтақаҳои Ӯзбекистон иқтидори бузурге мавҷуд аст.
–Барои дастгирӣ ва суръат бахшидани лоиҳаҳо бо иштироки ширкатҳои ҳарду кишвар, пешниҳод мекунам, ки Шӯрои доимии сармоягузории Ӯзбекистону Фаронса таъсис дода шавад. Аз ҷониби мо ба он Сарвазири Ӯзбекистон раҳбарӣ хоҳад кард. Вохӯрии аввалро мо метавонем моҳи июн дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд баргузор кунем. Ҳамаи шуморо даъват мекунам, ки ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ин шӯро дар чорабинии пешомада фаъолона ширкат варзед, – таъкид намуд роҳбари давлат.
Дар навбати худ, намояндагони тиҷорати Фаронса пешниҳодҳо ва нақшаҳои мушаххаси худро барои тавсеаи ҳамкорӣ баён карданд.
Роҳбари кишвари мо ба намояндагони доираҳои соҳибкорӣ барори кор таманно намуда, ба роҳбарони вазоратҳо ва идораҳои дахлдор супориш дод, ки назорати иҷрои созишномаҳои бадастомадаро дар асоси "харитаҳои роҳ", ки аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон тасдиқ мешаванд, таъмин кунанд.