Дар доираи барномаи будубош дар шаҳри Париж маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Ордени Легиони фахрӣ – мукофоти олии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид.
Мукофоти баландро ба роҳбари давлати мо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ботантана супурд.
Президенти Ӯзбекистон барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкориҳо байни Ӯзбекистон ва Фаронса, таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни мардумони ду кишвар бо ин орден сарфароз гардид.
Роҳбари кишвари мо, ба Президенти Фаронса барои ин ҷоиза самимона изҳори сипос намуда, бо қаноатмандӣ натиҷаҳои баланди ҳамкории судмандро дар солҳои охир зикр кард, ки гувоҳи баровардани муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ мебошад.
Ордени Легиони фахрӣ соли 1802 таъсис ёфтааст. Дар Фаронса ин орден нишони олии шараф ва эътирофи давлатӣ барои хизматҳои махсус маҳсуб мешавад.