Дар Қасри Елисей ба ифтихори Президенти Ӯзбекистон қабули давлатӣ баргузор гардид

  • Дар Қасри Елисей ба ифтихори Президенти Ӯзбекистон қабули давлатӣ баргузор гардид

Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар Қасри Елисей қабули расмии давлатиро ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор намуд.

Дар ин қабул ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар, аъзои Девони Вазирон таҳти роҳбарии Сарвазир Франсуа Байру, шахсони маъруфи фарҳанг, санъат ва илм, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

Роҳбари кишвари мо ба Эммануэл Макрон ва ҳамсарашон Брижит Макрон  муроҷиат намуда, барои қабули гарму самимӣ изҳори сипос намуда, аҳамияти таърихии музокироти имрӯзаро таъкид кард, ки дар натиҷаи он муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ баромаданд.

Дар суханронии худ, роҳбари Фаронса натиҷаҳои музокироти баргузоршуда ва созишномаҳои баимзорасидаро истиқбол намуд.

Дар тӯли чанд сол мо тавонистем ҳамкориҳои дарозмуддатро дар соҳаҳои муҳим, ба монанди энергетика, идоракунии захираҳои об, хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёт ва сайёҳии устувор ба роҳ монем. Ба сифати исбот метавонам далеле оварам, ки бо дастгирии ҳукумати Фаронса ва Агентии фаронсавии рушд ширкатҳои кишвари мо ба Ӯзбекистон сармоягузорӣ мекунанд, арзиши иловагӣ эҷод мегардад, ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳо таъсис меёбанд, ҷавонон касбҳои муосирро аз худ намуда, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо мекунанд, – гуфт Эммануэл Макрон.

Дар ҷараёни чорабинӣ, ҳар ду ҷониб омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Фаронса ба манфиати мардумони ду кишвар иброз намуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: