Трамп: Гурӯҳи музокиракунандагони ИМА ба Москва рафтаанд

Президенти ИМА Доналд Трамп изҳори умедворӣ кард, ки Федератсияи Русия бо оташбас дар Украина розӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин сурат, ӯ маҷбур нахоҳад шуд чораҳои фишор ба Москваро, ки барои он "ногувор" мебуданд, татбиқ кунад.

Пас аз расидан ба созиш бо Киев дар бораи оташбас, музокиракунандагони амрикоӣ аллакай барои машваратҳо ба Москва рафтаанд. Онҳо "айни замон" ба он ҷо равонанд, изҳор дошт Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи чоршанбе, 12 март, дар Вашингтон ҳангоми мулоқот бо Сарвазири Ирландия Михол Мартин.

Ба гуфтаи Трамп, ӯ "умедвор" аст, ки Президенти Русия Владимир Путин ба оташбас дар Украина розӣ мешавад. Дар посух ба саволи рӯзноманигорон дар бораи эҳтимоли чораҳои фишор ба Москва, раҳбари Амрико гуфт: "Корҳое ҳастанд, ки бояд анҷом дода шаванд ва онҳо метавонанд нохушоянд бошанд. Аз нигоҳи молиявӣ, ман метавонам иқдомоте анҷом диҳам, ки барои Русия хеле вазнин хоҳад буд. Ман намехоҳам ин корро кунам, зеро ман сулҳ мехоҳам".

Дар навбати худ, ноиби президенти ИМА Ҷей Ди Вэнс қайд кард, ки байни намояндагони ИМА ва Русия аллакай музокироти фаъол ҷараён доранд. Вай натиҷаҳои аввалини талошҳои дипломатиро барои поёни ҷанг дар Украина мусбат арзёбӣ кард, менигорад dw.com. Мо фикр мекунем, ки мо ҳоло дар мавқеи хеле хуб ҳастем: украинҳо ба оташбас розӣ шуданд ва ҳоло мебинем, ки оё мо метавонем Русияро ба ин розӣ кунем ё на”, гуфт ӯ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: