Фарқи байни нафақа ва кӯмакпулӣ дар чист?

Аксари шаҳрвандон калимаҳои "нафақа ва кӯмакпулӣ-ро як мафҳум меҳисобанд. Яъне, калимаи "кӯмакпулӣ" ҳамчун тарҷумаи калимаи "нафақа" аз забони русӣ фаҳмида мешавад. Дар асл, ин ду калима маънои гуногун доранд. Пас, фарқият дар чист?

Нафақа – пардохти ҳармоҳаи пулӣ мебошад, ки ҳуқуқи гирифтани он мутобиқи шартҳо ва меъёрҳое, ки Қонун муқаррар кардааст, муайян карда мешавад ва ба шахсон дар робита бо расидан ба синни нафақа, маъюбӣ ё аз даст додани парастор дода мешавад.

Маблағи нафақа вобаста ба собиқаи корӣ ва музди меҳнати шаҳрванд муайян карда мешавад.

Кӯмакпулӣ – пардохти ҳармоҳаи пулӣ буда, ба шахсоне дода мешавад, ки мувофиқи шартҳо ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонун бинобар расидан ба синни нафақа, маъюбӣ ё аз даст додани парастор ҳуқуқи гирифтани нафақаи давлатиро надоранд.

Кӯмакпулиҳо бо андозаҳои собит, ки қонун муқаррар кардааст, пардохт карда мешаванд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: