Мушовири президенти АМА оид ба масъалаҳои дипломатӣ Анвар Гаргош ба вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Арагчӣ мактуби президенти ИМА Доналд Трампро, ки ба раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, равона шуда буд, супурд.
«Дар ҷараёни мулоқот дар Теҳрон ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд. Анвар Гаргош мактуби президенти ИМА-ро супурд», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Эрон.
Тибқи ҳуҷҷат, Арагчӣ «зарурати тақвияти ҳамкории кишварҳои минтақаро бо мақсади ҳифзи манфиатҳои давлатҳои Ховари Миёна» таъкид кард, Гаргош изҳор дошт, ки АМА омода аст муносибатҳоро бо Эрон рушд диҳад.
Трамп борҳо ба Эрон таҳдид кардааст, ки дар сурати рад кардани созиш бо Вашингтон оид ба барномаи ҳастаии Эрон, аз қувваи ҳарбӣ истифода хоҳад кард. Пешвои Амрико фармонеро дар бораи бозгашт ба сиёсати фишори ҳадди аксар имзо карда, изҳор дошт, ки иҷозат намедиҳад, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ дошта бошад. Хоманаӣ таъкид кард, ки Теҳрон дар зери фишор гуфтушунид нахоҳад кард, — хабар медиҳад tass.ru.
7 март Трамп эълом дошт, ки ба Хоманаӣ паём ирсол кардааст ва пешниҳод намудааст, ки гуфтушунид оид ба барномаи ҳастаӣ баргузор шавад. Дар посух, пешвои Эрон гуфт, ки ИМА танҳо манфиатҳои худро дунбол мекунад, бинобар ин Теҳрон зидди гуфтушунид бо Вашингтон мебошад. 12 март Хоманаӣ изҳор дошт, ки изҳороти Трамп дар бораи омодагӣ ба гуфтушунид фиреби афкори умумии ҷаҳонӣ аст. Ӯ илова кард, ки агар Эрон мехост силоҳи ҳастаӣ офарад, ИМА наметавонист онро манъ кунад.