САРВАТ АЗ МЕҲНАТ ОЯД

Яке аз солхӯрдагони деҳаи Вардонзеи кӯҳнаи шӯрои ҷамоавии Ҷӯйнави ноҳияи Шофиркон Ашурбобои 92 сола солиёни дароз дар хоҷагии давлатии ҷангали Шофиркон ҳамчун назоратчии мамнӯъгоҳи «Вардонзе» меҳнат кардааст.

Мамнӯъгоҳ дорои намуд ва хелҳои зиёди ҳайвонот ва наботот буда, қӯруқшиканҳо баъзан заргӯши даштӣ, рӯбоҳ ва мурғони ёбоиро шикор карда, қонуншиканӣ мекарданд. Ба тартиб даъват кардану огоҳонидани Ашурбобо на ҳамеша самарабахш буд...

Ашурбобо охирон барои пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш як гӯшаи мамнӯъгоҳро ҷойи иқоматӣ қарор дода, дар ин манзил иморат бардошту кӯчида омад. Ӯ дар ин ҷо аз пайи бунёд кардани навъҳои зиёди ангурҳои ба иқлими маҳал тобоварандаи ҳусайнӣ, ҳасанӣ, обӣ, маска, туркманӣ, ғуломӣ, шибирғонӣ, тоифӣ ва ғайра шуд, ки бисёрии онҳо дар арафаи нестшавӣ қарор доштанд. Дар гирду атрофи ҳавлиаш аз навъҳои зардолуи хоси ин диёр монанди паққа-паққа, қандак, луччак, ширпайванд, гелоскунак, маҳтобӣ ва аз дарахтони манзаравии бед, маҷнунбед, сафедор ва гуҷуми чинӣ чорбоғи калонро бунёд карда тавонист.

Агар ба ҳавлии Ашурбобо сар халонед, чашматон ба боғи васеъ – аз саксавул сар карда то дарахтони сарбафалаккашида меафтад. Дар гармои ҷонгудози тобистон кас мехоҳад дар кати чӯбини болои ҳавзи ин чаманзору бӯстон истироҳат кунад...

Ашурбобо бо ҳамсараш 11 нафар фарзандро ба воя расонида, соҳиби хонаву дар кард. Фарзанди калониаш Розия хатмкунандаи Донишкадаи педагогии ба номи Шевченкои Душанбе буда, як муддат дар ин шаҳр умргузаронӣ кардааст.

Фарзанди дуюм Баҳодур омӯзгори фанни таърих, ӯ низ дастпарвари ин донишкада буд. Фарзанди дигар Маҳмудҷон Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар ин ҷо бо кори илмӣ машғул шудааст. Пас аз чанд муддати омӯзгорӣ дар ин донишгоҳ ба Бухоро баргашта, кори илмиашро давом дод. Ӯ солиёни дароз факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Бухороро сарварӣ намуд. Писари хурдӣ Рустамҷон бошад, дар канори падар буда, кори ӯро идома медиҳад. Фарзандони боқимондаи қаҳрамони мо низ соҳиби аҳлу фарзандон буда, дар ҳаёт ҷойи муносиби худро пайдо карда тавонистанд.

Мегӯянд, ки агар сарват аз меҳнат ояд, зиндагӣ зебо хоҳад шуд. Ашурбобо саодатмандиро аз меҳнат, меҳру муҳаббати беандоза ба табиату ҷамъият, таълиму тарбияи хуби фарзандонаш пайдо кардааст, ки ба чунин одамон ҳама бо чашми ҳавас менигарад.

Алимурод Темиров,

ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: