Имрӯзҳо афзун гардондани даромади аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба шумор меравад.
Дар ин бобат аз тарафи ҳукуматамон ҳамаҷониба шароит фароҳам оварда мешавад. Якчанд қарору фармон қабул карда шуд, ки барои ташкил намудани ҷойҳои корӣ, ба аҳолӣ додани кредит, имтиёзҳо барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна хидмат мекунад.
Заминҳои наздиҳавлӣ дар ҳудуди деҳот яке аз манбаъҳои зарурӣ ва доимӣ ба шумор меравад. Аҳолӣ дарахтҳои меванок мешинонанду току чорво, сабзавоту парранда парвариш мекунанд.
Дар деҳа одами бекор нест. Аз хона берун якчанд гектар замин доранду деҳқониву боғбонӣ мекунанд. Онҳо натанҳо эҳтиёҷи оиларо бо сабзавоту мева, ғалладонаву ангур, маҳсулоти паррандаву чорво таъмин мекунанд, балки қисми зиёдатиашро ба бозор мебароваранд, ҳатто ба давлатҳои хориҷӣ экспорт мекунанд. Дар ин хусус намангониён низ фаъоланд.
Оид ба истифодаи самараноки замини наздиҳавлӣ ва соҳибкорӣ оилаи Муяссар Парпиеваро, ки дар ноҳияи Янги Намангони маҳаллаи Янги замин зиндагонӣ мекунанд, мисол овардан мумкин. Аъзоёни оила асосан бо гулпарварӣ машғуланд. Вақте ки ба ин хонавода меравед, дар ҳавлӣ ҷойи холӣ намебинед. Ғайр аз гулзарфу гулхонаҳо дар гармхона низ гулҳои рангоранг шукуфта меистанду ба дилҳо завқ мебахшанд.
– Мо асосан дар хона бо гулпарварӣ машғулем, – мегӯяд соҳибхона. – Даромади оилаамон асосан аз парвариши гул. Соли гузашта 140 миллион сӯм даромади соф гирифтем. Дар 3 гармхона зиёда аз 130 навъи гулро бо усули қаламча парвариш мекунем. 18 сол аст, ки дар фестивали гул иштирок дорем. Дар иди гулҳо нафақат аз вилоятҳои ҳамсоя, балки аз хориҷ низ шайдоёни гул меоянд. Соли ҷорӣ низ боз якчанд навъи гули ноёбро ба иштирокчиёни фестивал пешкаш менамоем.
20 нафар занони маҳалла ба мо дастёр. Онҳо низ бо меҳнати ҳалолашон ба буҷаи оилаашон ҳиссаи худро мегузоранд.
Барои маълумот гуфтан мумкин, ки дар хонаводаи намангониён зиёда аз 1,5 ҳазор навъи гул парвариш карда мешавад. Онҳо ба атроф нафақат зебоӣ мебахшанд, балки ба мустаҳкамшавии иқтисодиёти вилоят низ ҳиссаи худро мегузоранд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.