Дар доираи сафари давлатӣ ба Фаронса мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо шаҳрдори шаҳри Париж Анн Идалго баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат роҳбари давлати мо шаҳрдори пойтахти Фаронсаро бо баргузории бомуваффақияти Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпӣ самимона табрик гуфта, инчунин барои ба яке аз кӯчаҳои Париж гузоштани номи Самарқанд изҳори сипос кард.
Анн Идалго дар навбати худ ба раҳбари Ӯзбекистон барои кӯмак дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои олимпӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар мулоқот бо қаноатмандии амиқ таъкид гардид, ки сафари кунунии Президенти Ӯзбекистон натиҷаҳои таърихӣ ба бор оварда, муносибатҳои гуногунҷанбаи байни ду кишварро ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошт.
Масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои амалӣ ва табодули таҷриба байни Тошканд ва Париж дар асоси созишномаи қабулшуда баррасӣ шуданд.
Сухан дар бораи мубодилаи таҷриба дар соҳаи банақшагирии шаҳр, эҷоди минтақаҳои сабз, рушди нақлиёти ҷамъиятӣ, рақамисозӣ, инчунин модернизатсия ва истифодабарии устувори коммуникатси шаҳрӣ меравад.
Илова бар ин, масъалаҳои баргузории мутақобилаи намоишгоҳҳои муштарак, рӯзҳои фарҳанг ва санъат, инчунин ҷашнвораҳои сайёҳии гастрономӣ баррасӣ шуданд.
Дар анҷоми мулоқот маросими расмии номгузории яке аз кӯчаҳои Париж ба номи Самарқанд баргузор гардид.
Роҳбари давлати мо ва шаҳрдори Париж ба ҳуҷҷати муштарак дар бораи ба сифати меҳмони фахрӣ дар шаҳри Париж будубош доштани Президенти Ӯзбекистон имзо карданд. Ин шаҳодатномаи хотиравӣ дар фонди музейии шаҳрдорӣ ба намоиш гузошта мешавад.