Барномаи сермазмуни сафари давлатии таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Фаронса ба поён расид.
Ҳангоми будубош дар шаҳри Париж роҳбари давлат бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфтушунидҳои самаранок анҷом дод.
Дар натиҷаи саммит Эъломияи муштарак оид ба барқарорсозии муносибатҳои шарикии стратегӣ қабул гардида, бастаи муҳими созишномаҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расид.
Роҳбари кишвари мо дар кори суҳбати “мизи мудаввар” бо роҳбарони ширкатҳои пешбари тиҷоратӣ, бонкҳо ва созмонҳои Фаронса иштирок намуд. Дар натиҷа, Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва инноватсия қабул шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои мушаххасро бо маблағи 6,5 миллиард евро пешбинӣ мекунад.
Барои саҳми бузург дар рушди ҳамкории дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Ордени Легиони фахрӣ – баландтарин мукофоти Ҷумҳурии Фаронса сарфароз гардонда шуд.
Дар доираи сафари давлатӣ мулоқотҳо бо Раиси Маҷлиси миллии Фаронса Яэл Браун-Пиве ва шаҳрдори Париж Анн Идалго баргузор гардиданд. Ҳамчунин, маросими номгузории яке аз кӯчаҳои Париж ба номи Самарқанд доир шуд.
Дар музокирот бо директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле дурнамои рушди ҳамкории минбаъда ва масъалаҳои омодагӣ ба 43-юмин иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, баррасӣ гардиданд.
Пас аз анҷоми чорабиниҳои сафар дар фурудгоҳи байналмилалии “Орли” роҳбари Ӯзбекистонро вазири варзиш ва ҷавонони Фаронса Мари Барсак ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Роҳбари давлати мо ба шаҳри Тошканд баргашт.